logo

Хабарҳо

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи шаҳрванд Муҳаммадиқбол Садуриддинов, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, бар асоси моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯро дар кофтукови расмӣ қарор дод.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба М. Садуриддинов дар асоси муроҷиати се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб аз дасти ӯ фиреб хӯрдаанд, оғоз гардидааст. Тибқи иттилои манбаъ, ӯ моҳи майи соли 2010 дар ҳузури шоҳидон бо овардани ҳадис ва ривоятҳо аз Қуръон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Б. Кабутов 130 000, С. И. Холов 120 000 ва Н. Ш. Қаюмов 180 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағҳои онҳоро бо фоидааш (ҳар моҳ аз 10 то 12 дарсад) бармегардонад. Дар ҳамин ҳол, барои бовар ҳосил кардани шаҳрвандон М. Садуриддинов ду моҳи аввал ба онҳо 5-6 дарсади маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада дода, баъд аз он тиҷораташро муфлисшуда эълон медорад. Ӯ бо дурӯғ ва баҳонаҳои зиёд Н. Кабутов, С. Холов ва Н. Қаюмовро фиреб дода, мунтаҳо моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубай ба Бишкек ва аз онҷо ба Аврупо паноҳ мебарад.
Ҳамин тариқ, Муҳаммадиқбол Садуриддинов бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари амрикоиро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикр-гардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расондааст, ки ҳоло тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ идома дорад.

Ф.ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 364
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед