logo

иҷтимоиёт

САРАЗМ – САРАХБОРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

Мусоҳиба бо раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода

ЯКЕ АЗ ПАНҶ НАХУСТТАМАДДУНИ ИНСОНӢ
- Бори охир ба Саразм ду сол қабл омада будем. Баъди таҷлили бошукӯҳи Ҷашни 5500-солагии Саразм, ки ширкати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он манзалату ҷозибаи хосса бахшид, имрӯз ба он ҷо рафта, ростӣ, нашинохтем. Саразм ончунон оростаю пероста шуда, ки касро беихтиёр ба ваҷд меорад. Аввал бунёди дарвозаи муҳташами ҳафриёт, ки нигораҳояш таърихи ташаккули тамаддуни ориёиро таҷассум кардаанд. Ҳамчунин, осорхонаи нав, ки дар он барои ҳифз ва намоиши бозёфтҳои нодир беҳтарин шароит фароҳам шудааст. Хуллас, ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар шаҳр басо дигаргунӣ дидем.  
- Аслан, ҳамон нафаре ба ободкорӣ машғул мешавад, ки ватандӯст бошад. Ватандӯстӣ бошад, аз донистани таърихи кишвари худ, ифтихор аз он маншаъ мегирад.  Тоҷикистони мо на танҳо табиати дилошӯб, ҳамчунин, мавзеъҳои зиёде бо решаи бостонӣ дорад. Ва вақте бо ифтихор Кӯлдара, Хонақоҳ, Саразми бостонӣ, Тахти Сангин,  Аҷинатеппа, Панҷакенти Қадим, Ҳулбук, Бунҷикат, Шаҳристон, Ҳисорак, Санҷаршоҳ, Карон, Ямчун… мегӯем, дил саршори фараҳ мегардад. Зеро ҳар кадоми онҳо нишоне аз таъриху гузаштаи пурғановати ниёкони бузургу тамаддунофари мост, ки ворисонашон имрӯз бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Парчами истиқлол на танҳо роҳи созандагию ободкорӣ пеш гирифтаанд, ҳамчунин, мероси гаронмояи онҳоро ҳифз мекунанд, арҷ мегузоранд, манзури ҷаҳониён месозанд.
Гирем, Саразмро. Таҳқиқи бозёфтҳои он дар муосиртарин озмоишгоҳҳои дунё собит сохт, ки дар ин ҷо яке аз панҷ тамаддуни бузургтарини инсонӣ ташаккул ёфтаву рушд кардааст. Яъне, гузаштагони мо дар саргаҳи ташаккули инсоният қарор доштаанд. Ин нишони бузургии хираду заковати онҳост, ки ҳанӯз дар давраи энеолит, яъне сангу биринҷ, 5,5 ҳазор сол қабл шаҳр месохтанд, 12 намуд ғалладона мекоштанд, дар кура маъдан мегудохтанд, анбори 100- тоннагии гандум рост мекарданд, аз тиллою нуқра зевар меофариданд, то 1400 километр, яъне то Ҳинд роҳ паймуда, тиҷорат менамуданд. Шабаҳои ба андозаи арзан хурду бо вуҷуди ин сурохдори заргарони саразмиро, ки Маликаи онҳо худро ороста буд, вақте бостоншиносон ба ришта гузаронданд, даҳ метр шуд.

 ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ САРАЗМ
- Ин воқеан, нубуғи 8 ҳазор ориёии Саразм – гузаштагони шарафманди мост, ки ҷумла ҷаҳонро ба шигифт овардааст. Бахти баланди мо, ки чунин ниёгони барӯманд дорем. Ва як мабдаи бузургии Сарвари давлатамон аз ҳамин ифтихорашон аз онҳо мебошад. Гузашта аз ин, ҳамаро чун худ дидан мехоҳанд, хосса ҷавононро, яъне Ватанро бо дирӯзу имрӯзаш дӯст бояд дошт, то ки фардо наку ояд. Вақте бо талошҳояшон Ҷашни бостониамон Наврӯз аввал дар кишварамон дубора эҳё шуду сипас онро ЮНЕСКО чун мероси гаронбаҳои ҷаҳонӣ пазируфт, ҳар фарди ватандӯст дарку фахр кард, ки тамаддуни тоҷик дубора оламгир мешавад.
- Афзуданиям, ки бахти Саразм ҳам хандид. Аввал зимни ду сафарашон солҳои 2003 ва 2005 ба Панҷакент аз Саразм, ки, ба қавле, зери по монда буду хавфи нобудӣ дошт, дидан карда, аз фано боздоштанд. Соли 2008 масоҳати ёдгории бостонмро девор гирифтаанд ва панҷ ҳафриёт барои бегазандӣ аз барфу борон болопӯш карда шуд. Сониян, тамоми тадбирҳоро андешиданд, то ки он ба феҳристи ёдгориҳои башарии ЮНЕСКО шомил гардад. Яъне, расман манзалату арзиши ҷаҳонӣ ёбад. Ва ин воқеаи таърихӣ 31 июли соли 2010 дар ҷаласаи 34-уми ин ниҳоди ҷаҳонӣ дар Бразилия ба вуқӯъ пайваст.
Баъдан низ бо ҳидояту супоришҳои Сарвари давлат Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳоро меандешид, ки омӯзиши таърихи гузашта дар ин ҷо густурдатар сурат гирад ва ҳамкорӣ бо олимони варзидаи хориҷӣ вусъат ёбад. Солиёни зиёд бостоншиноси маъруф шодравон Абдуллоҷон Исҳоқов, баъдан шогирдашон, олими ҷӯё Абдурауф Раззоқов ва дигар ҳамкоронашон бо бостоншиносони сатҳи ҷаҳонӣ аз Россия, Франсия, Олмон, Италия ва кишварҳои дигар ҳафриёти муштарак мебурданду мебаранд ва дастовардҳои илмияшон дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ интишор ёфта, ба ин васила низ эътибори Саразм меафзуд. Месазад, ки дар иртибот ба таҷлили солгарди бузурги Саразм аз чанд бозёфти нодир аз ин мамнӯъгоҳ ёдовар шавем. То кунун аз қаъри хок беш аз 150 манзил, чор маъбади оташпарастӣ, як анбори ғалла ва як бӯстонсароро пайдо кардаанд. Ин бозёфтҳо шаҳодати ҳунари волои шаҳрсозии саразмиён аст. Кашфи Маликаи Саразм бошад, миёни бостоншиносони дунё ҳангомае барпо кард. Дар маҷмӯъ, ин ҳама далели ташаккули фарҳанги шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, маъдангудозӣ, ҳунармандӣ ва тиҷоратии мардуми шаҳр дар ҳазораҳои шашу панҷ мебошад.
Чуноне зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқов мегуфтанд, ҳудуди Саразм беш аз 100 гектарро фаро мегирад, ки қисми зиёдаш алҳол омӯхтаву таҳқиқ  нашудааст. Метавон изҳори умед кард, ки ковишҳои фарогири минбаъдаи олимони ватанӣ ва хориҷӣ бозёфтҳои нав хоҳанд овард.    

ШАҲРИ КУҲАН ҶАВОН ШУД
- Тасмими Пешвои муаззами миллат дар хусуси таҷлили 5500-солагии Саразм дар солномаи ҳифзу муаррифии ин ҳафриёти беназир саҳифаи тозае кушод ва тавре шоҳид гаштем, он аз як пойгоҳи одӣ ба маркази мукаммали пажӯҳишҳои илмӣ бо озмоишгоҳи муосир табдил ёфт. Алъон барои дар сатҳи баланд қабул кардани сайёҳони ватанию хориҷӣ, намоиши бозёфтҳо аз ҳафриёт шароити бесобиқа фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, дар шаҳр низ ба ин муносибат чандин иншооти муҳим бунёд ёфт.
- Бешак, ин тасмими таърихии Ҷаноби Олӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ буда, аҳамияти на танҳо умумимиллӣ, балки ҷаҳонӣ дошт, зеро он як навъ ҷамъбасти фаъолият ва дастовардҳои илми бостоншиносии ватанӣ, корҳои анҷомдода ҷиҳати ҳифзи ёдгорӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ низ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, мо чун мизбон масъулияти азиме доштем, то ин ҷашнвора дар сатҳи баланд сурат гирад. Бо ин мақсад, дар асоси ҳидояту супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Ҷашни 5500-солагии Саразм бо роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, маслиҳатҳои Академияи миллии илмҳои кишвар, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИ Тоҷикистон ободкориҳои густурда сурат гирифтанд. Ба ин васила, мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм соҳиби осорхона ва озмоишгоҳи замонавӣ шуд. Дар ҳудуди он меҳмонхона ҳам қомат қомат афрохт. Дарвозааш низ басо зебо баромад. Сари роҳ растаи ҳунармандӣ ҳам айни муддао омад. Дар баробари ин, Пешвои миллат дар рӯзи ҷашнвора якчанд иншооти нав, аз ҷумла бинои панҷошёнаи беморхонаи марказии шаҳр, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 дар шаҳраки Саразм, корхонаи бандубасти мева ва сабзавоти хушкондаи ҶСК «Маърифатпарвар», меҳмонхонаи шашошёнаи «Саразм – Плаза» ва бинои сеошёнаи маъмурии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд, ки Панҷакентро ободтару зеботар гардонд.

ПАНҶАКЕНТ БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН МЕШАВАД
- Алъон дар Панҷакенти Қадим ва Саразм, шаҳри Карони ноҳияи Дарвоз, қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, қабристони давраи биринҷии ноҳияи Фархор, димнаи деҳаи Хушдилони ноҳияи Данғара, қалъаи Луғмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва даҳҳо дигар мавзеи таърихии кишвар бостоншиносони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷии худ ҳафриёт мебаранд. Яқин, ки, ба ин васила, дар солномаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳифаҳои заррин зам хоҳанд шуд. Истифодаи ин имконияти бузург ва беназирро Сарвари давлат барои рушди сайёҳӣ пайваста таъкид месозанд. Дар ҷашнвораи Саразм бори дигар ба он таваққуф намуданд.
- Воқеан, Тоҷикистони маҳбуб бо табиати афсонавӣ  ва мавзеъҳои таърихияш барои нумӯи бемисли соҳа  ниҳоят созгор аст. Панҷакент низ. Айни замон дар Панҷакент 22 ширкати сайёҳӣ фаъ-олият дошта, сол ба сол инфрасохтори соҳа тақвият меёбад. Дар натиҷа, теъдоди сайёҳон торафт меафзояд. Аз ҷумла, соли 2019 ба ҷумҳурӣ бори аввал қариб  1,5 миллион сайёҳ омад. Дар Панҷакент бошад, назар ба соле пеш теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ беш аз се маротиба афзуд.
Сарвари давлат зимни суханронияшон дар ҷамъомади тантанавии Саразм доир ба истифодаи самараноки он ҳамчун ёдгории беҳамтои таърихӣ ва дигар мавзеъҳои нодир барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ чунин гуфтанд: «Хотирнишон менамоям, ки дар сурати дурусту ҳадафнок ба роҳ мондани корҳо дар ин самт шаҳри Панҷакент ва ёдгориҳои нодири онро ба шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон табдил додан мумкин аст». Ва мо бояд тамоми имкониятҳои зеҳнию моддӣ ва техникиро роҳандозӣ кунем, то ки ин қуллаи мурод фатҳ гардад.

Мусоҳиб Шамсиддин НАСРИДДИНОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 99
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед