logo

Хабарҳо

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

«Интерфакс». Котиби давлатии ИМА изҳор дошт, ки оғози ҳарчи зудтари гуфтушуниди Вашингтон ва Москваро оид ба тамдиди МСС-3 – Созишномаи минбаъда коҳишдиҳӣ ва маҳдудсозии силоҳи стратегӣ - муҳим мешуморад.
 «Ба мо дилпур шудан зарур аст, ки намояндагони Россия ва ИМА ҳарчи тезтар музокирот мегузаронанд ва дар ниҳоят созишномае бо имкони санҷидани ҷараёни татбиқаш ҳосил мешавад», - гуфт Помпео.
Ӯ, ҳамчунин, таъкид дошт: «Россия розӣ шуд, ки тамоми силоҳи ҳастаияшро дар як савия нигоҳ дорад ва мо аз ин басо шодем».


НИЗОИ ҚАРИЯБОҒ: ПАШИНЯН ВА АЛИЕВ ТАЙЁРАНД, КИ БА МОСКВА БИЁЯНД
ТАСС. Раиси Ҳукумати Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳор намуданд, ки барои ҳалли қазияи қариябоғӣ ба Москва меоянд, агар чунин пешниҳод шавад.
Пашинян таъкид дошт, ки ҷанг бояд на бо бохти яке аз ҷонибҳо, балки бо муросо анҷом ёбад.
Алиев аз ҷониби худ хотирнишон сохт, ки қаблан Президенти Россия Владимир Путин ӯро ба машварат бо иштироки ҷониби арманӣ даъват карда буд.


ӮЗБЕКИСТОН БА МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС $290 МИЛЛИОН
САРФ ХОҲАД КАРД
REGNUM. Ҳукуматдорони кишвар ин миқдор маблағро барои соли 2021 ҷудо кардан мехоҳанд. Ин рақам дар ҷаласаи машваратӣ дар ҳузури Президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев садо дод.
Соли оянда барои соҳаи тандурустӣ ҷудо намудани 20 триллион сӯм ($1,93 миллиард), аз ҷумла 3 триллион сӯм ($289 миллион) — ба мубориза бо SARS-CoV-2, 1,8 триллион сӯм ($174 миллион) — барои хариди доруворӣ ба нақша гирифта шудааст.


ОЛИМОН АЗ МАНФИАТИ ЧОЙ ВА ҚАҲВА БАРОИ БЕМОРОНИ ҚАНД ГУФТАНД
BMJ Open Diabetes Research & Care. Ҳар рӯз ба миқдори зиёд нӯшидани чойи кабуд ва қаҳва фавти беморони қанди навъи дуюмро 63 дарсад кам мекунад. Олимони ҷопонӣ дар натиҷаи тадқиқот ба чунин хулоса расиданд.
Дар тадқиқоти коршиносони Донишгоҳи Кюсю бо сарварии Юдҷи Коморита 2790 мард ва 2133 зани синни миёнаашон 66 - сола иштирок доштанд, ки камаш панҷ сол аз ин беморӣ азият мекашиданд.
Бино ба натиҷаи озмоиш, ҳамарӯза чор пиёла ва аз он бештар чойи кабуд, инчунин, ду финҷон ва аз он зиёдтар қаҳва хавфи маргро 63 дарсад кам мекунад. Онҳо эҳтимол доранд, ки «амали якҷояи ин ду нӯшокӣ бештар таъсири мусбат мерасонад».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 441
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед