иҷтимоиёт
ИНТИХОБОТ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚРО ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ ТАЪМИН МЕСОЗАД
11 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Мардум ба ин восита номзади арзандаи худро интихоб намуда, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва амнияту осоиштагии худро таъмин месозанд. Воқеан, интихобот ифодагари ҳокимияти халқ ва нишони рушди демократия ба ҳисоб меравад.
Интихобот нишони боризи озоду демократӣ будани ҷомеа аст, чунки дар чунин ҷамъият мардум худ соҳибихтиёрона тақдирашро муайян мекунад, сарнавишти сиёсиашро мушаххас месозад. Дар мамлакати озоди мо низ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот, ки аз ҷумлаи унсурҳову арзишҳои демократист, аз падидаҳои маъмулу муқаррарист ва барои баргузории онҳо ҳама заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву амалӣ муҳайёанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо эътирофи санадҳои байналмилалӣ дар бораи интихобот қонунгузориашро дар ин самт такмил додааст.
Ҳадаф аз баргузории ҳар гуна интихобот таъмини ҳалли масъалаҳои умумимиллию давлатӣ тавассути усулҳои осоиштаи сиёсӣ ва демократӣ, ҳамчунин, таъмини ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи кишвар маҳсуб меёбад. Ширкати шаҳрвандон дар интихобот ҳокимияти мардумро созмон дода, ба ин васила фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ ва мавқеи халқро чун субъекти комилҳуқуқи идораи давлат устувор мегардонад.
Ифодакунандаи истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ халқ буда, дар чунин ҳолат интихобот воситае мегардад, ки мардум метавонад, ҳокимиятро бо роҳи интихоб намудани номзадҳои мувофиқ ташкил, ҳамзамон, фаъолияти онҳоро назорат намояд. Аз ин рӯ, интихоби дуруст дар ин самт заминаи устувори ҳама гуна пешравиҳо хоҳад буд. Зимнан, шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, бояд дарк намоянд, ки бетарафӣ дар интихобот амали манфӣ буда, амалигардии ҳокимияти худи онҳоро зери суол мебарад. Пас, зарур аст, ки ҳамаи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи раъйдиҳӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро ба тарафдории номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян созанд.
Сафархон ВОҲИДОВ,
коргузор - мутахассиси Хадамоти
иҷро дар ноҳияи Шоҳмансур
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.10.2020 №: 197 Мутолиа карданд: 114