logo

Хабарҳо

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

Дар толори cарраёсати молияи вилояти Хатлон филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки амалу кирдорҳои нангини хоинони Ватан – узви ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзати исломро ифшо мекунад, намоиш дода шуд. 
Мақсад аз намоиш, баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон оид ба кирдорҳои ношоям ва амалҳои ғаразноку иғвогаронаи мухолифони кишвар, ошкор намудани ҷиноятҳои пасипардагии ин хиёнатпешаҳо мебошад.
Дар филми «Хиёнат» маълум мешавад, ки хиёнаткорон бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон бар зидди давлату миллати тоҷик суханони носазо ва аз доираи ҳақиқат дурро баён месозанд.
Кормандони сарраёсати молияи вилоят ин амалҳои нангини хиёнаткоронро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки насли ҷавони имрӯз тавассути филми “Хиёнат” аз рафтору кирдор ва амалҳои ноҷавонмардонаи роҳбарият ва узви ташкилоти террористию экстремистии ҳизби назҳати ислом огоҳӣ пайдо намуда, фирефтаи хоинон намегарданд.
Чуноне филм бори дигар собит намуд,  он нафароне, ки дар вақташ фирефтаи дасисаҳои ҳизбӣ гашта буданд, ба роҳбарияти он нафрин доранд.
Боиси тазаккур аст, ки минтақаи Бохтар маркази  даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми он  азияти ин ҷанги бемаъниро беш аз ҳама  дидаанд ва аҳамияти таърихии сулҳу созишро хуб дарк намуда, баҳри пойдории амнияти давлат ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.
Дар охир аз кормандони сарраёсати молияи вилоят даъват шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мубориза алайҳи  зуҳуроти номатлуб, бахусус терроризму экстремизм, фаъол бошанд.
Дар ин бора ба  “Ҷумҳурият” Далер Шарифов, котиби матбуотии сарраёсати молияи вилоят хабар дод.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 356
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед