logo

иҷтимоиёт

ИНТИХОБИ ДУРУСТ – БОВАРӢ БА ОЯНДА. МУБОРАКАМОН БОД!

11 октябри соли 2020 дар саросари кишвар яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ– интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод доир гашт.
Рафти интихоботро мушоҳидони зиёди байналмилалӣ ва минтақавӣ дар гӯшаву канори кишвар назорат мебурданд. Дар интиҳои рӯз мушоҳидони хориҷӣ назари хешро ба намояндагони васоити ахбори омма изҳор доштанд.
Нозирон чанд бартарияти интихоботро дар Тоҷикистон зикр намуданд. Нахуст, қисмате аз онон аз соати 6 - и субҳ боз гаштани участкаҳои интихоботиро ғайримуқаррарӣ ҳисобиданд. Зеро дар кулли давлатҳои ҷаҳон маъракаи интихобот, аслан, аз соати 8 - и пагоҳӣ оғоз мешавад.
Яке аз мушоҳидон аз Федератсияи Россия садо додани Суруди миллиро қабл аз оғози кори участкаҳо шунида, дар ҳайрат афтодани хешро иброз намуд. Пас, бо табассум афзуд, ки дар мо ин амал роиҷ нест.
Онҳо аз сатҳи баланди омодагии участкаҳои интихоботӣ, гӯшаҳои таблиғотӣ, савияи дониши аъзо ва кордонии масъулон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Бо садои дафи бонувони бадахшӣ ва сурудхонии сокинони шаҳрҳои Хоруғ ва Бохтар дар шурӯи кор, соати шаши субҳ, мушоҳидон ҳайратзада шуданд. Масъулиятшиносии мардум, қатъи назар аз бемории коронавирус, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нозиронро дар тааҷҷуб гузошт. Чораҳои беҳдоштӣ ва безараргардонӣ, таъмини маҳлулҳои антисептикӣ дар тамоми участкаҳои интихоботӣ аз ҷониби кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мушоҳидонро қаноатманд гардонд.
Таҳияи ҳуҷраи модару кӯдак дар тамоми участкаҳои интихоботӣ аз назари мушоҳидон дур намонд.
Нозирони байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳангоми назорати рафти интихобот ягон камбудӣ, шикоят ва норасоиро надиданд ва аз ин хусус дар конфронси матбуотӣ изҳори назар карданд.
Боз як бори дигар латтаи мухолифин дар хориҷи кишвар, ба гуфти халқ, дар об зад. Кӯшишҳои зиёди онҳо дар бораи халал ворид сохтан дар рафти интихоботи Президенти Тоҷикистон ҷомаи амал напӯшид.
Халқи сарбаланди кишвар ба тарафдории номзади арзандаи хеш овоз дод.
Дирӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳузури доираи васеи мушоҳидони милливу байналмилалӣ ва журналистон иттилоъ дод, ки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92 дарсади овозҳо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз шуданд.
Ғалабаи Эмомалӣ Раҳмон ба ману мо – номбардорони миллат  муборак бод!

Умари ШЕРХОН, публитсист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2020    №: 203    Мутолиа карданд: 296
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед