иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Таваккал Идрисов паз аз хатми мактаби миёнаи № 15 - и ноҳияи Вахш ба Институти политехникии шаҳри Тошканд дохил шуда, онро соли 1970 хатм мекунад.
Аспиранти Институти кимиёи умумӣ ва ғайриузвии Академияи фанҳои СССР дар шаҳри Москва (1972-1975) буд. Номзади илми кимиё (1975), профессор (2006), профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2011) аст. Ҳамчун ординатори кафедраи паразитологияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, муҳаррири калони илмии Сарредаксияи энсиклопедияи тоҷик (1976 -1980) дар таҳия, таҳрир ва таълифи мақолаҳои энсиклопедӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Аз соли 1980 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи кимиё, декани факултаи донишҷӯёни хориҷӣ, ноиби ректор оид ба таълими ғоибона кор кардааст. Ҳоло профессори кафедраи кимиёи донишгоҳи мазкур мебошад.
Таваккал Идрисов 130 мақолаи илмӣ, китоби дарсӣ ва дастури методӣ навиштааст, ки қисме аз онҳо дар Россия, Афғонистон, Эрон ва Швейтсария ба табъ расидаанд. Шаҳодатномаи ихтироъкорӣ дорад. «Фарҳанги тафсирии русӣ - дарии истилоҳоти кимиё» ва се китоби дарсиро аз фанни кимиё дар Афғонистон эҷод ва чоп намудааст.
Соҳаи тадқиқоти илмии Таваккал Идрисов «Синтез ва таҳқиқи пайвастҳои комплексии микроэлементҳои аз нигоҳи физиологӣ фаъол», «Омӯзиш ва таҳқиқи таркиби кимиёии оби ҳавзаи дарёи Варзоб» ва «Таъсири нуриҳои минералӣ ба нашъунамо ва маҳсулнокии зироатҳои техникӣ» мебошад. Дар конфронс ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (Россия, Гурҷистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон ва ғайра) иштирок намудааст.
Солҳои 1981 - 1985 аз ҷониби Вазорати мактабҳои олии СССР ба Афғонистон ба сифати устоди донишгоҳи Кобул фиристода шуд. Барои хизматҳои назаррас дар бахшҳои ташкили раванди таълим ва тарбияи кадрҳо дар Афғонистон Таваккал Идрисов бо ифтихорномаҳои Сафорати СССР дар Афғонистон, Вазорати мактабҳои олии Афғонистон ва донишгоҳи Кобул қадр шудааст.
Вазорати мактабҳои олии СССР хизматҳои Таваккал Идрисовро дар тайёр намудани мутахассисони варзида барои мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ба назар гирифта, соли 1991 ӯро бо нишони «Барои хизматҳои аъло дар соҳаи маорифи СССР» сарфароз намудааст.
Хизматҳои Таваккал Идрисов дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ордени «Шараф» (соли 1999) қадр гашта, Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.10.2020 №: 199 - 200 Мутолиа карданд: 89