logo

Хабарҳо

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

INTERFAX.RU. Теъдоди гирифторӣ ба коронавирус дар тамоми ҷаҳон рӯзи якшанбе то 438 633 нафар коҳиш ёфт, - хабар додааст Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Тибқи маълумоти СҶТ, рӯзи шанбе, 24 октябр дар кишварҳои дунё 468 409 ҳодисаи сироят ба қайд гирифта шуд, ки аз давраи оғози пандемия натиҷаи баландтарин аст. Ва тавре таъкид мегардад, рӯзи дигар суръати паҳншавии вируси нав сусттар шуд. Вазъият махсусан дар қитъаи Аврупо, ки мавҷи дуюм қувват мегирад, ташвишовар мебошад.


ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ ЯК МИЛЛИОН ТОННА СЕМЕНТ СОДИРОТ НАМУД
Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба 3237,1 ҳазор тонна расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст, гуфта мешавад дар гузориши Агентии омори кишвар.
"Аз ин миқдор 996 ҳазор тонна семент ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Ӯзбекистон 562 ҳазор тонна, Афғонистон 391 ҳазор тонна ва Қирғизистон 43 ҳазор тонна содирот гардидааст", - омадааст дар гузориш.
Содирот 31 дарсади ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгаштаро ташкил медиҳад.


БОЛИВИЯ НИЯТИ ХАРИДОРИИ ВАКСИНАИ РУСИИ «СПУТНИК - V»-РО ДОРАД
АИР «Новости». Президенти нави Боливия Луис Арсе изҳор дошт, ки кишвараш ваксинаи русии коронавирусро харидан мехоҳад.
«Ман мефаҳмам, ки ҳанӯз ваксина фурӯхта намешавад. Аммо ин масъала аллакай баррасӣ шуд, то ки Боливия аз ҷумлаи нахустин давлатҳо онро харид карда тавонад», - гуфт Арсе. Ӯ зикр намуд, ки ваксинаи «Спутник - V» на барои тадқиқот, балки эмкунии аҳолӣ харид мешавад.
Зимнан, аз оғози пандемия дар дунё 43,2 миллион ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд, 31 миллион бемор шифо ёфт, беш аз 1,1 миллион нафар фавтид.


МЕРКЕЛ ДАР ОЛМОН «КАРАНТИНИ САБУК» ҶОРӢ КАРДАНИСТ
BILD. Канслери Олмон Ангела Меркел бинобар афзоиши сирояти COVID-19 нияти дар мамлакат роҳандозӣ намудани «карантини сабук» дорад.
Доир ба модели нави маҳдудият канслер ва сарони 16 музофот дар вохӯрии рӯзи чоршанбе ба хулоса хоҳанд омад. Сухан аз идомаи фаъолияти мактабу кӯдакистонҳо, маҳдудсозии кори мағозаҳо, бастани тарабхонаю барҳо ва манъи чорабиниҳои оммавӣ меравад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 374
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед