logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

Ҷумъагул НАЗАРОВА ва Ҳотами ҲОМИД – ғолибони рубрикаи навбатӣ
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе»   ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон  Ҷумъагул Назарова, сокини шаҳри Ваҳдат ва Ҳотами Ҳомид, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ғолиб дониста шуданд.

МУАММОИ «КӢ МЕДОНАД?»
1. Файласуф  ва олими Юнони Қадим. 2. Шеъри
М. Турсунзода. 3. Фасли сол. 4. Пиёла, паймона, ҷом.
5. Кӯл дар  Россия. 6. Андози  давраи  амирӣ. 7. ...-и Арагон, адиби  машҳури Франсия. 8. Қаҳрамони  повести С. Улуғзода. 9. Мафҳуми хешутаборӣ. 10. Истилоҳи илми  математика. 11. Асбоби дуредгарӣ. 12. Математик ва механики Юнони Қадим. 13. Ноҳия дар Тоҷикистон.
14. Дарё дар Россия. 15. Яке аз чор қутби олам.
16. Муродифи дил. 17. Собиқ  пойтахти ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ. 18. Сайёраи Тир (Меркурий).
19. Фурудгоҳ дар шаҳри Москва. 20. Собиқ президенти АМИ  Тоҷикистон. 21. Ҳарфи алифбои ниёгон.
22. Бародарон бо арабӣ. 23. Миллат. 24. Шаҳр дар Тоҷикистон. 25. Шумораи миқдорӣ. 26. Металли қиматбаҳо.
27. Гетӣ, дунё. 28. Котиб, хушнавис. 29. «Танашро дода бо пероҳани абрешимин ...» (М. Турсунзода). 30. Истилоҳи илми ҳандаса. 31. Ҳуҷҷати расмӣ – коргузорӣ. 32. Паранда.  

Мураттиб  Ҳ. САИДАҲМАД,  сокини шаҳри Душанбе

Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки дар пешниҳоди ҷавобҳо Ҷӯрабеки Мумин, Собир Розиқов ва Саид Каримов аз ноҳияи Файзобод, Қобилҷон Одинаев, Муинҷон Холиқов, Саидқул Саидов, Фаёз Нуров, Абдурозиқ Нурзода ва Зарафшон Олимов  аз ноҳияи Айнӣ, Шукрона Ҳуҷамқулова ва Одина Давлатов аз шаҳри Душанбе, Займуддин Бадриддинов аз ноҳияи Рашт, Ҳизбулло Ашӯров аз шаҳри Исфара ва Судоба Холиқмуродзода аз ноҳияи Восеъ низ ширкати фаъол доштанд.

МУАММОИ «КӢ МЕДОНАД?»
1. Файласуф  ва олими Юнони Қадим. 2. Шеъри
М. Турсунзода. 3. Фасли сол. 4. Пиёла, паймона, ҷом.
5. Кӯл дар  Россия. 6. Андози  давраи  амирӣ. 7. ...-и Арагон, адиби  машҳури Франсия. 8. Қаҳрамони  повести С. Улуғзода. 9. Мафҳуми хешутаборӣ. 10. Истилоҳи илми  математика. 11. Асбоби дуредгарӣ. 12. Математик ва механики Юнони Қадим. 13. Ноҳия дар Тоҷикистон.
14. Дарё дар Россия. 15. Яке аз чор қутби олам.
16. Муродифи дил. 17. Собиқ  пойтахти ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ. 18. Сайёраи Тир (Меркурий).
19. Фурудгоҳ дар шаҳри Москва. 20. Собиқ президенти АМИ  Тоҷикистон. 21. Ҳарфи алифбои ниёгон.
22. Бародарон бо арабӣ. 23. Миллат. 24. Шаҳр дар Тоҷикистон. 25. Шумораи миқдорӣ. 26. Металли қиматбаҳо.
27. Гетӣ, дунё. 28. Котиб, хушнавис. 29. «Танашро дода бо пероҳани абрешимин ...» (М. Турсунзода). 30. Истилоҳи илми ҳандаса. 31. Ҳуҷҷати расмӣ – коргузорӣ. 32. Паранда.  
Мураттиб  Ҳ. САИДАҲМАД,  сокини шаҳри Душанбе


ҶАВОБ БА ЧАЙНВОРДИ «ВАРЗИШ», АЗ 25 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020:
1. Вэйн; 2. Панкратион; 3. Гидер; 4. Бразилия; 5. Месси; 6. Шеффилд.

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!

Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


МИЛЛИАРДДОРИ ҚАШШОҚ
Хонаи зодмандонашро рӯбучину аз ҳар гуна лашу луш тоза мекард, ки ногоҳ аз  зери тахтаи фарсудаи остона чор санги аҷибранг ёфт. Ӯ дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон омӯзгор буд, сангҳои қиматбаҳоро мешинохт. Вақте ки сангчаҳоро бо оби гарм шуст, онҳо бо рангҳои арғувонӣ ва лоҷварди осмонӣ ба дурахш омаданд. Маълум гашт, ки онҳо лаъли ҳанӯз носуфтаи Бадахшон будаанд. Муаллим шод гашт, ки аз дасти муфлисӣ наҷот ёфт. Ба гавҳаршиносе бурд. Ӯ нархи ёқути аз ҳама калони 3600 қиротро 1,4 миллиард доллар муайян кард. Омӯзгори хушбахт ёқутҳоро ба музояда пешниҳод намуд. Вале ҳукумати Ҳиндустон сангҳои нодирро аз фурӯш боздошт. Ба муаллим фаҳмонданд, ки ёқутҳо бозёфти нодир буда, ба тамоми халқи диёр мансубанду боигарии фарҳангии кишваранд, аз ин рӯ, вай метавонад онҳоро нигоҳ дорад, вале фурӯхтан манъ аст. Омӯзгор бо дили хоҳам – нахоҳам сангҳои гаронбаҳоро ба сандуқи бонке барои нигоҳ доштан гузошт. Барои онҳо як дирам ҳам нагирифт. Ӯ алҳол дар кулбаи фақиронааш ба сар мебарад. Барои пардохти хонапулӣ ва хариди ғизо фарзандонаш, ки дар Амрико муҳоҷири меҳнатианд, маблағ мефиристанд. Дар сандуқи бонк бошад 1,4 миллиард доллар ба сурати санг хоб аст.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Дар рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - и саҳифаи «Шоми шанбе» алоқамандони каломи бадеъ ва дӯстдорони асарҳои мансур аз саросари кишвар ширкат варзида, дар пешниҳоди ҷавобҳо Шодӣ Раҷабзод аз ноҳияи Рӯдакӣ, Хурсандмурод Фақиров аз шаҳри Бохтар, Ҳумоюн Алибоев ва Азизахон Каримҷонова аз шаҳри Хуҷанд, Бобоҷони Нурзод аз ноҳияи Айнӣ, Умедҷон Юнусалиев аз ноҳияи Ашт, Мавзунахон Убайдуллоева, Ҳамидзода Зебуниссо, Хайриниссо Ҷонмардова ва Ситора Каримова аз шаҳри Душанбе, Субҳон Ёдгорӣ ва  Гавҳар Ҳамроева аз шаҳри Исфара, Муминзода  Маҳваш аз ноҳияи Файзобод, Аҳлиддин Бобоҷон аз шаҳри Истаравшан, фаъол буданд.
Ин навбат тибқи хулосаи доварон ғолибият насиби РАҶАБЗОДА АБУБАКР, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гардид.
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои сайқал ёфтани малакаи зеҳнии Шумо таҳия шуда, аз Шумо ва барои шумост. Дар он ширкат варзида, донишу ҷаҳонбинии худро бисанҷед.
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Пас аз андаке боз ҳамон ҳамсуҳбати аввалаам ба гап даромад.
- Ту дуруст, ҳар чӣ бошадам барои худатро халос кардан гурехтӣ, дасту по задӣ, ҳаракат кардӣ. Аммо ман бошам бо пои худам ба кӯшишхона омадам, ки худам ҳам надониста мондам. Ҳеҷ набошад ту хуб гиристӣ, дилатро холӣ карда гирифтӣ, дар дилат армонат намонд, - гуфт ба ман.  
* * *
Майдабофӣ кард модар, шуста тори кокулат,
Тахтапуштат парниёнпӯш аз қатори кокулат.
Боғи ҳуснат гул кунад ҳар рӯзу ҳар соат, чӣ хуш,
Чунки омад мавсими авҷу барори кокулат.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 28 августи соли 2020:
Фотеҳ Ниёзӣ,
Умари Хайём.
Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


ЭҲТИЁТ
БА ИМА "КИНДЕР" НАБАРЕД, ВАГАРНА…
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико агар аз дигар кишвар барои кӯдакон «киндер-сюрприз» ё дигар маҳсулоте, ки дар дохилаш бозича дорад, бурда шавад, шахси интиқолдиҳандаро 300 доллар ҷарима ё маҳрум шудан аз ҳуқуқи волидайнӣ таҳдид мекунад. Зеро қонунгузории ИМА дар дохили ғизо ҷой додани ашёи бегонаро иҷозат намедиҳад.
Таҳияи Б. ҶӮРАЕВ


БЕРНC
Яке аз шоирони маъруфи шотландӣ Роберт Бернc нақл мекунад, ки ҳангоми тамошои соҳили дарё шоҳиди воқеаи аҷибе шудааст. Ӯ бо чашмони худ мебинад, ки чи тавр як батраки пойлуч бедудилагӣ худро ба об андохта, аз миёни мавҷи пуртуғёни дарё сарватманди маҳаллии ғарқшудаистодаро ба соҳил бароварда, наҷот медиҳад. Сарватманд чун ба худ меояд ва ҳис мекунад, ки дар ҷои бехатар аст, аз кисааш як тангаи мисӣ бароварда, ба батрак, ки ҷонашро наҷот дода буд, дароз мекунад. Мардуми зиёди ҷамъомада ин «ҳиммат»-и сарватмандро дида, мехоҳанд тела дода, аз нав ғарқаш кунанд, вале шоир пеши роҳи онҳоро гирифта, чунин мегӯяд:
- Ором шавед мардум, ин марди сарватманд қимати худашро аз мову шумо дида беҳтар медонад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ИШТИБОҲ ДАР ҲУКМИ ҚАТЛ
СУД БАЪД АЗ 21 СОЛ МУРДАРО САФЕД КАРД
Суди Олии Чин соли 2016 нафареро сафед кард, ки 21 сол қабл (соли 1995) бар асоси як ҳукми иштибоҳӣ ба қатл маҳкум шуда буд. Шахси кушташуда Не Шубиня буд, ки ӯро барои зӯроварӣ ва куштори як зан дар шаҳри Шисзянчжуан гунаҳгор дониста, бо вуҷуди норӯшан боқӣ мондани бис-ёр ҳолатҳо ба чунин ҷазои сангин маҳкум карданд.
Соли 2015 дар пайи боздошти марди 47 - солае асрори  ҳукми иштибоҳӣ кушода шуд. Ин мардро барои содир намудани ҷиноят дастгир карданд ва ӯ ғайриинтизор ба куштори зане, ки барои он Не Шубиня ҳукми қатл гирифта буд, иқрор шуд…
Ин ҳолат мақомоти судиро хиҷолатзада кард ва ба оилаи Не Шубиня 400 ҳазор доллари ИМА ҷуброн доданд. Инчунин, иштирокчиёни мурофиа аз пайвандони ӯ ба таври хаттӣ маъзарат пурсиданд.
Таҳияи М. МИРЗОЁН


ПАНДИ РӮЗГОР
ХАЙРУ САХОЕ, КИ БАЪД АЗ МАРГ ОШКОР ШУД
Қиссаи марди сарватманде, ки баъд аз маргаш дар миёни мардум соҳиби эҳтиром шуд, аҷиб аст. Ин мард, ки соҳиби дороии зиёд буд, фарзанд надошту танҳо бо ҳамсараш ба сар мебурд, вале зоҳиран ба касе хайр намекард. Дар муқобил қассобе дар шаҳр ба ниёзмандон гӯшти ройгон медод.
Рӯз ба рӯз нафрати мардум ба шахси сарватманд бештар мешуду амали қассоб боиси ситоиш. Мардум ҳар чи ӯро маломат мекарданд, ки дасти сахо боз кунад ва аз қассоб ибрат гирад, ба ҳарфашон гӯш фаро намедод ва дар ҷавоб мегуфт: «ҳоҷати шумо ба ман ҳеҷ рабте надорад, рафта аз ҳамон қассоб гӯшти ройгон гирифтан гиред».
Рӯзе шахси сарватманд бемор шуд. Касе ба аёдаташ нарафт ва дар ниҳояти танҳоӣ ҷон дод. Ҳамсараш ба танҳоӣ дафнаш кард. Аммо рӯзи дигар иттифоқи аҷибе дар шаҳр рух дод. Дигар қассоби «саховатпеша» ба касе гӯшти ройгон надод. Сабаб пурсиданд, гуфт: «Касе, ки пули гӯштро медод, дирӯз аз дунё рафт».
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА


ҲАР БЕША ГУМОН МАБАР, КИ ХОЛИСТ…
ҚАСОСИ ОДАМ АЗ ҲАЙВОН БОИСИ ҶАВОБГАРИИ ҚОНУНӢ ШУД
Сокини иёлати Кералаи Ҳиндустон барои қасос гирифтан аз леопард – ҷонвари даранда ба ҷавобгарии қонунӣ кашида шуд. Моҷарои ҳодиса аз он ҷо  оғоз ёфт, ки ин ҷонвар гови Кумарро медаррад ва чун шири гов ягона манбаи даромад буд, ин иттифоқ соҳиби говро дар ҳоли ғазаб ва душманӣ бо леопард қарор медиҳад.
Кумар бо тақлид ба қаҳрамони филми «Полимуруган» дар пайи қасос аз леопард ба роҳи он дар ҷангал дом мегузорад. Бо ин амал ӯ мехост ба дом офтодану ҷон додани дарандаи ваҳширо бо чашми худ бубинад. Аммо замоне, ки сайдаш ба дом афтод, дар ғафлат монд ва хабари мурдани леопардро аз дигарон шунид. Ҷангалбонон ҳодисаи марги ҷонварро пайгирӣ намуда, қотилро муайян карданд.
Дар ниҳоят мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ин кирдор Кумарро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ТОҶИКОН,  ИЛМ ВА КАШФИЁТ
Эътироф аз сӯи муҳаққиқони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ
Олду МИЛИ:
- Усули ҳал намудани муодилаҳои кубӣ, ки  ба Вист ва Нютон нисбат дода мешавад, ҳанӯз аз тарафи донишманди тоҷик Шарафуддин Музаффари Тӯсӣ (вафот 1212) пешниҳод ва баён шуда буд.

Ленселот ҲОГБИН:
- Аввалин донишманди Машриқзамин, ки ба воситаи илми риёзиёт  олами Ғарбро тасхир кард, Ал – Фарғонӣ (вафот 850) тоҷик буд, ки ғарбиён ӯро бо номи Алфраганус шинохтаанд.

- Мафҳуми синус ихтирои тоҷикон аст. Дар таърихи илм миёни уламои имрӯзии олам ин баҳс ҳал нашудааст, ки онро кадоме аз ин се донишманд: Абулвафои Бузаҷонӣ, Абунасри Форобӣ ё Ҳомиди Хуҷандӣ кашф кардаанд, вале барои мо донистани ин амр кофист, ки он ҳар се бузургвор тоҷиканд.

Юлиус РУСАКО:
- Дар муддати 800 – 900 сол дар илми химияи ҷаҳонӣ касе ба ду фарзанди тоҷик – Ҷобири Тӯсӣ ва Абубакри Розӣ баробар набуд ва эшон дар ин муддат сарварони ин фан буданд.

Э. Ф. ГАУТЕ:
- Аввалин маротиба дар ҷаҳон Абурайҳони Берунӣ қоидаи ҳисоб кардани масоҳати Заминро ошкор сохт, ки дар Аврупо бо номи «Қоидаи Берунӣ» маъруф аст.
Таҳияи  М. САФАР


Танҳотарин одамони дунё
2. ФЕРНАН ЛОПИШ
Фернан Лопиш, аскари португалии қарни XVI, зиндагии дос-тонзеб дошт. Шуҷоату мардонагиаш буд, ки ҳангоми забти Гоа сардори гарнизони Португалия интихобаш карданд. Мутаассифона, дар авҷи муҳориба қувваи иловагӣ сари вақт омада намерасад. Ҳуҷумҳои даҳшатбору пайдарҳами ватандорон бошад, рӯҳияи сарбозони Лопишро мегардонад ва аксарият таслим шуда, ҷониби душман мегузаранд. Худи Лопиш ҳам аз идомаи ҷанг даст мекашад ва бо як хонуми маҳаллӣ ақди никоҳ баста, пайи зиндагии осуда мешавад. Вале баъди чанде қӯшунҳои иловагии португалӣ омада мерасанд ва, пеш аз ҳама, Лопишу ҳамяроқони ӯро мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Аксариятро, ки акнун беяроқ буданд, ба қатл мерасонанд. Худи Лопишро бошад, бо фармони сардори нави гарнизон баста меоранд ва дар назди издиҳоми мардум бинию гӯш, дасти рост ва ангушти калони дасти чапашро бераҳмона мебуранд.
Дертар Лопиши акнун маслуқро, ки шоҳ афв карда буд, бояд ба Португалия бармегардонданд, вале дар нимароҳ ӯ лаҳзаи муносиб ёфта, худро ба об мепартояд. Мавҷи пурталотуми уқёнуси Атлантика Лопиши нимҷонро ба соҳили биёбонҷазираи Еленаи Муқаддас мерасонад.
Лопиш чун ба худ меояд, то бегоҳ атрофи ҷазира давр зада, ниҳоят ғори хурдакакеро барои зистан интихоб мекунад. Бовар нокарданист, вале ӯ аз чунин ранг гирифтани зиндагияш хушҳол буд, зеро бовар дошт, ки акнун дар ҷои нави сукунаташ рӯи бадафташ ба рӯи касе намерасад. Воқеан ҳамин тавр ҳам шуд. Лопиш тани танҳо даҳ сол дар ғори миёни биёбонҷазира ба сар бурд. Аниқтараш то лаҳзае, ки қосидони падараш ӯро пайдо кардаву ба Португалия оварданд. Падар ӯро бахшид ва чун ба сураташ нигарист, дуо дод, ки баргардад ва дар ҳамон ҷазира ба сар барад. Хуллас, аскари замоне намунавӣ боз 20 соли тӯлонӣ дар ҷазираи Еленаи Муқаддас тани танҳо зиндагӣ кард ва дар ҳамон ҷо хок шуд. Дар маҷмӯъ, Фернан Лопиш 30 соли ҳаёти худро дар танҳоӣ гузаронда, аз ҷумлаи танҳотарин одамони дунё маҳсуб меёбад.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ


ИНДИРА ГАНДӢ БО 4 МИЛЛИОН ДОНИШҶӮ
Бузургтарин  муассисаи   таҳсилоти   олии  ҷаҳон донишгоҳи  Индира Гандии Ҳиндустон ба ҳисоб меравад, ки дар он наздики 4 миллион донишҷӯ таълим мегирад.
Таҳияи Сайёраи АВАЗ


ДАЛИЯ
МОҲИЕ, КИ ДАР ЗИМИСТОН ЯХ КАРДА, ДАР ГАРМО "ЗИНДА" МЕШАВАД
Далия. Ин навъи моҳии аҷоиб дар ҷазираҳои Аляска ва Чукотка зиндагӣ мекунад. Ин моҳӣ бо оғози зимистон бо об ях мекунад ва баробари сар шудани гармои сол ҳангоми об шудани ях аз нав зинда мешавад. Чунин моҳиҳо ҳар шабонарӯз баробари вазни худ об менӯшанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


13 000 ДОЛЛАРИ ИМА АРЗИШИ ЯК НОХУНИ СУНЪӢ
Нохуни сунъии Леди Гага, ки баъд аз баромадаш дар саҳни кох аз ангушташ афтида буд, фароше меёбад. Нохуни сунъии сиёҳи тиллорангро бо пораи ширеши боқимондааш, баъд аз гузаштани чанд вақт ба музояда гузошта, бо арзиши 13000 доллари ИМА фурӯхтаанд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ВУД
Физики машҳури амрикоӣ Роберт Вуд кори худро аз лаборанти қаторӣ оғоз кардааст. Боре сардораш ба озмоишгоҳ медарояд, ки садои баланду тоқатфарсои дастгоҳу асбобҳои механикӣ осмонро ба сар бардоштаасту Вуд дар кунҷе нишаста, романи детективӣ мехонад. Сардор дар ҳоле ки қариб девона мешавад, ба сари Вуд дод мезанад:
- Дар ҳамин ҳол ту шишта роман мехонӣ?
- Мебахшед сардор, дар ин ғалоғула ашӯла хонданам маънӣ надорад, маҷбурам романи детективӣ хонам,- мегӯяд Вуд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ТАВАККАЛ Ё БОВАРӢ!
МАРДЕ АЗ БАЛАНДИИ 7600 МЕТР БА ЗАМИН САЛОМАТ РАСИД
Люк Айкинс қасд дошт, ки аз баландии беш аз 7 километр ба замин бидуни истифода аз парашют сарозер шавад. Ҳаводоронаш ин амали хатарнокро барои ӯ маслиҳат намедоданд, аммо ба рағми онҳо Айкинс ин корро анҷом дод.
Як субҳи барвақт Люк бо ҳавопаймо ба баландии 7600 метр парвоз карда, бе парашют талош намуд, ки худро ба тӯри дар поён кашида расонад. Амалан аз ҳавопаймо дидани тӯр, ки андозааш 30х30 метр буд, имкон надошт. Аммо Айкинс аз ҳавопаймо аз болои шаҳри Сими -  Велли Амрико ҷаҳид.
Суръати озоди ҳаракат аз ҳаво ба замин 53 метрро ташкил медод. Айкинс муваффақона ба рӯи тӯр нишаст ва нахустин  одаме дар дунё гардид, ки ин ҷаҳишро бидуни парашют аз баландии 7600 метр анҷом дод.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


КӮЧАРӮБИ МИЛЛИОНЕР
Юй Южан - бонуи сарватманд бо дороӣ ва даромади пулии зиёди худ метавонад умуман дар ҷое кор накунад, аммо вай ҳар рӯз то тулӯи офтоб кӯчаҳои Уҳани Чинро, ки дар он ҷо зиндагӣ мекард, мерӯбад. Ӯ бо дороии 1,5 миллион доллар аз ин амалаш даст накашидааст. Юй Южан ва ҳамсараш соҳиби 17 бинои истиқоматӣ мебошанд, ки аз он даромади калон ба даст меоранд. Ин бону меҳнатро на чун воситаи даромад, балки барои хоксориву талқини сифати меҳнатдӯстӣ ба одамон ихтиёр кардааст. Гузашта аз ин, кори кӯчарӯбиро Юй як воситаи оромкунии асаб барои занҳо меҳисобад. - Ман барои рафъи хислати бадтарини инсонӣ - танбалӣ ба ин кор даст задам, то фарзандонам аз ман ба унвони модар ибрат гиранду меҳнатдӯст бошанд, - гуфтааст Юй Южан.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ШИНОВАРИИ ҒАЙРИОДӢ
Шиноварбонуи амрикоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ флешмоби аҷоиберо зери унвони Gotmiek Challen ҷой дод. Ширкаткунандагони зӯрозмоӣ бояд се шартро иҷро мекарданд: дар як ҷом шир рехта, амали ғайриодиеро анҷом дода, онро нарезонда то ба марра расонанду дар охир ширро бинӯшанд.
Худи Ледека аввалин ширкаткунандаи мусобиқа гардид ва маҳорати дараҷаи олиро нишон дод. Ӯ стакани ширдорро дар болои сар нигоҳ дошта, аз як канор ба дигар канори ҳавз шино кард ва ягон қатра ширро нарезонд.
Варзишгарбону иқрор шудааст, ки шинои ғайриодиро дар корномаи варзишиаш аз беҳтаринҳо медонад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЕВА


100 ФАКТИ ҶОЛИБ

5. Ҳангоми атса задан, кори тамоми организми инсон лаҳзае аз кор бозмемонад, Ҳатто дил ҳам.

6. Грейхаунд тездавтарин зоти саг ба шумор меравад. Суръати ҳаракати вай дар як соат ба 70 км баробар мебошад.

7. Дар бадани инсон, аниқтараш дар таркиби устухони одам 10 миллиграмм тилло мавҷуд аст.

8. Баъзе шапаракҳо то 12 000 чашм доранд.

9. Ҳангоми хондани як ҷумла дар организми инсон 50000 ҳуҷайра мемирад ва ба ҳуҷайраи нав иваз мешавад.

10. Ҳиндустон ягона кишваре ба шумор меравад, ки дар он 200 донишгоҳ мавҷуд аст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2020    №: 193    Мутолиа карданд: 418
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед