logo

иҷтимоиёт

МУҲАҚҚИҚИ БАРҶАСТАИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. СУХАНЕ ЧАНД АЗ НОДИРАКОРИҲОИ БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ

"Соли 1965 дар арки Панҷакент бостоншинос А. Исҳоқов бори нахуст дар таърих алифбои суғдиро ёфт. Дар танаи хум ҳарфҳо ва машқи хат сабт шуда буд. Алифбо 28 ҳарф дорад, ки он тамоми ҳарфҳои алифбои оромӣ аст ва  ҳатто он ҳарфҳое низ ҳастанд, ки амалан истифода  намешуданд".
Бобоҷон Ғафуров, "Тоҷикон"

ХАТИ СУҒДӢ АЗ КУҲАНДИЗИ ПАНҶАКЕНТ
Ин навиштаро хондаму суханҳои матншиноси маъруф, устоди донишгоҳиам Дадашевро, ки ба мо  аз фанни матншиносӣ дарс медод, ба хотирам расид. Устод бо ифтихор мегуфт: «Хати суғдӣ яке аз нахустин хат дар ҷаҳон аст. Ифтихор мекунем, ки  офарандагони ин хат гузаштагони номвари тоҷикон мебошанд. Матншиносони рус пораҳои навиштаҷоти гуногуни суғдиро хондаанд, аммо бозгардони  матнҳо чандон комил нест, зеро то имрӯз алифбои мукаммали суғдӣ ёфт нашудааст. Ва ниҳоят ин алифборо Абдуллоҷон Исҳоқов ёфт».
Кашфиёти нодир ба бостоншиноси ҷавон дар соли ҳафтуми фаъолияташ, ҳангоми ковишҳои бостонӣ аз куҳандизи Панҷакенти  Қадим муяссар гардид. Он вақт ӯ таҳти сарварии ходими илмии Институти таърихи маданияти моддии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург), профессор Александр Маркович Беленитский кор мекард. Тавре суғдшиноси намоёни рус В. А. Лившитс менигорад, ин алифбо имкон дод, ки хондани дастхатҳои бо забони суғдӣ навишташуда  осон гардад. Алифбои дарёфтаи муҳаққиқи ҷӯё дар хондани осори хаттии  бо забони суғдӣ навишташуда, ки аз кӯҳи Муғи ноҳияи Айнӣ ёфт шуданд, нақши бориз бозид.

КАШФИЁТЕ, КИ ДУНЁРО БА ШИГИФТ ОВАРД
Абдуллоҷон Исҳоқов, ки баъдтар дар вазифаи сарвари Пойгоҳи  бостоншиносии Панҷакенти Қадим ва Саразм кор кардааст, на танҳо ба таҳқиқи ёдгории беназири Панҷакенти Қадим  машғул  буд,  балки  ёдгориҳои  ҳудуди водии Зарафшон – Филмандар, Зардчахалифа, Холиқназар, Кӯчраҳа, Косатарошу Зебон ва ғайраро омӯхта, тарзи ҳаёти моддию мадании сокинони деҳнишини замони кӯшониён ва суғдиён, бӯстонсарои ҳокимони Панҷакенти Қадим, кӯшку дижҳои заминдоронро ба мо – ворисони имрӯзаи ин тамаддуни бузург  ошно намудааст.
13 сентябри соли 1976 барои ӯ ҳамчун рӯзи мавлудаш рӯзи фаромӯшнашавандаю таърихӣ,   шуҳрату  номварӣ дар илми бостоншиносии тоҷик гардид.
"Дар  соҳили дарёи Зарафшон, сари шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд, дар наздикии дашти Саразм ёдгории аҳди биринҷиро пайдо намудам, - омадааст дар китоби олим таҳти унвони "Саразм". - Ин сатрҳоро навишта, ба кашшофони ин ёдгории беҳамто маъюби ҶБВ Ашӯралӣ Тайлонов ва духтараш Ҷамила ҳазорҳо ташаккур мегӯям. Онҳо ба осорхонаи ба номи Рӯдакӣ даромада, чашмашон ба табарчаи гаҷие афтодааст. Ин  табарча нусхаи табари биринҷии аз деҳаи Ёрии ноҳия ёфтшуда буд. Ашӯралӣ аз корманди осорхона дар бораи он  пурсида, гуфтааст, ки ҳангоми хонасозӣ вай ҳам чунин табар ёфтаасту агар барои осорхона зарур бошад, ӯ метавонад онро туҳфа намояд.
Вақте ин хабари хушро ба ман расонданд, ба гӯшҳоям бовар накардам, зеро он аз як воқеаи оламшумуле дарак медод, ки солҳо интизораш будем. Дарҳол ба деҳаи Авазалӣ ба дидани Ашӯралию бозёфташ шитофтам". Ҳамин тавр, қадимтарин шаҳраки суғдиён кашф гардид ва таҳқиқи он оғоз ёфт.
-Давоми чанд рӯз дар якчанд нуқтаи  ёдгорӣ чоҳҳои санҷишӣ кофта, осори гуногун ва сафолпораҳои зиёдеро пайдо намудем,  вале ягон пораи зарфи гулдор, ки дар асоси он санаи қабатҳо дақиқ муайян мегардад, пайдо нашуд. Миёнаҳои моҳи феврал бо устод ба Саразм рафтем. Ду рӯз он ҷо кор кардем, рӯзи сеюми ковишҳо  аз чуқурии зиёда аз 3 метр нисфи зарфи ҷомшакли зебо бо ранги қаҳвагӣ наққошишуда, чанд осори устухонӣ ва сангии ҷолибе баромад, - ба ёд меорад номзади илми таърих Усмон Эшонзода.
Ҳамин тавр, нахустин осори рӯзгори саразмиёни замони энеолит- санг ва биринҷ ёфт шуд. Бозёфтҳои бешумори солҳои баъдӣ имкон доданд, ки  паҳлуҳои гуногуни ҳаёти моддию мадании саразмиён, олами набототу ҳайвонот, намунаҳои сарватҳои табиӣ, осори кишоварзӣ, санъати меъморӣ, маъдангудозӣ, кулолию заргарӣ, эътиқоди мазҳабӣ ва ғайра омӯхта шаванд.

МАЛИКАИ САРАЗМ ВА ДАСТПОНА АЗ УҚЁНУСИ ҲИНД
Сохти ҷамъиятии Саразм дар ҳазорсолаҳои IV-III модаршоҳӣ буд, ба хулоса расид олими тоҷик. Ин даъворо бостоншиносони шӯравӣ, Фаронса, ИМА ва дигар кишварҳо тасдиқ намуданд. Бостоншиноси машҳури Амрико, профессори Донишгоҳи Ҳарварди шаҳри Кембриҷ К. К. Ламберг - Карловский дар як суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо гуфта буд, ки ба туфайли ҳафриёти Саразм таърихи пайдоиши ҷамъияти замони модаршоҳию падаршоҳии инсоният муайян шуд.
Карловский ва ҳамкасбаш аз коллеҷи иёлати Массачусетс Филипп Колл, ки тобистони соли 1985 дар ду мавзеи ёдгории Саразм тадқиқот гузаронда, аз зери хоктӯдаҳо чаҳор хонаи похсагину хиштин ва  дар ин хонаҳо осори зиёди маданияти саразмиёнро пайдо карда буданд, ба хулоса омаданд, ки сокинони ин диёр дар замони асри сангу биринҷ дорои маданияти баланди шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ будаанд.
Устод Исҳоқов зуд – зуд ба идораи рӯзномаи "Зарафшон" меомаданд, албатта, дасти холӣ не, бо мақола аз бозёфтҳои нав. Боре бо табъи ниҳоят хуш даромада омаданду бидуни дебоча «Мо маликаи Саразмро пайдо кардем» гуфтанд. Самимона табрикашон намудам.
- Чаро Малика номидем? Зеро зан дар ҷомеаи саразмиҳо мавқеи асосӣ ва ҳалкунанда дошт, - гуфта буданд дар ҷавоби нахустин саволам. – Мадфани маликаи Саразм, ки ҳамроҳи ду ҷасади дигар, мард ва духтарча пайдо гашт, бо зару зевар ва ороишоти зиёди занона аз қабрҳои дигар фарқ мекард.
Олими муваффақ дастпона ва гарданбанди заррин, ду дастпонаи аз устухони моҳии баҳрӣ (шояд аз уқёнуси Ҳинд) сохташуда, марҷонҳои заррини аз кокули бону ёфтшударо  борҳо ба мо нишон додаву гуфта буданд, ки чунин осори гаронмоя дар ягон минтақаҳо ё кишвари дигар то ҳанӯз дарёфт нашудааст. Ин ҳама маҳсули дастони эъҷозофари ҳунармандони  аҳди энеолити Саразм буданд. Дар бораи маснуоти ороишии аз сангҳои гуногун-булӯр, ақиқ, лоҷувард, фирӯза, санги сулаймонӣ, биринҷӣ ва ғайра сохтаи заргарони соҳибҳунари саразмӣ бо шавқ  қисса карда, арзиши бебаҳои ҷавоҳирот ва ҳунари баланди офарандагонашро бо ифтихор таъкид менамуданд.

«ИН БЕХАБАРОН ЗАМИНИ ЁДГОРИРО НОБУД МЕКУНАНД…»
Боре ба идора мушаввашхотир омада, аз банда хоҳиш карданд, ки якҷоя ба сессияи шӯрои вакилони халқи шаҳр, ки бояд дар охири соли 1990 баргузор мешуд, муроҷиатномае таҳия созем. Гап сари он буд, ки аз майдони қариб садгектараи  ёдгорӣ қисми зиёдашро колхози "Ленинград" барои кишт истифода бурда, ҷиҳати сохтани манзил ба сокинони деҳоти атроф тақсим мекунад. Ҳамон рӯзҳо раёсати колхоз боз 5 гектар замини ёдгориро чун замини наздиҳавлигӣ  ба аъзои хоҷагӣ додааст. Устод бисёр асабӣ буданд. Гуфтанд, ки бо қарори муштараки Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии  Фаронса соли 1992 дар Панҷакент конфронси бостоншиносони ҳар ду кишвар бо мақсади ҷашнгирии таърихи тамаддуни 6000-солаи суғдиён доир мешавад. Агар олимони машҳур чунин тороҷсозии замини ёдгориро бинанд, чӣ мегӯянд?!
Аз номи эшон ба унвони сессия нома навиштем, ки ҳудуди ёдгориҳои таърихии Панҷакент, аз ҷумла ёдгории шаҳраки Саразм,  аз ҳисоби хоҷагиҳо бароварда шавад. Дар он, ҳамчунин, масъалаи бунёди осорхонаи таъриху тамаддуни суғдӣ дар Саразм  ба миён гузошта, бо ин мақсад, аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷудо кардани 25-30 ҳазор сӯм дархост мешуд. Сессияи шаҳрӣ ин дархостро баррасӣ карда, дар бораи ба ҳудуди ёдгорӣ баргардондани масоҳати 7 гектар замини ғасбшуда, ҷудо кардани маблағи зарурӣ ва ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта қарор қабул намуд. Хушбахтона, қарор рӯйи коғаз намонд.
Барқарор ва ҳифз намудани ҳудуди тақрибан 100 – гектараи ёдгории Саразм имрӯз низ аз муҳимтарин вазифаҳост. Ва таҷлили бошукӯҳи Ҷашни фархундаи 5500 – солагии Саразм, ки бо ибтикор ва иштироки Пешвои фарҳангсолори миллат чанде пеш сурат гирифт, ободкориҳои беназир дар ин шаҳраки бостонӣ шаҳодати рӯшани онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо ба ин ганҷи бебаҳои ориёӣ арҷ мегузоранд, балки бо ғамхорию дастурҳои Сарвари давлат онро дилсӯзона ҳифз ҳам мекунанд.
Чун ҳарф аз хизматҳои шоёни олими зиндаёд, доктори илми таърих Абдуллоҷон Исҳоқов дар омӯзиши таърихи ниёгон, хосса шаҳраки Саразм рафт, суханҳои бостоншиноси номвар, академик Б. А. Литвинский беҳтарин баҳо хоҳанд буд: "Ҳафриёти Саразм бо роҳбарии А.И.Исҳоқов аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Он барои таърихи халқи тоҷик ниҳоят муҳим аст. Зеро бори нахуст аниқ кардан муяссар гашт, ки гузаштагони тоҷикон дар водии Зарафшон камаш 6 ҳазор сол муқаддам, эҳтимол аз ин ҳам пештар кишоварз будаанд. Ин фаҳмишу тасаввуроти моро дар бораи таърихи қадимтарини Тоҷикистон билкул дигар мекунад. Ҳамин тавр, ба шарофати Саразм на танҳо ҳудуди Панҷакент, балки тамоми Тоҷикистон ба ҳайати тамаддуни қадимтарини инсоният дохил мешавад».

Луқмон ҚУРБОН, сардабири рӯзномаи «Зарафшон»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 101
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед