logo

фарҳанг

ФОРМУЛАИ ФАЛСАФАИ МАВЛОНО ДАР ҒАРБ

Саволе, ки зеҳнҳоро таҳрик медиҳад, ин аст: ба кадом хотир дар сӣ соли охир Мавлоно дили ҳазорон ғарбиёнро волаву шайдо карда? Мавлоно дар ҷазби дилҳо ҳатто аз Хайём ҳам, ки замоне аз писандидатарин шоирони мағрибиён буд, гузашт. Худи онҳо мегӯянд, ки мо чанде аз формулаи фалсафаи Мавлоноро бозкушоӣ кардаем. Ин то кадом ҳад дуруст ва формулаи Мавлоно кадом аст?

МАДОННА ҲАМ МАВЛОНОХОН АСТ
Мардуми Аврупову Амрико нахуст дар маҳдудаҳои фарҳангӣ мавлонохонӣ мекарданд, баъдтар шеърҳои ошиқонаи шоир тавассути садову симо, интернет ва фиттаҳо ба бозори бузург роҳ ёфт. Чун Мадонна сарояндаҳои маъруф шеърҳои ӯро оҳанг баста, барои ҷалби мухлисонашон, ки аслан кешу насаб ва дину оинҳои мухталиф доранд, истифода мебаранд. Медонем, ки ҳоло масъалаи шиканҷа ба қавмҳои дигар, барои эътиқодашон, расму оин ва ҳатто пӯсташон идома дорад. Аммо Мавлоно ин ҳама тафриқаҳоро барҳам мезанад ва паёме дорад, ки умумибашарист. Ба қавли Иброҳими Озодемир: «Мавлоноро набояд ҳамчун як мусулмони одӣ, ҳинду, буддоӣ ё насронӣ хонд. Ӯ фаротар аз табақаҳост. Ӯ тавонист, ки ба як инсони комили ормонӣ табдил ёбад. Чунин инсонҳо барои ба ҳам овардани сарҳадоту фарҳангҳо ҳамеша сабқат меҷӯянд ва ба кулли инсоният дастрас мешаванд».

САБАБИ МАҲБУБИЯТ
Вақте иттилоъ мегиред, ки ашъори ӯро роҳибони калисову куништҳо, парастишгоҳҳои яҳудиён ҳангоми вазъ мисол меоранд ва дар марказҳои ҳунарии Ню-Йорку Лос-Анҷелос ровиёну эҷодкорон бо эҳсос қироат мекунанд, ҳатман сабаб мепурсед. Шаҳром Шево, яке аз пажӯҳишгарони форсизабони муқими Амрико барои ҷавоб ёфтан ба ин савол маҳфили вижа таъсис дод ва дар байни ошиқони Мавлоно пурсишномаеро тақсим кард. Пас аз ин, тамоми посухҳоро ҷамъ овард ва онҳоро ба нуҳ гурӯҳи муштаракмаъно тақсим кард, ки инҳоянд:

1. Мавлоно - шоири интеллектуал. Мутафаккири ҷаҳондидаву одамшинос ба завқу салиқа ва фаҳмишу ҷаҳонбинии ақвом такя карда, паём мерасонад. Дар осораш касеро аз касе ё чизеро аз чизе бартар намегузорад. Ҳарфи ӯ чун Офтоб ба ҳама баробар равшаниву нур меафканад ва дилҳоро баробар тасхир мекунад. Масалан, пиле худро дар оби соф медиду ба ҳарос меафтид. Мепиндошт, ки аз дигаре мерамад, аммо намедонист, ки аз зуд гурез дорад. Ин ҷо аз касеву чизе мушахассан ёд намешавад ва ҳикоя тамсилист. Аммо мазмун домани фарохе дорад. Яъне, мо хулқу хӯи зишти дигаронро дида, аз он мепарҳезем, аммо бадиву нохубиҳои худи мо дар мо наметобад.
2. Гуногунмаъно. Хонандагони амрикоӣ пай бурданд, ки осори Мавлоно ҳар қадар якмаънову якравиш метобад, ҳамон қадар гуногунмаънову гуногунсамт аст. Шавқи онҳоро ин ҷанбаъ бештар бедор кард.
3. Ваҳдат. Ваҳдате, ки намояндагони на танҳо касбу кор ва тафаккури гуногун, балки дину мазҳабҳои мухталифро ба ҳам овард, боиси ҳайрати аҳли маҳфил шуд ва маълум гардид, ки яке аз калидҳои дигари формулаи шоир ҳамин ваҳдат аст.
4. Дӯст. Шоир бо ҳар касе аз зовияи андешааш суҳбат меорояд. Маънову мазмун ва ормону ҳасратҳоро таҳмил намекунад, балки чун ҳамдарду ҳамдам байни дилҳо тақсим мекунад. Аз ин сабаб, вақте савол шуд, ки Мавлоноро ба унвони кӣ мепазиред, ҷавобҳо қариб, ки яксон буданд: «Дӯст, бале, Мавлоно дӯсти мост!».
5. Сулҳ ва шафқат. Аз мутолиаи осори Мавлоно хонандагон бештар сулҳу оромиш ва ҳисси раҳму шафқат дарёфтанд ва тасдиқ мекарданд, ки чандест аз ин ҳисҳои наҷиб дуртар афтода будем.
6. Ишқ. Кушоиши гиреҳи аксари масоилро шоир аз ишқ меҷӯяд. Ба ин ҷиҳати масъала бештари мухлисон таваҷҷуҳ карда, дар ниҳоят ба хулосаи аҷиб омаданд: «Мавлоно медонад, ки ҳисси дӯстдорӣ барои башар яксон аст. Вақте дӯст доштӣ, дигар ҳусну ҷамол, дороӣ, қавму қабила, ранги пӯст, забон ва эътиқод камранг ва ҳатто беаҳамият мешаванд ва танҳо ишқи пок мемонад, ки аз унсурҳои меҳварии офариниш аст».
7. Пуле миёни динҳо. Албатта, шояд мардуми Мағриб камтар огоҳанд, аммо моро маълум аст, ки шуҳрати шоир ҳанӯз дар замони рӯзгораш вирди забони ҷаҳониён шуда буд. Ӯ буд, ки ҳар ҳафтае як рӯзи муайян ба калисо, масҷиду куништу ибодатгоҳҳои ақвоми дигар мерафт, бо онҳо улфат мегирифт ва бо фалсафаи вижаи худ мефаҳмонд, ки роҳи ҳамаи мо ба як самт аст, ба сӯи ваҳдат ва ягонагӣ. Зеро он замон Қуния маркази аксари адён ва Туркия аз қарибтарин кишварҳои қитъаи Аврупо буд. Пас, аз ҳамон замон то ҳол осори пурэъҷози ӯ пайвандгари дину оинҳост. Ҳоло ҳам маҳз ошиқони мағрибии Мавлоно ба мусулмонон назари дигар доранд ва ба эшон дари лутфу марҳамат гушодаанд.
8. «Шеърро дӯст намедорем, аммо…». Андешаи гурӯҳи дигар чунин буда: «То замоне, ки бо Мавлоно ошно шудем, дар андешаи шеър набудем, ростӣ, шеър писандамон набуд. Аммо шеъри ӯ завқи моро тарбия кард.
9. Ҳидоятгари беҳамто. Мутолиакунандагони Мавлоно баъди тадриҷан ба ҷаҳони андешаҳои ноб шомил шудан, ба хулосаи боз ҳам накӯтар расиданд. Ба андешаи онҳо, Мавлоно аввал ҳамчун дӯст, ошиқ, ҳамсоя ба дилҳо раҳ меёбад ва дар поёни қисса маълум мешавад, ки дар ҳарими ҷонҳо ҳидоятгари бузурге меҳмон шудааст.
Аз ин посуху хулосаҳо пайдост, ки хонандагони ғарбӣ формулаи фалсафаи Мавлоноро ба дурустӣ бозкушоӣ кардаанд ва месазад, ки тарғибу ташвиқ шавад.
Яке аз пажӯҳишгарони шоир Талет Ҳолмэн, ин ҳама шӯридагиву шайдоии ғарбиёнро ба унвони «Фасли Мавлоно» муаррифӣ кард. Ба ақидаи ӯ, ҳар як андеша, ки тавассути таҳаммул ва оромиш дилҳоро аз ҷо мебарад, андешаҳоро нав мекунад, ба ҷойгоҳи муқаддаму муқаддаси инсон дар ҳастӣ ишора дорад, лоиқи ситоиш ва хонишу омӯзиш аст.

Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.102020    №: 192    Мутолиа карданд: 451
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед