logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

ЧАЙНВОРДИ «ПРЕЗИДЕНТИ МО»
1. Роҳнамои халқ
2. Пешво 
3. Санъати роҳбарӣ
4. Санҷиш
5. Таъйиноти азалӣ
6. Сарҷамъӣ
7. Иншооти энергетикӣ
8. Ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи Президент
9. Нақби дарозтарин
10. Соҳибихтиёрии миллат
11. Пайғоми ҳарсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ
12. Муродифи муаззам

Таҳиягарон: Тошмурод ПИРОВ ва Садриддин БОБИЕВ, кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

ҶАВОБ БА ЧАЙНВОРДИ «КАЛИМАЁБАК» АЗ 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2020

Машғул, манғит, пайғом, равған, тарғиб, марғуб, марғеб, мурғоб, понғоз, савғот, ғулғул, ҷурғот, қунғуз, шалғам, дарғот, фалғар, булғок, утоғар, ғабғар, сомғор, туйғун.
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!

Телефон: 238-53-40

Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА


ҲАБИБ НУРМАГАМЕДОВ: «АЗ ИН ПАС БО МОДАРАМ ХОҲАМ БУД»
- Ин охирин муҳориба дар корномаи варзишиам мебошад. Модарам хоҳиш карданд, ки баъди вафоти падарам дигар ҳарб накунам. Ба модарам қавл додам, ки муҳориба бо Гейҷи охирин бор ба ҳашткунҷа баромаданам аст. Дар ҷаҳон ба ҷуз падару модар азизтар касе нест. Бачаҳо, волидонатонро эҳтиром кунед ва вақти қимататонро бо онҳо сипарӣ намоед. Аз волидон танҳо модарам боқӣ мондааст. Минбаъд ҳар қадар тавонам вақтамро бо ӯ мегузаронам.
Ин матлабро Ҳабиб Нурмагамедов, размгари машҳури россиягӣ, баъди 29-умин ғалабаи бебохташ иброз дошта, дили миллионҳо одамонро реш-реш ва дигарбора меҳри беандозаи фарзандро ба волидон таҷассум кард.
Дана Уайт, роҳбари UFC, номи Ҳабибро дар садри ҷадвали беҳтарин размгарон ҷой дод.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома ирсол намоянд.

Ҳар чӣ ҳам бошад, мо бачагони хурд будем, акнун ба ёздаҳ - дувоздаҳ қадам монда будем ва дар шаҳр калон шуда, чӣ будани селу туманро дуруст намедонистему аз ғурроси раъд, ҷастухези барқ ба ваҳм меафтодем.
- Гашта равем ҳам мешавад-ку, Ҳошим, лекин обрӯ мерезад-да, - монанди одамони солхӯрда гап  зада гуфт Юсуф
* * *
Ҳар гаҳе бар деҳа оям, боз аз нав кӯдакам,
Кӯдаки густоху бепарвову шӯху кӯчакам.
Обро аз чашма гар бо каф нанӯшам, ташнаам,
Нони худ дар об тар нокарда хӯрам, гушнаам.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2020:
Юсуф Акобиров; Ҳофизи Шерозӣ.
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


Конфутсий: "Зиндагӣ одию осон аст, инсонҳо ба он мушкилӣ илова мекунанд".
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ҶОИЗАИ ШНОБЕЛЕВ
Ҷоизаи Шнобелевиро – ҷоизаи нангин ва тақлиди ҳаҷвии мукофоти бонуфузи байналмилалии Нобел меноманд.
Даҳ ҷоизаи Шнобелевӣ дар аввали моҳи октябр, яъне дар замони эълон намудани ҷоизадорони Нобелӣ барои дастовардҳое, ки нахуст маҷбур мекунанд кас бихандад ва баъдан фикр намояд, тақдим мегардад. Ҷоиза соли 1991 аз тарафи Марк Абрахамсом ва маҷаллаи ҳаҷвии «Солномаи таҳқиқоти фавқулода» таъсис гардидааст. Мукофот барои таҳқиқоти ғайриодиву ҳозирҷавобонае, ки таваҷҷуҳу завқи одамонро ба илм, тиб ва технология ҷалб мекунад, супурда мешавад.
Нахустин маросими тақдими ҷоиза дар Донишкадаи технологии Массачусет сурат гирифтааст. Алҳол он дар Донишгоҳи Гарвард дар оғози супурдани Ҷоизаи Нобел тақдим мегардад.
Мукофоти мазкурро ба ғолибон ҷоизадорони Нобелӣ месупоранд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ШТРАУС ВА ХОНУМИ БЕЧОРА
Вақте шоҳи валс – оҳангсози машҳури австриягӣ Иоганн Штраус ба актрисаи ҷавону моҳлиқое хонадор мешавад, пеши ӯ шарт мегузорад, ки мабодо ман мурда монам, ҳамон замон худатро мепарронӣ, то дар он дунё низ якҷоя бошем. Ҷавондухтар бе дудилагӣ қасам мехӯрад, вале аз дил мегузаронад, ки пас аз марги мӯйсафеди сарватманд қасамро шикастан мушкил нахоҳад дошт. Аз қазо рӯзе зани ҷавон болои мизи шавҳарашро тоза мекард, ки чашмаш ба навиштаҷоти болои лифофа афтод: «Васиятномаи ман». Вақте онро кушода хонд ва фаҳмид, ки шавҳараш тамоми дороии худро барои таъсиси мактабҳои мусиқӣ бахшидааст, аз сараш оби хунук рехтагӣ барин лол монд.
Бегоҳ Штраус аз дар даромада буд, ки хонуми ҷавон даъворо сар кард:
- Магар ин аз рӯи инсоф аст. Наход тамоми сарвати худро ба мактабсозӣ бахшӣ, магар ман завҷаи ту нестам ва ҳаққе надорам, ки дар васиятномаат тамоман фаромӯшам кардаӣ?!
Штраус аз «ҳамлаи ғайриинтизор»-и соҳибхона пас аз фурсате ба худ омада, чунин мегӯяд:
- Сарват ба ту чӣ лозим, азизакам? Магар қасам нахӯрдӣ, ки баробари марги ман худро парронда мекушӣ?
Хонуми зебо аввал худро каме гум карда, вале зуд ба ҳол меояд ва гунаҳгорона ҷавоб медиҳад:
- Албатта, қасам хӯрдам ва, ҳатман, худро мепарронам, вале рафту тирам хато хӯрад, мани бечора бепул чӣ тавр зиндагӣ мекунам?!
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ҚОНУНВА МЕЪЁРҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Дар Чин наҷоти шахси ғарқшаванда хилофи қонун аст, зеро ин дахолат ба сарнавишти ӯст.
* * *
Дар Корея кормандони БДА вазифадоранд, дар бораи ҳама ришвае, ки аз ронандаҳо меситонанд, гузориш диҳанд.
* * *
Дар Таиланд агар дар роҳравҳо сақич партофта шавад, мувофиқи қонун 600 доллар ҷарима мебанданд. Агар барои пардохти ҷарима пул набошад, ҳатман аз озодӣ маҳрум месозанд. Ғайр аз ин, поймол кардани ҳама гуна тангаҳо ва пули миллӣ манъ аст. 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


«ГЕКТОР»
РАЪДУ БАРҚЕ, КИ САДОИ ҚАВӢ ДОРАД
Ҳамасола, аз моҳи сентябр то моҳи март дар ҷазираи Тиви (воқеъ дар Австралия) раъду барқе бо номи «Гектор» пайдо мегардад. Обуҳавошиносон онро яке аз устувортарин раъду барқ медонанд ва ба унвони яке аз сарнишинони ҳавопаймо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ номгузорӣ кардаанд. Мутахассисон аз ин асрори табиат дар тааҷҷубанд, чунки бо гузарондани таҳқиқоту омӯзиши пайвастаашон далели илмии ин рухдоди табииро пайдо накардаанд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


ҲАМЕША АЗ АҚЛИ СОЛИМ КОР БИГИРЕД!
Як профессори соҳаи ҳуқуқи Олмон бо пешниҳоди масъалае дар имтиҳони хаттӣ донишҷӯёни як курсро ноком кард, ки чунин буд: «Баҳси ду ҳамсояро ҳал кунед: навдаҳои себи яке ба сӯйи ҳавлии дигаре болои лолазори шукуфон овезон буд. Вақте себҳо пухта расиданд, афтида, лолаҳои шукуфтаро шикастаанд. Кадоме аз ҳамсояҳо гунаҳгор?» Қисме аз донишҷӯён соҳиби лолаҳоро тарафдорӣ кард, қисме ҷониби боғбон шуданд. Хуллас, ҳар ду ҷониб бо овардани далелҳои асоснок мавқеи худро дифоъ мекард.
Профессор хулосаи ҳар ду ҷонибро ботил шумурда, ба ҳама баҳои ноком гузошт. Гап сари он буд, ки себ дар фасли тирамоҳ расида ба замин меафтад, лолаҳо бошанд, дар баҳор мешукуфанд.
Хуллас, масъалаи баҳсие, ки профессор пешниҳод намуда буд, аслан, дар воқеият ба вуҷуд намеояд. Ҳамаи эътирозҳои донишӯёнро устод бо сардӣ чунин ҷамъбаст кард: қабл аз ба хотир овардану истифода намудани моддаву бобҳои ҳуқуқӣ аз ақли солим кор бигиред!
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА


"ДУЗДӢ ГАРАВИ САЛОМАТӢ" Ё ДЕВОНА БА КОРИ ХУД ҲУШЁР АСТ
Дар иёлати Каролинаи Шимолии ИМА шаҳрванд Ҷеймс Верон ба дуздии «гӯшношунид» даст зад. Ӯ ҳамагӣ 1 долларро ба яғмо бурду зуд худро ба полис таслим кард.
Сабаби ин ҳодиса, вазъи ташвишовари сиҳатии Ҷеймс буд ва наметавонист барои барқарор намудани саломатӣ суғуртаи тиббӣ ба даст орад. Зеро дар ИМА масъалаи аз ҳама вазнин гирифтани суғуртаи тиббист. Аз ин сабаб, ӯ бо "зиракии сиёсӣ" қасдан аз хазинаи бонке 1 доллар рабуд, то пушти панҷара равад. Зеро медонист, ки мувофиқи қонунҳои ҷории кишвараш хизматрасонии тиббӣ дар зиндон ройгон аст.
Ҳамин минвол, Ҷеймс барои дуздии 1 доллар 3 сол паси панҷара нишаст ва дар ин муддат ҷарроҳӣ шуда, саломатиашро барқарор кард.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


100 ФАКТИ ҶОЛИБ
18. Агар офтоб нопадид шавад, Замин тақрибан дар давоми 45 - рӯз ба қабати ғафси ях табдил меёбад.
19. Аз 10 як ҳиссаи хушкии Заминро кӯҳҳои  Ҳимолой ташкил медиҳанд.
20. Дили инсон давоми рӯз 101 000 маротиба метапад.
21. Ду дарсади одамони рӯйи Замин бӯйро ҳис намекунанд.
22.  Инсонҳо давоми ҳаёт тақрибан 60 тонна об менӯшанд.
23. Як дарахт давоми рӯз 2,5 ва давоми сол 912, 5 килограмм оксиген хориҷ мекунад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


КИТОБХОНӢ
ДАР БРАЗИЛИЯ МУҲЛАТИ АДОИ ҶАЗОРО КАМ МЕКУНАД
Дар Бразилия қонуне амал мекунад, ки бар асоси он маҳбусони чаҳор зиндони ин давлат имкон доранд, бо хондани китоб муҳлати адои ҷазои худро кам кунанд ё ба озодӣ бароянд. Матни қонун дар рӯзномаи давлатии «Diario Oficial da Uniao» нашр шудааст.
Тибқи муқаррарот, маҳбусон вобаста ба китобҳои хондашуда имтиҳон  месупоранд ва аз рӯи мазмуни он иншо менависанд, ки комиссияи вижае онро назорат мебарад. Дар сурати комёб шудани маҳбус ҳар китоби хондаи ӯ аз муҳлати ҷазояш 4 рӯз кам мекунад. Дар ҳамин ҳол, агар муайян гардад, ки маҳбусони иштирокчии барнома ҳангоми навиштани иншо матнҳоро рӯбардор кардаанд, аз чунин имтиёз маҳрум хоҳанд шуд. Барои зиндониён дар як сол мутолиаи 12 китоб тавсия шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ГАНҶ ДАР ГУЛУ
Ҳар вақте ки Россини мехост аз суҳбати дилгиркунанда халос шавад, меҳмонро, ҳатман, бо ханда гусел мекард. Боре яке аз дӯстонаш хоҳиш кард, ки овози ҷавондухтареро гӯш карда, маҳораташро якҷоя баҳо диҳанд.
- Бовар кунед, маэстро, дар гулуи ин духтар ганҷи бебаҳое нуҳуфта аст, - таъриф кард ӯ.
- Дар гулуяш ганҷ дармонда бошад, чаро бояд ба назди ман биёред, - китф дар ҳам кашида мегӯяд Россини ва нимшӯхиву нимҷиддӣ давом медиҳад, - фавран, пеши хирург баред, ганҷро, ки аз гулу баровард, баҳояшро бонкир муайян мекунад.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ДАЪВОИ БЕСОБИҚАИ МАҲБУСИ ЯКУМРА
Соли 1997 шаҳрванд Бенҷамин Шрайбер бо ҷурми содир намудани ҷинояти куштори дараҷаи аввал дар ИМА ҳукми абад гирифт. Ӯро дар маҳбаси Иёлати Айова якумра зиндон карданд.
Соли 2015 Бенҷаминро бар асари беморӣ ба шифохона интиқол доданд. Зимни табобат дар беморхона дилаш 5 маротиба аз кор монда, дубора ба тапиш даромад. Баъд аз сиҳат ёфтан маҳбуси якумра ба суд даъво кард, ки ҳукмро бознигарӣ карда, ӯро аз зиндон озод намоянд. Бенҷамин даъвояшро ба далели аз сар гузарондани марги клиникӣ асоснок карда, гуфтааст, ки ман дар беморхона як лаҳза даргузаштам ва ин маънои онро дорад, ки муҳлати адои ҷазоям тамом шуд...
Таҳияи ФАРОМАРЗ


Танҳотарин одамони дунё
 5. КРИСТОФЕР НАЙТ.  27 СОЛ ДАР ТАНҲОӢ
Кристофер Найт, ки ҳамчун  «Гӯшанишин аз Пруди Шимолӣ» машҳур аст, 27 сол дар танҳоӣ ба сар бурдааст.
Қисса ин аст, ки соли 1986, ҳангоми рух додани ҳодисаи фалокатбор дар Неругоҳи барқи атомии «Чернобил», Кристофери 21-сола гурехта, миёни ҷангали анбӯҳ паноҳ мебарад. Давоми қариб се даҳсола ӯ, асосан, аз ҳисоби ғорати лагерҳои сайёҳон ризқу рӯзӣ ёфта, «маишат»-и зиндагии худро таъмин кардааст. Аҷиб ин аст, ки давоми солҳои гӯшанишинӣ Кристофер боре ҳам оташ дар нагирондааст. Дар хаскапае, ки барои худ сохта буд, бо «шарофат»-и ғоратгариҳояш ҳам плитаи газӣ ва ҳам радиоприёмник доштааст. Ниҳоят, соли 2013 мақомоти полис Кристофер Найтро дастгир ва ба сохтори қудратӣ месупорад. Суд гӯшанишини «достонзеб»-и  акнун 48-соларо ба 7 моҳи зиндон ва барқарор намудани миқдори калони пул ҳукм мекунад.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ


САЁҲАТ ДАР ЗИНДОН…
Дар куҳантарин зиндони Шемптон - Моллети Англия пешниҳод намуданд, ки хоҳишмандон метавонанд, дар маҳбас як рӯз зиндонӣ  шаванд, то аз шароити сукунат дар он ҷо огаҳӣ ёбанд. Чунин «лаззат» бурдан 49 фунт стерлинг арзиш дорад. Ба хоҳишмандон номгӯи ғизоҳое пешниҳод мешавад, ки зиндониён истеъмол мекунанд. Ҳамчунин, шабгузаронӣ дар камераҳои якнафара дар назар аст.
Шемптон – Моллет маъруфтарин маҳбаси Британияи Кабир мебошад, ки пештар дар он ҷо ҷинояткорони хавфноктаринро нигоҳ медоштанд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ
Соли 1995 бонуи амрикоӣ Анна Аяла ошхонаи Wendy's - и шаҳри Сан-Хосеи иёлати Калифорнияи ИМА - ро ба суд медиҳад. Сабаб, ҳангоми тановули хӯрок дар ин ошхона пайдо гардидани ангушти буридашудаи одам аз дохили ғизо буд.
Вале даъвои хонум ҳеҷ зараре ба ошхона ворид накард, балки худи ӯро 9 сол ба зиндон бурд. Зеро тафтишот муайян кард, ки Анна барқасдона ангушти буридаро ба ғизо андохтааст.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


ВОДИИ БЕСАРҲО
Мавзеъ (дар Канада) ин номи гӯшхарошро баъди силсилаи ҳодисаҳои фоҷиавӣ гирифт. Охирҳои садаи XIX дар ин водӣ тилло ёфт шуд ва гурӯҳҳои бешумор барои дарёфти он шитофтанд. Соли 1898 гурӯҳи калони тиллоҷӯён бенишон шуд. Пас, ҷасадҳои зиёди бесар пайдо шудан гирифтанд. Муаммои гумшавӣ ва бе сар пайдо шудани одамон то ҳол нокушуда аст.
Миёни сокинони водӣ овозае ҳаст, ки гӯё марги даҳшатбори тиллоҷӯён ба девон (махлуқҳое, ки ба девҳо монандӣ доранд, алмастӣ, ҷондор, бало) алоқаманд аст. Вале, ба андешаи бештари аҳли илм, ин кори гурӯҳҳои сарбурест, ки тиллоҷӯёнро шикор ва бозёфташонро ғорат мекунанд. Ҳарчанд полиси водӣ ба ин фарзия розӣ нест.
Таҳияи  Дилбар МУРОДОВА


САДОҚАТИ ЗАН ...
Аз қазо миёни зану шавҳар дилсардие ба миён омад. Бо азми барпо намудани оилаи нав мард иддаои ҷудошавӣ намуд. Аммо бонуи хонадон бо сабаби имтиҳон доштани фарзандашон аз шавҳараш хост, ки як моҳи дигар сабр кунад. Тӯли ин муддат ӯ беш аз ҳарвақта бо оилааш меҳрубон буду писарашро ба супурдани имтиҳон омода мекард. Ҳамзамон, тамоми шабҳо чизеро ёддошт менамуд.
Ғайриинтизор мард аз нияташ даст кашид, вале ҳамсарашро дар беморхона бистарӣ карданд…
Пас аз чанде шавҳар ҳамон дафтари ёддоштро боз кард, ки дар он навишта шуда буд: «Ҳамагӣ як моҳи дигар вақт доштанамро медонистам ва нахостам дар зеҳни фарзандамон нисбат ба ту бадбиние пайдо шавад».
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2020    №: 213    Мутолиа карданд: 374
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед