logo

мулоқотҳо

Тоҷикистону Афғонистон: ҳамкориҳои судманд тавсеа меёбанд

17 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Аргандеволро  ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистону  Афғонистон ва рушду тавсеаи он   баррасӣ   шуданд.
Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  зимни сӯҳбат изҳор дошт, ки  «дар тайи чанд соли охир роҳу усулҳои равобити Тоҷикистону Афғонистон ба куллӣ такмил ёфта, соҳаҳои ҳамкории мутақобилан  судманд тавсеаи бештар пайдо кардаанд ва мо умедвор аз онем, ки  ҳар ду ҷониб дар оянда низ барои рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ талоши бештаре менамоянд».
Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика,  аз ҷумла бунёди хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва татбиқи  амалии лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи  КАСА -1000, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ пуштибонӣ мешавад, барои ду давлати ҳаммарз ҳамчун  омили муҳими пешбарандаи иқтисодиёт арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки  Тоҷикистону Афғонистон  аз татбиқи ин лоиҳа манфиати зиёде хоҳанд дид.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба нақши транзитии Тоҷикистону Афғонистон дар минтақа,  бунёди корхонаҳои муштарак  ва нерӯгоҳҳои барқи обии гуногуниқтидор, татбиқи лоиҳаҳои бунёди хатҳои байнидавлатии интиқоли нерӯи барқ, сохтмони роҳҳои оҳан, инчунин доир ба  гузаронидани Форуми тиҷоратии муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон дар шаҳри Душанбе  мубодилаи   афкор  сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1036
24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКОБОД ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

12.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед