logo

иҷтимоиёт

ДИЛИ БУЗУРГ

Як унсури муҳиму ҳатмии сафарҳои кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар вохӯриҳои самимӣ бо ятимону барҷомондагон ва лутфу инояташон ба онҳо гаштааст. Дар сафари навбатиашон ба шаҳри Панҷакент, ки чанде пеш сурат гирифт, ин анъанаи нек идома ёфт. Дар ҷараёни он як вохӯрии ғайричашмдошт низ ба вуқӯъ пайваст, ки чуноне мегӯянд, «дар протокол» набуд.

НОМА БА ПРЕЗИДЕНТ
Мардуми шаҳри Панҷакент бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва вилояти Суғд баъди омодагии қариб дусола ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи санаи фархунда – 5500 - солагии Саразм ҳам дар ин мавзеи таърихӣ ва ҳам дар шаҳр чун армуғон бисёр иншооти ҷашниро бунёд намуда, ташрифи Пешвои муаззамро бесаброна интизор буданд. Он рӯзи саид низ фаро расиду дар шаҳру Саразми оростаю пероста Сарвари давлат якчанд иншоотро ба истифода дода, дар ҷамъомади тантанавии Саразм ширкат варзиданд. Ин ҳамаро тариқи намоиши мустақими телевизион ҳама бо ифтихор тамошо кардем.
Аз ҷумла, дар шаҳр дар шафати майдони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ меҳмонхонаи хуштарҳи «Саразм Плаза»-ро ифтитоҳ намуданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо бо 30 ятим вохӯрда, ба онҳо либос ва васоити хониш туҳфа карданд. Сипас, корвони мошинҳо бо меҳмонони олиқадр ба ҳаракат омад. Ин вақт ғайриинтизор духтараке сари роҳи он баромад, то ки Президентро бубинад. Кӣ буд ӯ, чаро пеши роҳ гирифтан хост, чӣ муддао дошт, он лаҳзаҳо ҳам ба мизбонону ҳам меҳмонон маълум набуд.
Вақте баъди тантанаҳои ҷашнӣ мо, хабарнигорони «Ҷумҳурият», ба Панҷакент омадем, аз ҷумла дар суроғи ӯ шудем, ки ба чӣ ваҷҳе ин воқеа рӯй дод.  Фақат ҳамин қадар маълум буд, ки Хосият Олишова хонандаи МТМУ рақами 71-и шаҳр аст. Ба муассисаи таълимӣ рафтем. Зимни суҳбат Хосият гуфт, ки ду моҳ пеш падараш вафот карду онҳо бесарпаноҳу бесаробон монданд. Ночор хонаеро иҷора гирифтанд.
- Баъди ин мусибат фикре шабу рӯз азобам медод, ки ояндаи модараму мо, фарзандон, чӣ мешавад? Ману бародарам бояд хонем ва то ба воя расидан дар куҷо ва чӣ тавр зиндагӣ мекунем? – дарди дил кард Хосият.
Вазъи душвори зиндагӣ духтаракро водор намудааст, ки ба амали ғайриодӣ даст занад.
- Борҳо аз телевизион дидаам, ки Пешвои миллат ҳар куҷо рафтанд, дасти сахо ба сари ятимон гузоштанд, меҳрубонию кумакашон карданд. Барои ҳамин аз аҳволи бадамон ба номашон мактуб навистам. Шояд барои ҳалли мушкили мо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳрамон ёрӣ медод.  Аммо  он  вақт  дар  фикру зикрам фақат Президент буданд.  Вақте Пешвои миллат баъди ба истифода додани меҳмонхонаи «Саразм Плаза» ва вохӯрӣ бо ятимон ба мошин савор шуда, корвон ҳаракат кард, сари роҳ баромадам. Вале чанд тан маро канор бурдан хостанд. Бо овози баланд «Ман ба Президент мактуб дорам» гуфтам.  Сарвари давлат магар овози баланди маро шуниданд, ки мошинашон бозистоду ишораи ба ман роҳ додан намуданд. Мактубро бароварда ба шахсе додам, ки назди мошинашон меистод. Вай онро ба Пешвои миллат расонд, - тафсилоти воқеаро гуфт Хосият.
Модараш Манзура Шодмонова мегӯяд, ки аз нияту рафтори духтараш хабар надошт:
- Мо аз балкони хонаи ҳамсоя рафти кушодани меҳмонхонаи навро тамошо доштем. Ногаҳ дидам, ки Хосият нест. Гумон кардам, ки хона рафтааст. Баъди чанде омад. Ранги рӯяш канда буд, аммо чашмонаш барқ мезаданд. Тарсида пурсидам: «Чӣ шуд?» Гуфт, ки ба Президент мактуб додам. Ҳайрон шудам: «Чӣ хел мактуб, ту Президентро дидӣ?!» Ӯ воқеаро нақл намуд. Баъд Хосиятро сахт сарзаниш кардам, ки Сарвари давлат ҳазору як ташвиш доранду ҳамин номаи ту намерасид.
Лаҳзае чанд ӯ хомуш монду баъд дар лабаш табассуми зебое шукуфт:
- Дили модарро бузург мегӯянд. Вақте фаҳ-мидам, ки Президенти кишвар барои дастгирии як духтарчаи ношинос аз роҳашон бозистодаанд, сарам ба осмон расид. Парвардигор дили бузурге нисори он кас кардааст, ки ба доди ҳама мерасанд.

МИЁНИ МО ДЕВОР НЕСТ
Воқеан, мову шумо тавассути телевизион борҳо шоҳиди он гаштаем, ки дар ҷараёни мулоқот ва ҷамъомадҳо баъди суҳбат, суханронӣ, саволу ҷавоб бисёр донишҷӯён ё мутахассисони ҷавони лаёқатманд бо супориши Сарвари давлат таҳти васояти сарони вазоратҳо гирифта, ба рӯйхати кадрҳо сабт карда мешаванд, вазифа мегиранд, барои идомаи таҳсил ё такмили тахассус ба хориҷа фиристода мешаванд, мушкили дигар ниёзмандон, аз ҷумла беманзилӣ ҳал мегардад. Яъне, ягон нафари ба Сарвари давлат муроҷиаткарда ноумед намондааст, то қадри имкон дастгирӣ ёфтааст.
Ҳодисаи болоӣ бори дигар собит мекунад, ки миёни Пешвои миллат ва мардум деворе набуду нест ва барои ҳама дастрасанд, аз ҷумла ба хонандаи одӣ. Зеро гӯши шунаво, дили дардошно ва дасти сахо доранд. Ва тавре худ пайваста таъкид мекунанд, ин маснади олиро Парвардигор барояшон баҳри хизмат ба халқ насиб гардондааст.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 103
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед