logo

иҷтимоиёт

АГАР БА ТАЪРИХИ ЗАБОН НАЗАР АФКАНЕМ...

Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, мебинем, ки дар ҳама давраҳои таърихӣ пайроҳаҳои пурпечутобро тай намуда, бо нерую қудрат ва тавоноии худ то ба замони мо омада расидааст. Ҳамчунин, дар тай намудани ин роҳи пурпечутоб, асолат ва шевоию равонии худро аз даст надода, ҳифз кардааст. Ҳамзамон, дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд. Ҳамакнун, ин рисолатро дар охирҳои асри XX ва аввалҳои асри XXI Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллиамон, дар поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, саҳми Сарвари давлат хеле бузург ва мондагор аст. Воқеан, дар даврони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳомие барои арзишҳои миллӣ, ки яке аз онҳо забони тоҷикӣ аст, зарур буд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини бар дӯш гирифтани масъулияти роҳбарии миллати тоҷик ва давлати Тоҷикон, ҳамчун фарзанди фарзонаи ин миллат, ҳифзу густариши забони миллиро дар мадди аввал гузошт. Аз ҷумла, чораандешиҳо барои рушду густариши забони миллӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барои амалӣ сохтани муқаррароти он дар назди Ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд. Бояд хотирнишон кард, ки суханрониҳо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо забони ноби модарӣ, суханрониҳо доир ба рушду такомули забони давлатӣ, чопи осори илмию адабии классикон бо ҳуруфи сирилик, тарҷума ва нашри осори адабию илмии олимони ҷаҳон ба забони давлатӣ ва нашри ду ҷилди китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» доир ба забони тоҷикӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бозгӯкунандаи ғамхорӣ ва муҳаббати фарзандонаи ӯ нисбат ба забон мебошад. Ҳар иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат нисбат ба забон, хирадмандонаю огоҳона ва дурандешона буда, ҳолати воқеӣ ва равандҳои ҷаҳонию ҷаҳонишавӣ пурра ба назар гирифта шудаанд.
Китоби якуми «Забони миллат - ҳастии миллат» соли 2016 ба нашр расид, ки аз пешгуфтор, шаш бобу зерфаслҳо, хулоса ва китобнома иборат аст.
Ҳифз ва шинохти марҳалаҳои забони миллӣ ва баланд бардоштани асолати он меҳвари асосии китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони пуртазоди муосир аст. Дар ҳамин маврид муаллиф дар пешгуфтори ҷилди аввали китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» менависад: «Забони мо гузашта аз мушкилоти ба истилоҳ «дохилӣ» мустақиман ба ду забони муқтадири ҷаҳон - русӣ ва англисӣ рӯ ба рӯ шуда, чунонки мебинем, дар ин «пайкор», асосан, дар ҳолати дифоъ қарор дорад. Агар дар чунин вазъ забон дастгирӣ ва пуштибонии оқилона пайдо накунад, маҳол аст, ки аз ин варта солим бадар омада, асолати таърихии хешро ҳамчун забони мустақилу корагар ҳифз кунад. Албатта, ин чунин маъно надорад, ки мо бояд дарвозаҳоро ба рӯйи забонҳои дигар бандем». Баррасии чунин масоили муҳим нисбат ба забон ва забономӯзӣ дар баробари китоби мазкур қариб дар ҳама суханрониҳои Пешвои миллат таъкид карда мешавад, зеро замони муосир тақозо менамояд, ки дар масоили омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамгом бошем, вале асолати забони тоҷикиро ҳифз карда бошем.
Нашри ин китоб бо таҳлилу баррасии амиқу дақиқ, нишон додани умумият ва фарқи забони тоҷикӣ аз дигар забонҳо ва ҳамзамон ба риштаи таҳқиқ кашидани давраҳои таърихии забон бо усул ва нигориши равону оммафаҳм аз он шаҳодат медиҳад, ки муаллиф дар таълифи китоб дар баробари олимону донишмандон насли ҷавонро низ дар назар гирифтааст. Муаллиф дар ин хусус дар қисмати аввали китоб менигорад, ки «ҳадафи асосии мо он аст, ки хонандагон, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш, кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд».
Таҳлилу мушоҳидаҳои дар самти истифода ва омӯзиши ин асари бебаҳои илмӣ нишон дод, ки аз соли 2016 инҷониб, китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» яке аз китобҳои серхонандатарини олимон ва муҳаққиқони забон ва таърихи миллати тоҷик мебошад.
Ҳамчуноне, ки дар боло аз зиддиятҳо, бархӯрди қудратҳо ва раванди ҷаҳонишавӣ ҳарф задем, як нукта мавриди зикр аст, ки омилҳои мазкур аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки имрӯз миллати тоҷик ба Пешвои миллат, ҳомии Сулҳу Ваҳдат, шахсияти созанда ва ҳомии арзишҳои миллӣ, хусусан забони миллӣ, аз ҳарвақта бештар ниёз дорад.
Боварии комил дорем, ки нашри китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» дар ду ҷилд, бо факту далелҳои муътамади илмӣ ва бо мазмуну муҳтавои баланд такони ҷиддие барои омӯзиши дигар марҳилаҳои таърихии забони тоҷикӣ хоҳад буд ва ин асар асрҳо дар авроқи худ бузургию асолати забони тоҷикӣ, созанда ва пуриқтидор будани онро ҳифз хоҳад кард.

С. Надиров,
М. Баёнов,
кормандони Муассисаи давлатии  “Хонаи китоби Тоҷикистон”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2020    №: 196    Мутолиа карданд: 93
03.03.2021


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед