logo

Хабарҳо

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

Коршиносони коллеҷи шоҳии Лондон пас аз таҳлили маълумот доир ба аломатҳое, ки дар 1,6 ҳазор бемор мушоҳида мешуданд, ба чунин хулоса расиданд, - навиштааст "Sky News".
Тавре олимон муқаррар намуданд, мавҷудияти аломати муайян метавонад минбаъд сабук ё вазнин ҷараён гирифтани бемориро нишон диҳад. Дар ҳамин асос олимон шаш гурӯҳи гирифториро муқаррар карданд.
Се шакли аввалро онҳо шартан сабук ҳисобиданд, зеро дар ин маврид танҳо ба 1,5 - 4,4 дарсади маризон ёрии респираторӣ зарур шуд. Миёни аломатҳои ду шакли аввали «зукоммонанд» дарди сару гулӯ, сулфа ва эҳтимоли гум кардани эҳсоси таъмро ном бурданд. Зимни шакли якум бемор, ҳамчунин, метавонад дар мушакҳову сари дил дард ҳис кунад. Ба шакли дуюм ҳарорати баланд, хирригӣ ва гумшавии иштиҳо хос аст. Дар шакли сеюми «меъдаю рӯдагӣ» коронавирус аз худ асосан бо диарея (дарунравӣ) ва гумшавии иштиҳо «хабар» медиҳад.
Шаклҳои минбаъдаи сироятро олимон вазнин мешуморанд. Чоруми он боиси беҳолию хастагии доимӣ, таби баланд, сардардӣ, дарди сари дил, гумшавии иштиҳо, сулфа ва хирригӣ мегардад. Панҷумаш ин аломатҳоро такрор мекунад ва ба онҳо аз ҳуш рафтан, дарди гулую мушакҳо зам мешавад.
Шакли аз ҳама вазнин шашум буда, ғайр аз ҳама аломатҳои зикршуда нафастангӣ ва дарди шикам низ беморро азият медиҳанд. Беш аз 50 дарсади маризони гурӯҳи шашум бояд дар беморхона табобат ёбанд, аз миёни ашхоси гурӯҳи якум бошад, ҳамагӣ 16 дарсад дар беморхона бистарӣ мешаванд.
Коршиносон мутмаинанд, ки муқаррарсозии шаклҳои COVID-19 дар мубориза бо вируси нав басо муҳим буда, ба табибон имкон медиҳад, хатари вазниншавии аҳволи беморро сари вақт муайян ва пешгирӣ кунанд. Ҳамзамон, бинобар маълум набудани вақти дастрасшавии ваксинаи коронавирус ва баробар омадани хуруҷи мавсимии зуком ва мавҷи дуюми он олимон аз зуком эмкунии шаҳрвандонро зарур мешуморанд.

Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 397
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед