logo

Хабарҳо

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

Форс. Ӯзбекистон аз 1 октябр маҳдудияти вуруд ва хуруҷро дар бахшҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ бо риояи муқаррароти карантин ва беҳдоштӣ лағв мекунад.
Ашхосе, ки аз тариқи гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон ба ин кишвар ворид мешаванд, пас аз тести коронавирус 14 рӯз дар меҳмонхонаҳо карантин хоҳанд шуд.
Парвозҳоро низ ба дараҷаҳои “сурх”, “зард” ва “сабз” тақсимбандӣ карданд ва шаҳрвандони кишварҳои “сабз” амсоли Чин, Таиланд, Малайзия, Ҷумҳурии Корея, Гурҷистон, Маҷористон, Финляндия, Латвия, Австрия ва Ҷопон метавонанд бидуни маҳдудият вориди Ӯзбекистон шаванд.
Мардуми кишварҳои гурӯҳи “зард”, монанди Озарбойҷон, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ғайр аз Англияву Испания ва низ манотиқи «сурх», ки соири кишварҳои ҷаҳонро бо шарти надоштани бемории коронавирус фаро мегирад,  иҷозати вуруд гирифтанд.


КОРШИНОС ЗАРАРИ КОРОНАВИРУС БА ИҚТИСОДИ ҶАҲОНРО МУШАХХАС ГУФТ
 Les Echos. «Иқтисоди ҷаҳонӣ то охири соли оянда аз таъсири пандемия $7 триллионро талаф медиҳад»,- изҳор дошт сариқтисодшиноси Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ  Лоранс Бун.
Ба ақидаи мавсуф, иқтисоди глобалӣ на ба суръате барқарор мешавад, ки қаблан тасаввур мерафт. Коршинос мутмаин аст, ки бо COVID-19 боз моҳҳои зиёд зистан рост меояд, ки ин баргашти зуди иқтисодро ба нишондиҳандаҳои тобуҳронӣ истисно мекунад.
Иқтисоддон афзуд, ки, агар баъзе кишварҳо дастгирии буҷетиро қатъ созанд, вазъият боз ҳам печидатар мегардад.


АСОСГУЗОРИ DUTY FREE ТАМОМИ МИЛЛИАРДҲОЯШРО ХАЙР НАМУД
Forbes. Асосгузори ширкати мазкур Чак Фини ҳар маблағеро, ки тӯли умри бобарораш ҷамъ овард, сарфи эҳсонкорӣ намуд.
Ба гуфтаи Фини, ӯ ду миллионро барои худ ва завҷааш гузошту боқӣ ҳама пулро хайр кард. Дар тӯли 40 сол корчаллон ба созмонҳои хайриявӣ ҳашт миллиард доллар гузаронд.
Мавриди зикр аст, ки Фини ва ҳамсараш рӯзгори басо хоксорона доранд. Онҳо дар хонае дар Сан-Франсиско зиндагӣ мекунанд, ки хобгоҳи донишҷӯёнро ба хотир меорад.


ДАР АВСТРАЛИЯ БАРОИ НОБИНОЁН ЧАШМИ БИОНИКӢ СОХТАНД
REGNUM. Табибони австралиягӣ ба озмоиши клиникии низоми сунъии биноӣ, ки тӯли даҳ сол офариданд, омодагӣ мегиранд.
Офаридаи олимони Донишгоҳи Монаши Мелбурн бо номи Gennaris аз сарпӯши махсус ё айнак иборат аст, ки ба он видеокамера, протсессор ва ноқили бесим насб мешаванд.
Қисми дуюми асбоб минидатчикҳои бесими электронӣ мебошанд, ки дар болои қишри мағзи сар ҷойгир мегарданд. Сигналҳои видеокамера баъди коркард ба датчикҳо меоянд, ки онҳоро ба ангезаҳои барқӣ табдил медиҳанд. Истифодаи технологияи нав метавонад ҳатто нобиноҳоеро бино кунад, ки дар натиҷаи осеби асабҳо аз дидани дунёи рӯшан маҳрум шудаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 387
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед