иҷтимоиёт
СУҒД. МАЪРАКА БО ТАЙЁРИИ ХУБ ШУРӮЪ ШУД
1 октябри соли равон маъракаи басо муҳими барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки дорои аҳамияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоист, дар вилояти Суғд низ муташаккилона оғоз ёфт.
- Чунин чорабинӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бори дувум доир мешавад. Бо гузашти даҳ сол аз барӯйхатгирии қаблии соли 2010 дар кишварамон дар ҳамаи самтҳо тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваста, ҷумҳурӣ аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ рушд ёфту шумораи аҳолӣ низ афзуд. Барӯйхатгирии аҳолӣ яке аз воситаҳои муҳими ҷамъоварии маълумоти пурра дар бораи аҳолӣ маҳсуб ёфта, дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ тавассути пурсиши сартосарии сокинони мамлакат омода мешавад, - иброз дошт Ҳокимбек Накҳатзода, сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
Аҳамият ва зарурати барномаи ҷаҳонии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 ҳамчун сарчашмаи маълумоти дақиқ барои банақшагирии самараноки инкишофи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мутобиқ ба қарори Шӯрои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ дастгирӣ шудааст. Маъракаи барӯйхатгирии ахолӣ ва фонди манзил - 2020 дар Тоҷикистон куллан ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён мегирад. Ҷиҳати дар сатҳи мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ баргузор намудани чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони сарраёсати агентӣ дар вилоят тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд. Дар доираи омодагӣ ба маърака номгӯи 3100 кӯчаву тангкӯча, 195,4 ҳазор рақами хона дар биноҳо, манзилҳои деҳот ва сарҳадҳои онҳо тартиб дода шуд. Ҳатто сокинони деҳоти дурдасти кӯҳистон бо дарки комили аҳамияти маърака аз иқдомҳои дар доираи омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузарондашуда хушнудӣ зоҳир намуданд. Мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда, то 1 январи соли 2020 дар ҳудуди вилоят 2 миллиону 698,9 ҳазор нафар ба баршуморӣ фаро гирифта, аз онҳо сабти номи 2 миллиону 693,8 ҳазор нафар аҳолии вилоят ба тартиб дароварда шуд.
Давраи аввали пешакии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар вилояти Суғд, ки тартиб додани рӯйхати биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматиро (бо назардошти ҳуҷраҳо дар биноҳо) дар бар мегирифт, 1 - 25 апрели соли равон аз ҷониби 818 нафар корманди муваққатӣ бо истифода аз технологияи муосир, аз ҷумла планшети ба интернет пайваст, бомуваффақият ба сомон расонда шуд.
- Барои сари вақт ва бо сифати баланди ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён гирифтани ин маъракаи муҳим феълан дар шаҳру навоҳии вилоят 176 мудири шуъба, 176 ёрдамчии мудири шуъба, 1215 дастурдиҳандаю назоратчӣ ва 6 ҳазору 175 ҳисобчӣ ба маърака ҷалб шудаанд. Бо ҳар яки онҳо шартномаҳои меҳнатии инфиродӣ баста шуд ва мутобиқ ба он музд хоҳанд гирифт. Сокинони вилоят ба шарофати баргузории семинару вохӯриҳо, баннерҳо, шиору овезаҳо, баромадҳо тавассути ВАО аз моҳияти чорабинӣ хуб огоҳанд ва ба суолҳо мушаххас посух гуфта метавонанд. Ҳамзамон, барои масъулони барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилоят 49 компютери замонавию ноутбук, 21 принтер, 1157 планшет, 2 факс, ҳамчунин, мебелҳои замонавӣ, мизи корӣ, ҷевонҳо, 100 курсӣ ва маводи конселярӣ дастрас шудаанд, - гуфт Ҳоким Накҳатзода.
Бешубҳа, доиршавии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил барои таҳияи барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва нерумандии кишвар мусоидат мекунад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2020 №: 198 Мутолиа карданд: 104