logo

иқтисод

ВАНҶ. ХАЗИНАИ ТАБИИИ ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари навбатии кориашон  ба шаҳру навоҳии Бадахшон таъкид намуданд, ки  сарватҳои бебаҳои Тоҷикистони   биҳиштосоямон - киштзор, боғистон, ҷангалистон, гулу гиёҳҳо, рустаниҳои домони пуштаҳо ва дараву марғзорро  мебояд чун гавҳараки чашм муҳофизат намуд.  Роҳбари давлат  дар  мулоқот бо табибон дар Рӯзи кормандони  соҳаи тиб дар ин хусус  мулоҳизаҳои худро баён дошта, дастур доданд, ки корхонаҳои дорусозӣ бунёд намуда, аз неъмати нодири кӯҳистон, аз ҷумла Помир, дору тайёр шавад.
Олимони Институти биологии Помири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  кормандони боғи ботаникии шаҳри Хоруғ ва  минтақаҳои  саҳроии илмӣ - таҷрибавии мавзеъҳои Роғак ва Ҷангали Зугои ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, инчунин гиёҳшиносон тадқиқот  ва таҷриба   гузаронда, исбот намудаанд, ки саросари Бадахшон   аз соҳили рӯди Хингов, яъне аз деҳоти Сағирдашти  ноҳияи Дарвоз сар карда, то водиҳои  Ванҷи Боло ва Язгуломи ноҳияи Ванҷ, Бартанги ноҳияи Рӯшон  водиҳои Ғунду Шоҳдара ва Ғорону  Вахони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъаву  Ишкошим ва  минтақаҳои дурдас-ти  ноҳияи  баландкӯҳи Мурғоб  мавзеъҳои пур  аз гиёҳҳо ва рустаниҳои шифобахш мебошанд.
Дар ин мавзеъҳои табиати нодирдошта  на танҳо миёни анбӯҳи дарахтону буттаҳои  ҷангалистонҳо ва бешазорон, балки  дар  дара ва марғзорон,  алафзорони  пуштакӯҳҳо,  тагдаштҳо ва терескензорони биёбонҳо ва нимбиёбонҳои Помири шарқӣ гиёҳҳо ва рустаниҳои шифобахш зиёд мерӯянд.  Боиси ифтихор аст, ки ҷаҳонгардони хориҷӣ на танҳо мафтуни табиати нотакрори "Боми ҷаҳон"-и тоҷик мегарданд, балки ба рустаниҳо ва гиёҳҳои нодири Бадахшон ба қавли Президенти кишвар сарзамини зебо ва пурасрор  мароқи зиёде зоҳир менамоянд.
Олимони табиатшинос  мегӯянд, ки аз ҳама бештар гиёҳҳои дармонбахши  беҳтарин дар дуриҳои Пои Мазору Раваки водии Ванҷи Боло, мавзеъҳои  Жафаку Ақзови водии Язгулом, домони ағбаи Хобу Рубот, Сафедорону Сари Оби  водии Вахёи ноҳияи Дарвоз, подомони кӯли Сарези водии Бартанги ноҳияи Рӯшон, Ванқалъаву Ҷелондеҳи музофоти Ғунди ноҳияи Шуғнон, инчунин  мавзеъҳои дурдасти баландкӯҳи водиҳои Шохдара ва Вахони ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим  хуб мерӯянд ва  нашъунамо  меёбанд.
Ба гуфтаи  табиатшинос Мададбек  Неъмонов, мавсими ҷамъоварии гиёҳҳои зира, гулхор, зелол ва гиёҳҳои шифобахш охирҳои фасли тобистон сар мешавад. Баъзе хонаводаҳо дар мавсим садҳо кило зира, гулхор, зелол ва ангат   ҷамъоварӣ мекунанд. Ҳангоми  ҳосилғундорӣ  мардуми деҳнишин  кӯшиш мекунанд, ки ба решаи гиёҳу рустаниҳои шифобахш  осебе  нарасонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём  ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба саҳми шоистаи бонувон баҳои баланд дода, зикр намудаанд: «Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доимо дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд». Яке аз чунин занони ташаббускору боҳиммат   сокини деҳаи Ғуҷовасти деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ шодравон  Васила Ғафурова  буд.
Васила Ғафурова ва як гурӯҳ занони водии Ванҷи Боло ба хотири ҳифзи ҷангалзор чормағззорону ангатзорҳо  ташаббус нишон дода, пеши роҳи зиёнкорон, несткунандагони  олами наботот ва ҳайвонотро гирифтанд.  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Ванҷ ва дигар идораву муассисаҳои  ба муҳофизати боигариҳои табиат масъул низ ин иқдоми ватандӯстонаи бонувони деҳнишинро дастгирӣ карданд. Дар натиҷа се - чор сол нагузашта ниҳолони чормағз,  буттаҳои ангат, зелолу гулхор аз зарби табар эмин монда,  нашъунамо ёфта, ба баҳра даромаданд.
Бонуи соҳибкори боирода Васила Ғафурова ва дугонаҳояш аз деҳаҳои  Ғуҷоваст, Ширговад, Мудехарв, Вишхарваку Ғӯмаст   чормағз ва ангатро чида равған  тайёр мекарданд. Азбаски сол ба сол талабгори  равғани ангату чормағз  зиёд гардид, зарурат пеш омад, ки истеҳсоли  саноатии  ин маҳсулот ба роҳ монда шавад. Дар амалӣ гардидани ин мақсади наҷибонааш  Васила Ғафурова  аз ҷониби Пешвои миллат дастгирӣ ёфт. Ин бонуи боирода   корхонаи коркарди  равғани чормағз ва ангатро дар деҳаи Ғуҷоваст созмон дод ва корашон равнақ ёфт.
Аз ҳама воқеаи хурсандибахши ҳаёти Васила Ғафурова он буд, ки зимни сафари кории моҳи июли соли 2015 анҷомдодаашон  ба водии Ванҷи Боло  Пешвои миллат дар расми мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли равғани ангат ва чормағзи ин бонуи соҳибкор иштирок карданд. Миёни мардуми деҳоти водӣ Пешвои миллат гуфтанд: «Имрӯз мо дар деҳаи Ғуҷоваст коргоҳи коркарди ангати соҳибкори заҳматдӯст Васила Ғафуроваро ифтитоҳ намудем, ки солҳои тӯлонӣ ба ҷамъовариву истеҳсоли равғани  дармонбахши ангат машғул мебошад. Маводи офиятбахшу малҳамҳои омодакардаи ӯ имрӯз ҳам дар қаламрави ноҳия ва ҳам дар манотиқи дигари кишвар харидор доранд».
Ин баҳои баланди Пешвои миллат ба бонуи ташаббускор Васила Ғафурова ва занони ҳамкораш рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Аммо сад афсӯс, ки ин бонуи  дармонбахши дардҳои мардум вафот кард. Хушбахтона фарзандон ва бонувони ҷавони шогирдаш  кору пайкори ӯро идома дода истодаанд. Алҳол таҷрибаи  пурқимати  Васила Ғафуроваро дигар бонувони Ванҷи пурганҷ пайгирӣ менамоянд. Онҳо боигариҳои бебаҳо ва нодири табиати диёри азизашон - Помирро  то ҷое шароит ва имконият доранд,  ҷамъ оварда, пешкаши мардум, пеш аз ҳама маризон мегардонанд ва дар ҳифзи неъматҳои бебаҳо саҳмгузорӣ менамоянд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2020    №: 182 - 183    Мутолиа карданд: 326
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед