logo

иҷтимоиёт

ИНТИХОБОТ. ФАЪОЛИЯТИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОҒОЗ ЁФТ, КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА АНҶОМ МЕРАСАНД

То баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 рӯзи дигар боқӣ монд. Дар робита ба ин, комиссияҳои интихоботӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва озоду демократӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои ниҳоии омодагиро анҷом медиҳанд.
Вобаста ба ин, аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки феълан дастуру роҳнамо ва дигар маводи иттилоотии вобаста ба интихобот ба ҳамаи ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дастрас гардида, маъракаи васеи тарғиботӣ оид ба моҳият ва тартиби иштироки шаҳрвандон дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ идома дорад. Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо низ саргарми корзори интихоботӣ буда, дар дидору мулоқот бо интихобкунандагон муҳимтарин нукоти  барномаҳои пешазинтихоботии худро дар миён мегузоранд.
Тибқи иттилои масъулони КМИР, ки ҳамчун мақоми салоҳиятдор раванди омодагиҳо ба интихоботро зери назар дорад, бо мақсади риояи чораҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавирус тамоми ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ бо маводи безараргардонӣ ва ҳимояи шахсӣ таъмин  шудаанд.  Гузашта аз ин, тибқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ оид ба ташкили инфрасохтори дастрас барои шахсони имконияташон маҳдуд ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи овоздиҳӣ созмон дода шуда, дар роҳравҳо пандусҳо насб шудаанд.
Айни ҳол, бо мақсади назорат ба раванди омодагӣ ва баргузории интихобот дар фазои озод, шаффофу ошкоро ташрифи теъдоди зиёди мушоҳидони байналмилалӣ ба Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони КМИР, то 7 октябр 125 мушоҳиди байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва сафоратҳои муқими Тоҷикистон аккредитатсия шуда, аллакай ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Зимнан, вуруди нозирон аз дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва сабти номи онҳо дар КМИР идома дорад.
Тавре «Ҷумҳурият» иттиллоъ дода буд, ҷараёни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он номзадҳо аз 5 ҳизби сиёсӣ иштирок мекунанд, 258 хабарнигори дохилию хориҷӣ дар расонаҳои худ инъикос хоҳанд кард. То имрӯз ҳамаи хабарнигорон аз аккредитатсия гузашта, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои вобаста ба интихобот ва бозтоби ин маъракаи муҳими сиёсиро ба даст овардаанд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»    
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2020    №: 198    Мутолиа карданд: 226
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед