logo

иҷтимоиёт

МУТТАҲИДӢ ОМИЛИ ПЕШРАВИСТ

Миллати тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақилу озод гардида, миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому  манзалати  хосса касб намуд. Бешубҳа, барои мо ин воқеаи бузургу фараҳбахш аст. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастагинопазири Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Ватани маҳбубамон обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯзҳо дар чеҳраи мардум нишоту хурсандӣ ҳувайдост.
Аммо ин ҳама дастоварду комёбиҳо осон ба даст наомадаанд. Ҳамагон медонем, ки пас аз соҳибистиқлолӣ, бо ҷурми иддае аз худхоҳону мансабталошон, дар мамлакат оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Мардумро яъсу ноумедӣ пахш карда буд, зеро давлати тозаистиқлоли тоҷиконро хатари аз байн рафтан таҳдид дошт. Ҳама даст ба дуо буданд, ки кишвар аз ин варта раҳо ёбад. Ниҳоят дуои мардуми азияткашида мустаҷоб гардид. 
16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ва сухани аз сидқ гуфтаашон: «Ман ба шумо сулҳ меорам» дар дилҳо шуълаи умед афрӯхт. Ҳарчанд бадхоҳони миллат барои амалӣ нашудани ин нияти нек бо ҳар роҳу восита монеа эҷод мекарданд, вале Роҳбари хирадманди давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, тамкин, таҳаммулпазирӣ ва дили пур аз меҳру вафо ин саддҳоро шикастанд ва охируламр 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз истиқлол ва якпорчагии давлатро ҳифз намуда, тамоми роҳҳоро барои ривоҷу равнақ боз кард.
Пас аз ба даст омадани сулҳ, таҳти роҳбарии муваффақонаи Пешвои муаззами миллат, Ватани маҳбубамон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад.  Дар ин давра садҳо километр роҳ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангиву маишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ навсозиву бунёд гаштанд. Бо ибтикори Сарвари давлат эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018), инчунин, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021)  барои пешрафти ин соҳаи муҳиму даромаднок мусоидат намуд. Ҳоло дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Сарвари давлат ашхоси баландҳиммату саховатпеша дар мавзеъҳои сайёҳӣ инфрасохтори зарурӣ бунёд мекунанд, ки намои шаҳру деҳаҳои кишварро зеботар менамоянд.
Дар баробари ин, баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, дар доираи эълон гаштани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, корҳои ободонӣ ва сохтмони корхонаҳои саноатӣ вусъати тоза гирифтаанд. 
Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки ояндаи Тоҷикистон неку дурахшон аст, зеро мардуми кишвар дар атрофи Роҳбари созандаву бунёдкори хеш муттаҳиданд ва баҳри ба давлати пешрафтаву мутараққӣ табдил додани он кӯшишу ғайраташонро дареғ нахоҳанд дошт.

Сайёраи АВАЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2020    №: 198    Мутолиа карданд: 107
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед