logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

Sputnik. Ба нишонии котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъватнома ҷиҳати иштироки нозирони байналмилалӣ аз АБД ИДМ дар назорати омодагӣ ва баргузории интихоботи президентӣ омад.
Ба наздикӣ ҳайати гурӯҳи нозирон аз ҳисоби намояндагони парлумон - иштирокдорони АБД ИДМ, кормандони котиботи Шӯрои АБД ИДМ ва коршиносон, ки дар назорати интихобот иштирок хоҳанд кард, муайян мегардад.


МОСКВА ВАҚТИ ОҒОЗШАВИИ ПАРВОЗҲО БА ДУШАНБЕРО БАРРАСӢ ДОРАД
Sputnik. - Россия масъалаи барқарорсозии парвозҳо ба пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муҳокима мекунад, - хабар дод “Интерфакс” аз қавли манобеи огоҳаш.
«Моҳи октябр аз сар гирифтани парвозҳо дар назар аст. Феълан, сухан дар бораи оғози парвозҳо ба Нурсултон, Тошканд, Душанбе, Боку, Ереван ва ғайра меравад”, - изҳор дошт манбаъ. Интизор меравад, ки нахустин парвозҳо аз Москва ба Минск роҳандозӣ мешаванд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Россия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён дошта буданд.


ДАР ДУНЁ НАЗДИКИ 370 ЖУРНАЛИСТИ 47 КИШВАР АЗ COVID-19 ФАВТИД
АИР Новости. "Аз ибтидои моҳи март дар 47 давлати дунё 366 рӯзноманигор қурбони коронавирус шуд",  - хабар додааст созмони ғайриҳукуматии Press emblem campaign.
Зикр меравад, ки ҳафтаҳои охир вируси нав, махсусан, дар Ҳиндустон шадидан хуруҷ кардааст ва он ҷо беш аз 20 хабарнигор ҷон бохт.
Зимни ин, теъдоди фавти кормандони ВАО аз COVID-19 дар давраи моҳҳои июл – август ду маротиба афзуд. Шумораи бештари қурбониёни вируси нав дар Перу (82), Эквадор (40, Ҳиндустон (36) ва Бангладеш (31 нафар) ба қайд гирифта шуд. Дар Россия бошад, 5 нафар.


ШУМОРАИ БЕМОРОНИ COVID-19 ДАР СЕ КИШВАРИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АФЗОИШ МЕЁБАД
Форс. Дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон гирифторони коронавирус зиёд мешаванд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, то 16 сентябр аз вируси нав дар мамлакат 47042 нафар сироят ёфта, аз ин миён 43511 тан сиҳат шуд, 400 беморро табибон наҷот дода натавонистанд. Алъон 3143 мариз таҳти муолиҷа қарор дораду ҳолати 706 нафар вазнин аст.
Дар Қирғизистону Қазоқистон мутаносибан 44928 ва 106729 ҳодисаи гирифторӣ ба  COVID-19 тасдиқ шудааст. Бишкек аз фавти 1063 ва Нурсултон аз марги 1634 нафар хабар медиҳанд. Ҳамзамон, табибони қирғиз 41023 ва қазоқ беш аз 100 ҳазор маризро муолиҷа кардаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 293
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед