logo

иқтисод

БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ. МАЪРАКАЕ ДОРОИ АҲАМИЯТИ БУЗУРГИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

1 октябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфт ва ин маъракаи муҳими сиёсӣ то 15 октябр идома меёбад. Аҳолии мамлакат бо ёрии мақомоти ваколатдори давлатӣ - Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин маърака омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Барои тавзеҳи аҳамияти баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, истифодаи усулҳои нави баҳисобгирӣ ва навовариҳо дар остонаи оғози маърака хабарнигорони рӯзнома бо Гулнора Ҳасанзода, директори агентӣ, суҳбат анҷом доданд, ки манзури шумо мегардад.

Тавре огоҳ ҳастем, мақомоти омор соли 2018 ба таври санҷишӣ марҳилаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро оғоз кард ва кормандони мақомоти омор аллакай дар ин бахш таҷриба пайдо кардаанд. Бо вуҷуди ин, лутфан, гӯед, ки тайёрӣ ба маъракаи сиёсӣ чӣ гуна сурат гирифт?
- Нахуст бояд зикр намоям, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки дар давраи пандемияи COVID-19 маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро анҷом медиҳад. Аз ин рӯ, барои бехатарӣ тамоми масъулони ба ҳисобгирӣ вобасташуда бо маводи зарурии тиббӣ таъмин гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба тавсияҳои Комиссияи омори СММ ҳар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил мегузаронад. Дар ҷумҳурӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ бори сеюм барӯйхатгирии аҳолӣ ва бори дуюм барӯйхатгирии фонди манзил низ гузаронда мешавад.
Мақомоти омор ҳанӯз аз соли 2016 ба ин маърака омодагӣ мебинад. Аз ин хотир, барои дар амал санҷидани қоидаҳои ташкилӣ ва методологӣ, барномаҳо, ҷараёни коркарди технологии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил - 2020 аз 10 то 24 октябри соли 2018 дар ҳудуди маҳаллаҳои 64 ва 91 – и шаҳри Душанбе ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ бештар ба омода сохтани аҳолӣ ҷиҳати иштирок дар маърака равона гардид. Бинобар ин, Агентии омор бо истифода аз тамоми имкониятҳои дастрас, яъне воситаи ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҷаласаҳои фаъолони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, ҷаласаҳои сатҳи гуногун дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва гузоштани лавҳаю баннерҳо дар маҳалҳо истифода намуда, оид ба муҳимияти ин чорабинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд. Чунки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил - 2020 бе талаби ягон намуд ҳуҷҷати тасдиқкунанда гузаронда шуда, омодагии ҳамаҷонибаи аҳолии мамлакат ба ин чорабинӣ ва ба натиҷаҳои он  таъсири мусбӣ мерасонад.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 2020 ба воситаи се усул гузаронда мешавад, ба воситаи шабакаи интернет, ба воситаи планшет ва сеюм ба тарзи   анъанавӣ.

- Ду усули аввале, ки зикр гардид, дар кори ҳисоби шумораи аҳолӣ ва фонди манзил нав аст, яъне дар баргузории чорабинӣ навгоние ба амал омадааст, ҳамин тавр?
- Бале, истифодаи шабакаи интернет, планшет ва насби терминалҳо барои баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил – 2020 усулҳои нав мебошанд. Даҳ сол қабл баҳисобгирии аҳолӣ ба таври анъанавӣ, яъне коғазӣ, сурат гирифт ва хеле мушкил гузашт. Усули нав таҷрибаи ҷаҳонӣ аст. Масалан, Амрико моҳи апрел ҳисоби шумораи аҳолиро пурра тавассути интернетпурсиш гузаронд ва кишвари мо низ ақиб нахоҳад монд. Бо ин мақсад дар 18 шаҳр ва 63 шаҳраки ҳудуди ҷумҳурӣ, ки аҳолиашон 26 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, терминалҳо гузошта шуда, ҳамзамон, барӯйхатгирӣ дар ин маҳалҳо бо планшет анҷом дода мешавад. Тибқи ҳисоби пешакӣ, ташкили терминалҳо ва истифода аз планшет шумораи кормандони муваққатан ба ин корҳо ҷалбшавандаро беш аз 25 дарсад кам намуда, коркарди минбаъдаи маводро осон менамояд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аниқ муайян кардани номгӯи ноҳияҳо, маҳалҳои шаҳрӣ ва сарҳадҳои онҳо, ҳамчунин, номи кӯчаҳо, рақами хонаҳо ва манзилҳои маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон низ ба кори барӯйхатгирии аҳолӣ сабукӣ овард. Айни замон барои ҳисоби шумораи аҳолӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳо, аз 3 ҳазору 600 планшет истифода мешавад ва шумораи муайяни ҳисобчиён муваққатан ба кор ҷалб гардидаанд. 

- Аҳамияти баргузории ин маъракаи муҳим дар чист?
- Барӯйхатгирии аҳолӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади ба даст овардани маълумот оид ба шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, муайян намудани дурнамои рушди ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ мебошад. Маҳз дар асоси натиҷаҳои баҳисобгирии шумораи аҳолӣ консепсияю стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия мегарданд. Муайян кардани сатҳи зиндагии мардум бошад, ба гузарондани барӯйхатгирии фонди манзил рабт дорад, ки соли 2010 бори нахуст, тибқи тавсияҳои байналмилалӣ, доир гашт. Дар пурсишномаи фонди манзил, асосан ба саволҳо оид ба манзил посух гирифта мешавад, аз ҷумла, масоҳати умумии манзили зист, навъ ва давраи сохт-мони манзил, масолеҳи деворҳо ва боми манзил, ободонии манзил, гармирасонӣ, обтаъминкунӣ, пайвастшавӣ ба шабакаҳои партовпартоӣ. Як қисми маъракаи барӯйхатгирии фонди манзил, яъне барӯйхатгирии хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (листиг), пеш аз маъракаи асосии барӯйхатгирӣ моҳи май – июн гузаронда шуд, ки ин ҳам таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон мебошад. Аз ин рӯ, аҳолии Тоҷикистонро зарур аст, дар ин маърака фаъолона ширкат варзида, бетараф набошанд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2020    №: 196    Мутолиа карданд: 487
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед