logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Феълан дар кишвар дар тамоми соҳаҳо шароити мусоид барои кору фаъолият, бавижа барои озодии виҷдон ва анҷоми расму русум имконияти хуб  фароҳам оварда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд озодона фаризаҳои диниро  анҷом диҳанд, адабиёти динию мазҳабиро дастрас намоянд ва улуми диниро дар сатҳи донишгоҳӣ таълим гиранд. Инчунин, Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ низ суистифода накардани арзишҳои диниро матраҳ намуда, муносибат надоштани дини мубини исломро ба терроризм ба таври хеле илмиву таҳлилӣ баён карданд.
Ин ва дигар хизматҳои шоистаи Сарвари тоҷиконро ба эътибор гирифта, номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро дар феҳристи 500 мусулмони бонуфузи олам дохил намудаанд.  Рӯйхати «500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон» («The Muslim 500») аз соли 2009 то инҷониб аз тарафи Маркази салтанатии тадқиқоти стратегии исломӣ (The Royal Islamic Strategic Studies Centre) дар пойтахти Урдун, шаҳри Уммон омода мешавад. Маркази мазкур номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бинобар хизматҳои шоёнаш дар роҳи дини ислому мазҳаби ҳанафӣ чаҳор маротиба – солҳои 2012, 2016, 2017 ва 2018 дар феҳристи «500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон» шомил намуд.

ШАҲРИ ДУШАНБЕ ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ ЭЪЛОН ГАРДИД
Дар Иҷлосияи 37-уми вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (OIC), ки 18 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони воломақом аз 57 кишвари аъзо, кишварҳои нозири ин созмон ва, ҳамчунин аз 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ, баргузор гардид, дар қисмати дуюми иҷлосия бо қарори Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ISESCO) шаҳри Душанбе «Пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010» эълон гардид. Ин рӯйдод далели он дониста шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатии худ дар ҳифз ва ғанӣ гардондани мероси динӣ ва, умуман, фарҳангу маорифи исломӣ саҳми арзанда гузоштааст.

ТАЪСИСИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ  
Бо мақсади дар дохили кишвар омода намудани рӯҳониёни исломии дорои дониш ва маърифати баланду муосири динию дунявӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 547 муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи исломии Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки минбаъд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, № 281 муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” номгузорӣ карда шуд. Соли 2018 бо ибтикори Пешвои муаззами миллат сохтмони иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар майдони қариб 3 гектар бунёд мегардад.

ТАРҶУМА ВА НАШРИ ҚУРЪОНИ КАРИМ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Яке аз дастовардҳои муҳими динии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷумаи комили Қуръони карим ба забони адабии муосири тоҷикӣ маҳсуб мешавад, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума шудааст. Китоби мазкур бо теъдоди беш аз 200 ҳазор нусха аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба мардуми шарифи тоҷик эҳдо гашт.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ бахшида ба бузургдошти олим ва мутафаккири олами ислом – Муҳаммад Исмоил ал - Бухорӣ (Имом Бухорӣ) баргузор шуд.
Инчунин, бо дастури Пешвои миллат яке аз тафсири муътабари Қуръони карим  «Тарҷумаи тафсири Табарӣ» ва китобҳои «Ҳидоят», «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ ва ғайра ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардидаанд.

СОЛИ 2009 - СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
 Бо ибтикор ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шуда, 5-6-уми октябри соли 2009 Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе баргузор гашт. Қисмати ифтитоҳии симпозиум 5 сентябри соли 2009  бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи Кохи Борбад оғоз ёфта, иҷлосияҳои он дар нимаи дуюми рӯз ва 6 сентябри соли 2009 дар Кохи Сомон баргузор гардид. Дар симпозиум наздик ба 500 намоянда аз 50 кишвари олам ва Созмони конфронси исломӣ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур имконият фароҳам овард, ки мақоми мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Собит дар сатҳи ҷаҳонӣ мустаҳкам ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ворисбари ӯ муаррифӣ гардад.

ТЕЪДОДИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ АФЗУДАНД
Фаъолияти озодонаи масҷидҳои марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта (ҳамчун шаклҳои ҷамоаи динӣ) ва афзоиши онҳо дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои динии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Далели равшани онро метавон ҳангоми муқоиса намудани ду давра, яъне, Шӯравӣ ва Истиқлоли давлатӣ, мушоҳида намуд. Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 иттиҳодияи динӣ, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ, фаъолият мекард. Дар давраи истиқлолият нишондиҳандаҳои мазкур бамаротиб зиёд гардид. Феълан дар кишвар бар замми 3422 масҷиди панҷвақта, ҳамчунин, 326 масҷиди ҷомеъ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ ва як Маркази исломии ҷумҳуриявӣ озодона фаъолият доранд.
Муқоисаи сатҳи озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя шаҳодат медиҳад, ки нишондиҳандаҳо дар ин самт муътадил ҳастанд. Дар Тоҷикистон барои 1800 - 2000  шаҳрванд кушодани як иттиҳодияи динӣ рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои ҳамсоя 3 - 3,5 ҳазор ва дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 - 5,5 ҳазор нафар мебошад.
Инчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷамоатхонаи шиаи имомии исмоилӣ, 2 Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва 67 ташкилотҳои динии ғайриисломӣ: калисои православии рус, ҷамоати «Шуури Кришна», калисои “Румӣ-католикӣ”, калисои «Адвентистони рӯзи ҳафтум», калисои «Евангелистони насрониҳо-баптистҳо», калисои “Лютеранӣ”, Маркази миссионерии «Грейс Сонмин» ва ғайра фаъолият доранд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар замони истиқлолият ба шаҳрвандон ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ имкониятҳои фаровон  пешниҳод гардида, сатҳи таъмини озодии виҷдон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

ТАЪЙИНИ МАОШ БАРОИ ИМОМХАТИБОН
Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъйини маоши имомхатибону сархатибон муроҷиат намуд, чунки домуллоҳо низ дар таълими маънавиёти ҷомеа таъсиргузор ва вақти бознишастагӣ нафақа аз рӯи маош муайян мешавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфта, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имомхатибону сархатибон маош таъйин карда шуд. Дар натиҷа аз моҳи феврали соли 2014 то инҷониб имомхатибону сархатибон маош мегиранд.  

ТЕЪДОДИ ҲОҶИЁН АФЗУД
Зиёраткунандагони ҳаҷ, ки дар замони шӯравӣ ҳамагӣ 30 нафарро ташкил медоданд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораашон ба зиёда аз 220 000 нафар расид. Ногуфта намонад, ки нахустин ҳоҷиҳо аз тамоми Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) ҳамагӣ 6 нафарро ташкил менамуданд, ки моҳи ноябри соли 1944 ба зиёрати Хонаи Худо рафта, моҳи феврали соли 1945 аз зиёрат баргаштаанд. Имрӯз барои адои маносики ҳаҷ монеае дида намешавад. Ҳар нафаре метавонад, озодона ҳаҷҷу умраро ба ҷо орад.

БУНЁДИ МАСҶИДИ КАЛОНИ ҶОМЕИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дигар дастоварди нодир ва бузурги давраи Истиқлолияти давлатӣ, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бунёд шудани яке аз бузургтарин масҷидҳо дар Осиёи Миёна мебошад.  Масҷиди мазкур  дар ҳудуди 12 гектар замин, ки дар 3 гектари он бинои масҷид  аз ҷониби мутахассисони варзидаи   Тоҷикистону Қатар   бунёд гардида, дорои 3 даромадгоҳи калон  мебошад. Атрофи иншоот ба масофаи 92000 (наваду ду ҳазор) метри мураббаъ корҳои  кабудизоркунӣ  амалӣ шудааст, ки системаи обрасонии он ба таври компютерӣ амалӣ мешавад. Дар ду тарафи даромадгоҳ, инчунин, барои нақлиёт таваққуфгоҳ бо 500 ҷой бунёд гардидааст. Гирду атрофи масҷид дар масоҳати 31500 (сиву як ҳазору панҷсад) метри мураббаъ роҳравҳо бо сафолакҳои истеҳсоли ватанӣ пӯшиш дода шудааст. Системаи равшанидиҳии беруни масҷидро 6623 (шаш ҳазору бисту се) дона  чароғаки гуногуншакли истеҳсоли кишварҳои Фаронса, Англия ва Олмон   таъмин менамояд.
Дар толори намозгузории калон 16600 намозгузор, дар ду толори намозгузории хурд метавонад дар як вақт 6987 намозгузор ҷой гирад. Дохили толорҳои мазкур пурра қолинпӯш гардида, дар қисмати ҷануби ғарбии толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст. Дар ду ошёнаи масҷид 365 адад таҳоратхона ва барои омӯзиши нозукиҳои илми динӣ 6  синфхонаи барҳавои дигар ҷой дорад. Ҳамин гуна, дар маҷмӯъ, масоҳати ошёнаи якуми бино 18 444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ошёнаи дуюм як толори қабули меҳмонон ва баргузории мулоқотҳо, 2 китобхона, 9 утоқи кории маъмурӣ, 3 утоқ барои хоби меҳмонон ҷойгир шудаанд. Ошёнаи сеюми бинои масҷид 800 метри мураббаъро ташкил дода, дар он дастгоҳҳои техникӣ насб карда шудааст.
Дар умум, масҷиди тозабунёд дар як вақт метавонад якбора ба 115 000 намозгузор хизмат расонад. Бояд зикр кард, ки сохтмони ин иншоот бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва сохтмончиёни баландихтисос аз Латвия, Туркия, Туркманистон ва дигар кишварҳо анҷом дода шудааст. Масҷиди мазкур бо ба даст омадани имконияти мусоид ва паст шудани шиддати бемории сироятии коронавирус  дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз хоҳад намуд.
Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба баровардагардонии ниёзи динии мардуми кишвар равона гардонда шудааст ва моро зарур аст шукргузории ин неъматҳоро фаромӯш насозем.

Азизулло МИРЗОЗОДА,
муовини раиси Кумитаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 95
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед