logo

фарҳанг

ФАНҲОИ ДАҚИҚ. БАРОИ ПЕШРАФТ ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар ҳоле, ки ҳаёти инсоният ба омӯзиши дурусти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ рабт дорад, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мо сифати таълими ин фанҳо қонеъкунанда ва сифати таълим мувофиқи матлаб нест, натиҷа низ ба назар намерасад. Дуруст аст, ки барои баланд бардоштани сифати таълими ин фанҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Ҳукумати кишвар бо Вазорати маориф ва илм чораҳои зиёдеро андешидаву роҳандозӣ намудаанд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки чаро чораҳои андешида натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд?
Қутбуддин Муҳиддинзода, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм, ба пурсиши мо дар ин бора  чунин посух гуфт: «Намегӯем, ки сатҳу сифати таълим ва азхудкунии ин фанҳо қонеъкунанда аст, аммо бояд таъкид намуд, ки дар ин росто, хусусан, солҳои охир, пешравиҳо ба назар мерасанд. Ширкати фаъоли хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои физика, химия, математика, билогия дар кишварҳое чун Англия, Фаронса, Италия, Корея, Исроил, Руминия, Туркия, Қатар ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданашон гувоҳи ҳамин гуфтаҳост». Дарвоқеъ, чунин аст. Факту рақамҳо собит месозанд, ки агар соли 2011 – ум 132 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 11 олимпиадаи  байналмилалӣ иштирок карда соҳиби 96 ҷойи ифтихорӣ шуда бошад, соли гузашта 456 хонанда аз 32 олимпиадаи байналмилалӣ бо 67 медали тилло, 66 нуқра ва 118 биринҷӣ баргашт. Чанде аз ин медалҳо аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошанд. Яъне, ба ҳар сурат, дар ин росто баъзе пешравиҳо ба назар мерасанд.

ЛАБОРАТОРИЯҲОИ ТАҶРИБАВӢ ФАЪОЛ НЕСТАНД. ЧАРО?
Омӯзиши мавзӯъ нишон медиҳад, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дар ин самт ҳоло ба чанд мушкил мувоҷеҳанд. Ба талаботи замон мутобиқ набудани кабинетҳои фанниро метавон аз мушкили умдаи муассисаҳо номид. Тибқи талабот, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кабинетҳои таълимӣ, хусусан аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ, бояд ҳатман бо лабораторияҳои таҷрибавӣ муҷаҳҳаз ва бо маводи гуногуни кимиёӣ таъмин бошанд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр маврид синфхонаҳо ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд. Охирин санҷише, ки чанде пеш кормандони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба хотири омӯхтани заминаи моддӣ – техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар роҳандозӣ намуданд, бори дигар ҳамин андешаро собит кард.
- Санҷиш маълум намуд, ки  ин мушкил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе то ҷое ҳалли худро ёфтааст. Баъзе аз роҳбарони муассисаҳо дар вилояти Суғд низ то андозае ба мушкилӣ расидагӣ кардаанд. Мактабҳои типи нав - гимназия, литсей, мактабҳои президентӣ ва навсохт дар ин самт мушкилии ҷиддӣ надоранд. Аммо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии кишвар аз норасоии асбобу лавозимот ва лабораторияҳои таҷрибавӣ муҷаҳҳаз ҳанӯз душворӣ мекашанд, - гуфт Сулаймон Қурбонов, мудири шуъбаи фанҳои табиӣ, риёзӣ ва технологияи коммуникатсионии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф. Ва ин дар ҳолест, ки қисми зиёди хонандагони кишвар дар деҳот таълим мегиранд.
Аз суҳбат бо Сайфулло Лутфуллоев, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Одинашо Мардов, сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, маълум шуд, ки ҳоло танҳо дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ин вилоятҳо метавон реактивҳои кимиёӣ ва баъзе асбобу лавозимоти фанниро, ки он ҳам аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст, пайдо намуд.
Ин мушкил, ки солҳост ба сифати таълим халал мерасонад, мебоист бо қабули  Барномаи  давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020 ҳалли худро меёфт. Мутаассифона, чунин нашуд. Ҳол он ки мақсади асосии барнома таҷҳизондани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, беҳбуд бахшидан ба ҷараёни таълим буд. Вале, тавре маълум шуд, бо ин роҳ низ ба мақсад расида натавонистем. Қутбуддин Муҳиддинзода низ дар суҳбат бо мо рафти амалишавии барномаро қонеъкунанда нашумурд.
- Пурра иҷро нашудани барнома сабабҳои зиёд дорад, аммо мушкилии асосӣ  ҷудо нагардидани маблағи барои татбиқи барнома пешбинишуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад, - гуфт ӯ.
Ҳамин тавр, бар асари набудани  асбобу лавозимот ё лабораторияҳои таҷрибавӣ қариб дар 80 дарсади муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар хонандагон танҳо дониши назариявӣ мегиранд. Ҳол он ки таҷриба собит намуда, ки  кор дар лабораторияҳои таҷрибавӣ на танҳо маърифати техникӣ ва дониши хонандагонро боло мебарад, балки имкон фароҳам меорад, ки онҳо  мақсад ва моҳияти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро дуруст дарк ва ба омӯзиши минбаъдаи онҳо шавқ пайдо намоянд.

ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШМАНДУ БОТАҶРИБА НАМЕРАСАНД
Чанд сол пеш муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба омӯзгорони касбӣ эҳтиёҷ доштанд. Дар аксар мактабҳо маҳз омӯзгори фаннҳои физика, химия, биология намерасид. Ин мушкилро Вазорати маориф ва илм ҳал намуд. Тибқи иттилои дастрасшуда, ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, дар маҷмӯъ, ба 67 омӯзгори фанни  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эҳтиёҷ доранд. Аммо коршиносонро ҳоло масъалаи дигар - кам будани омӯзгорони варзидаю донишманди фанҳо ба ташвиш овардааст. Маълум аст, ки вазорат норасоии мутахассисонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби ҷавононе, ки дар риштаи омӯзгорӣ таҳсил намудаанд, ҳал кардааст. Аммо нигаронии коршиносон аз ин аст: устодони ҷавоне, ки худ ҳанӯз донишу таҷрибаи кофӣ надоранд, дар ин ришта ба хонандагон чӣ гуна дарс мегӯянд?

ПАС ЧӢ БОЯД КАРД?
- Барои рафъи мушкил бояд кабинетҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хусусан дар деҳот, бояд ҳар чи зудтар ба мактабҳои шаҳр ва дигар муассисаҳои таҳсилоти типи нав монанд (баробар) карда шаванд,- гуфт Сайфулло Лутфуллоев.
Сулаймон Қурбонов дар баробари ин зарур мешуморад, ки бояд барномаҳои таълимии фанҳои химия, физика, математика, биология ва технологияи иттилоотӣ таҷдиди назар шаванд. «Диққати ҷиддӣ бояд  ба зеҳният равона гардад, яъне аз қисми назария ба амалия бояд гузашт», - иброз дошт ӯ.
Тарбияи шогирди хуб ба устоди ботаҷрибаву донишманд вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки  сатҳи касбии омӯзгорони ҷавон боло бурда шавад.
Шубҳае нест, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин хотир ва барои рафъи мушкили ҷойдошта ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани ҷавонон ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020 - 2040 – ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф эълон намуданд. Шояд акнун кормандони соҳа масъаларо ҷиддӣ мегиранд ва барои ҳалли он чораҳои муассир меандешанд?!

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2020    №: 218    Мутолиа карданд: 118
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед