logo

иҷтимоиёт

КАСЕ, КИ ХИЁНАТ МЕКУНАД, БАХШИДА НАХОҲАД ШУД!

Хостори идора кардани гурӯҳе, қабилае, давлату мулки дорои захираҳои бузург дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва мемонад. Дар филми мустанади «Хиёнат» наворҳои гуногуни инъикоси муборизаи гурӯҳи манфиатдор, ки бо роҳи зӯрӣ хоҳиши соҳиб шудан ба кишвари Тоҷикистон ва идора кардани мардуми онро дошт, низ аён ба чашм расид. Ҳол он ки онҳо намедонистанд, хоҳу нохоҳ некӣ бар бадӣ ғолиб меояд ва чунин ҳам шуд.
Тамошои филм маро лаҳзае ба он солҳои мудҳиш бурд. Ҳарчанд ҳафтсола будам, тарсу ваҳми мардум, талош барои дарёфти як бурда нон, сарсонию саргардонии атрофиёнро хуб дарк мекардам. Ҳанӯз ҳам лаҳзаи дар навбати нон истоданам ба ёд меояд.
Мардуми зиёд. Навбатпоии бо ҷангу хархаша, тела додани якдигар барои зудтар расидан ба назди дукони фурӯши нон дар соати 3 – и шаб. Дигар илоҷ наёфта, ангушт андаруни қулфайни дари мағоза андохтаму худро аз миёни мардум ба пеш кашидам. Бо як азоб ниҳоят ба назди дукон омада, 4 дона нон (хлеб) харидам, ки дар бағал нигоҳ доштанашон бисёр мушкил гардиду аз хурсандӣ аз миёни анбӯҳи одамон чӣ тавр баромаданамро надонистам. Ногаҳон нафари ношиноси хайрхоҳе мани кӯдакро бо хлеб дар бағал аз байни мардум берун овард.
Ин лаҳзаҳо мисли навори видеоӣ доимо пеши назаранд. Ҳоло ҳам дар вақти имрӯзи серию фаровонӣ ҳар боре ба мағозаи пур аз намуди нонҳо ва ё кулчақандҳо медароям, он солҳо ба хотир мерасанд. Охир, барои мани кӯдак дар ин синну сол, айни хушиву мактабравӣ дидани чунин даҳшати солҳои ҷанг чарост? Амри тақдир! 
Шодравон Хушбахт Ҳайдаршо, котиби масъули рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳамчун шахси ботамкину соҳибирода ва боадаб дар хотир мондааст. Бисёр оромона сухан меронд. Чеҳраи нуронӣ дошту лабханди ба худ зебанда. Акнун таассуроти кӯдакии дидор бо журналисти зиндаёдро ки насибам шудааст, аҳён – аҳён рӯйи коғаз оварда метавонам. Бо мо ҳамсоягии нек дошту баъзан ба хона меҳмон мешуд. Аз ӯ хотираи нек мондааст. Субҳи он рӯз аз шунидани хабари нохуши марги Хушбахт Ҳайдаршо ҳамсоягон, ёру дӯстон, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сахт андуҳгин гаштанд. Ӯро дар назди манзили зисташ ба қатл расонданд.
Акнун аниқ фаҳмидем, ки қотилони журналисти варзида киҳо будаанд. Ҳайдаршо аз ҷумлаи нафароне буд, ки ҳанӯз воқеаҳои февралии соли 1990 кӣ будани пайравони ҲНИ - ро амиқан сарфаҳм рафта буду аз ҳамон таърихи шум сар карда, дар ҷодаи ифшо сохтани мақсади сиёҳи мунофиқон нотарсона мубориза бурдааст. Барои ҳамин, террористони наҳзатӣ хостанд, ки қудрати зеҳнии чунин равшанфикрони пешбарандаи ҷомеаро нест карда, идеологияи худро ҷорӣ намоянд. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» низ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас парда аз рӯйи садҳо амали ин ҷинояткорон бардошт, ки дар баробари Хушбахт Ҳайдаршо беш аз 100 нафар донишмандон, фарҳангиён, рӯзноманигорон ва бисёр шахсони бегуноҳро аз байн бурданд: Муҳаммад Осимӣ, Мирҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сайф Афардӣ, Моёншо Назаршоев, Кароматулло Қурбонов, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Сафаралӣ Кенҷаев ...
Ҳадаф аз таҳияи филми «Хиёнат», пеш аз ҳама, инъикоси симоҳои манфури аъзои  ТТЭ ҲНИ аст, ки ба мардуми тоҷик даҳшати ҷанг оварданду ҳанӯз ҳам мехоҳанд сулҳу суботи кишварро ноором созанд. Ҳоло дониши сиёсӣ ва маърифати динии мардум хеле боло рафта, мардум, махсусан ҷавонон, мефаҳманд, ки киҳо бо тақдири миллат «бозӣ» мекунанд. Бале, аз як ҷиҳат гуфтан мумкин аст, ки ҷавонони имрӯза, хушбахтона, давраи солҳои ҷангро надида, шояд ба дарки сулҳу ваҳдати миллӣ камтар бирасанд. Барои онҳо филми «Хиёнат» дарси ибратомӯзи таърихӣ мебошад. Вале боз ҳам бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар ҷаҳони пешрафта имрӯза ҷавонони боҳушу зирак тарбия ёфта истодаанд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷавонону наврасоне ба воя расида истодаанд, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда метавонанд. Онҳо аз хиёнаткорӣ фарсахҳо дуранд. Чун медонанд: «Касе, ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд!»  

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2020    №: 201 - 202    Мутолиа карданд: 169
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед