logo

туризм

САЙЁҲӢ ВА ЗАБОНДОНӢ МУШТАРАКОТИ ДУ САМТИ МУҲИМ

Дар ҳоле  ки Ҳукумати ҷумҳурӣ се солро ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ихтисос додааст, забондонӣ боз ҳам ба масъалаи муҳимтар табдил меёбад. Зеро барои дуруст муаррифӣ кардани имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишвар забонҳои хориҷӣ нақши калидӣ мебозанд. Мутахассисони соҳа набудани рекламаро, ки тавонад имкониятҳои туристии мамлакат, хусусан бахши сайёҳии таърихию фарҳангиро бозгӯ намояд, аз проблемаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мекунанд.
Набудани маълумоти пурраи илмиву оммавӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва арабӣ дар бораи мавзеъҳои таърихии кишвар яке аз сабабҳои кам рушд кардани ин навъи туризм аст. Бештари ширкатҳои туристии мамлакат маводи рекламавии худро танҳо бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ паҳн мекунанд. Ин дар ҳолест, ки пеш аз пандемияи ҳамагир сайёҳони зиёда аз 80 мамлакати олам аз ҷумҳурӣ дидан кардаанд.
Аз ин хотир, месазад, ки такя ба таъкидҳои фардонигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи забондонии насли навро аз боғча то мактабҳои олӣ тақвият бахшем. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш гуфта буданд: «Бо мақсади рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем».
Дар робита ба ин, воситаҳои ахбори оммаи кишвар метавонанд дар тарғиби мавзеъҳои туристӣ саҳми бориз гузоранд. Ҳамин аст, ки мамолики пешрафтаи ҷаҳон барои ҷалби сайёҳон аз ВАО самаранок истифода мебаранд.  Мутаассифона, дар Тоҷикистон рекламаҳое, ки аз тариқи ВАО дар бораи ёдгориҳои таърихӣ пахш мешаванд, ҳатто барои аҳолии дохилӣ басанда нестанд. Зеро, аз рӯи мушоҳидаҳо, қисми зиёди аҳолии мамлакат дар бораи чунин мавзеъҳо маълумоти кофӣ надоранд. Дар сурати надоштани маълумоти зарурӣ мо наметавонем имкониятҳои туристии мамлакатро ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намоем.
Аллакай сӣ сол аст, ки дар кишварамон пайваста сафоратхонаву консулгариҳо, созмонҳои байналмилаливу байнидавлатӣ, бонкҳою муассисаҳои гуногун ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки ҳамаи онҳо ба заҳмати тарҷумон эҳтиёҷ доранд. Аз ин сабаб, барои соҳаи тарҷума таваҷҷуҳ зоҳир кардан ва интишори раҳнамову дастурҳои забономӯзӣ дар шаклҳои чопиву онлайнӣ айни муддаост.

Манзура НЕГМАТОВА, омӯзгори МТМУ № 24, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2020    №: 217    Мутолиа карданд: 1953
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед