logo

иҷтимоиёт

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН. ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР САМТИ ОМОДА КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки онро метавон иқдоми наҷибу мондагор, ояндабинии хирадмандона, ғамхорӣ ба халқу миллат ва корнамоии камназир қаламдод кард, тадбири саривақтиест, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва таъмини соҳаи тандурустӣ бо мутахассисони баландихтисос роҳандозӣ гардид.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар ноҳияи Данғара таъсис ёфта, соли чорум аст, ки фаъолият дорад. Амалисозии ин тарҳро Роҳбари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ идомаи иқдоми созандаи Ҳукумати кишвар унвон намуда, онро дар беҳдошти солимии ҷомеа қадами устувор арзёбӣ карданд. Зеро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ мебошад. Раванди таълим дар донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои табобатӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ ба роҳ монда шудааст.
Убайдулло Қурбон, ректори донишгоҳ, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки давоми солҳои 2016 - 2020 дар донишгоҳ 7 шуъба, 2 шӯрои илмӣ, 2 марказ, 15 кафедра, 3 факултет, 2 коллеҷ, 1 китобхона ва 4 ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ба 182 нафар расидааст. Теъдоди донишҷӯён 1869 нафарро ташкил медиҳад, ки 4 нафар шаҳрванди хориҷӣ - аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Дар донишгоҳ 7 ятими кулл ва 14 маъюби гурӯҳи дуюм таҳсил мекунанд, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи давлат бархӯрдоранд.
Соли 2019 дар асоси қарори Ҳукумат Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара ва дар сохтори он таъсис додани Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ба ихтиёри Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вогузор шуд.
Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии муассисаҳои олӣ ин таъмини маводи таълимӣ барои донишҷӯён ва ғанӣ гардондани фонди китобхона мебошад. Бо ин мақсад соли 2016 дар донишгоҳ китобхона таъсис ёфта, дар чор сол ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ, 123 номгӯй бо теъдоди 7 ҳазору 479 нусха китоби баландсифати таълимии ихтисосӣ харидорӣ шуд. Илова бар ин, 74 номгӯи китоб бо теъдоди 12 ҳазору 767 нусха, ки 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун туҳфа аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ворид гардид. Дар маҷмӯъ дар фонди китобхонаи донишгоҳ 25 ҳазору 410 нусха адабиёти таълимию бадеӣ ва 42 ҳазору 700 адабиёти электронӣ ҷамъоварӣ гардидааст.
Ин муассисаи навтаъсиси олии тиббӣ таҳти роҳбарии олими барҷастаи соҳа Убайдулло Қурбон бо қадамҳои устувор пеш рафта, дар чор соли фаъолият дар низоми таҳсилоти олии мамлакат мавқеи сазовор пайдо кард. Боиси қаноатмандист, ки аз 1869 донишҷӯ 48,4 дарсади он бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад. Чунин нишондиҳанда дар байни донишгоҳҳои мамлакат баландтарин ба ҳисоб меравад.
- Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ ва беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, инчунин, беморхонаҳои шаҳри Душанбе ҳамкории ногусастанӣ дорад. Фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ дар баробари корҳои таълимию илмӣ ва тарбиявӣ дар беморхонаҳои ноҳия густариш ёфта, аз соли 2016 то ҳол 15 омӯзгори донишгоҳ ба ҳайси ҳамкор фаъолияти ихтисосиро дар ин беморхонаҳо ба роҳ мондааст. Ба фаъолият оғоз намудани кормандони донишгоҳ барои саҳм гузоштан ба корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи беморон иқдоми нек аст. Аз ҷониби кормандони донишгоҳ то имрӯз ба 29 ҳазору 313 бемор корҳои табобатӣ ва ташхисӣ гузаронда шудаанд. Аз ин 1462 амалиёти ҷарроҳии гуногун буда, дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара гузаронда шуд. Зиёда аз 1000 амалиёти ҷарроҳӣ ройгон гузаронда шудааст. Аз ин 52 намуд амалиёти ҷарроҳӣ бори аввал ворид ва дар амал ҷорӣ гардид. Ин ҷарроҳиҳо бо пайваст кардани узвҳои инсон, ангуштон, дасту по, гӯшу бинӣ ба пластикӣ марбутанд, - гуфт Убайдулло Қурбон.
Роҳбарияти донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо бо беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара дар оянда мақсад доранд, ки бо истифода аз таҳкимёбии потенсиали илмию тахассусии худ мактаби дараҷаи олӣ ва бисёрсоҳа, аз ҷумла мактаби ҷарроҳия, педиатрия, терапия ва дигар ихтисосҳоро бо ташаббуси олимони соҳа бунёд созанд ва фардо тавонанд, ки дар тамоми сатҳҳои хадамоти тиббӣ ёрии тахассусноки сатҳи олиро ба аҳолӣ пешкаш намоянд. Инчунин, корҳои илмиву тадқиқотӣ низ анҷом диҳанд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо муассисаҳои олии тиббии хориҷи кишвар робитаи судманд дорад. Аз ҷумла, ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои тиббии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Донишгоҳи тиббии Синҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин густариш ёфта истодаанд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра роҳбарияти донишгоҳ тавонист, ки бо 8 муассисаи олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Соли гузашта барои иштирок ва рақобати хуби зеҳнӣ, донишҷӯёни донишгоҳ дар қатори 55 донишгоҳи тиббии бонуфузи ҷаҳон аз фанни физиологияи нормалӣ ширкат варзида, соҳиби диплом гардиданд.
Ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани дараҷаи омодасозии мутахассисони ҷавони тиб, шароиту имкониятҳои нав дар донишгоҳ муҳайё гардида истодаанд. Дар чор сол таҷҳизоти зарурӣ ба беш аз 3,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, хусусӣ ва кумакҳои бебозгашт харидорӣ ва ворид шуданд.
Мусаллам аст, ки барои ҳар як муассисаи олӣ барои бо ҷойи зист таъмин намудани донишҷӯён хобгоҳ зарур аст. Раёсати донишгоҳ тавонист, ки бо кумаки молиявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм ба маблағи 423 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирии бинои хобгоҳро ба сомон расонда, 161 донишҷӯи эҳтиёҷмандро бо шароити хуби зист таъмин намояд.
Роҳбарият ва устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати омодасозии мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯи соҳаи тиб тамоми имконияту воситаҳоро ба кор бурда истодаанд.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2020    №: 198    Мутолиа карданд: 100
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед