иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Агар ба рӯзгори Бобокалони Исомат нек назар кунем, шахсияти ӯ аз ибтидои камолот ҳамчун фарди некбину хайрхоҳ ба ҷилва меояд. Фаъолияти баъдинаи ин олими тавоно бозгӯи зуҳури арзишҳои олии инсонӣ дар ниҳодашон аст, ки ба василаи касби омӯзгорӣ пайравони зиёде пайдо карда, дар рушди илми иқтисод дастовардҳои намоёне зам кардаанд.
Устод муҳассили факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз ҳамин даргоҳ ба самти уфуқҳои илм роҳ гирифтанд. Дилбастагии комил ба ин ришта мавсуфро вориди пажӯҳишҳои пурарзиши илмӣ карда, дастовардҳоеро ба миён гузошт, ки минбаъд дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси бахши иқтисод ва тавсеаи паҳлуҳои мухталифи ин улум мусоидат намуд. Номбурда соли 1967 ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Россия дохил шуда, танҳо як сол таҳсил кардааст.
Тафаккури баланд ва дониши амиқи устод сабаб шуд, ки соли 1970 барои ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои соҳавии редаксияи Энсиклопедияи советии тоҷик даъват шаванд. Ба ин тартиб, ҳамон солҳо Бобокалони Исомат дар қатори олимони варзидаи тоҷик шомил гардида, дар таҳияи Энсиклопедияи советии тоҷик саҳми муносиб гузошт. Тавассути заҳматҳои ӯ дар ЭСТ ва Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон як қатор матолиби муҳиму боарзиш чоп гаштаанд.
Бояд гуфт, ки ҳамон солҳо омӯзиши таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи ин олими шинохта қарор гирифта, дар иртибот ба он 80 мақола нашр кард. Дар идомаи таҳқиқоти ин мавзӯъ соли 1998 аз ҷониби устод монографияе таҳти унвони "Назаре ба афкори иқтисодии ниёгон" чоп шуд, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа таълифоти муҳим арзёбӣ гардид. Гузашта аз ин, солҳои 1990 асари дигари устод бо номи "Асосҳои назарияи иқтисод" дар ду ҷилд ба чоп расид. Бо назардошти дигаргун шудани набзи ҷомеа ва пешрафти илм ин асар солҳои 2001, 2002, 2006, 2007 бо такмилу иловаҳо аз нав чоп ва манзури алоқамандон гардид.
Олими пуркор дар баробари таълифи дастурҳои таълимӣ ва рисолаҳои илмӣ, ҳамчунин, дар тарбия ва камолоти шогирдони зиёд низ саҳми муносиб дорад. Мавсуф ба ҳайси устоди донишгоҳ даҳҳо шогирдонро ба камол расондаанд, ки имрӯз дар риштаи илми иқтисод чеҳраҳои шинохта гардида, худро бо ифтихор шогирди Бобокалони Исомат мехонанд.
Имрӯзҳо аз таълифоти ин олим дар ҷараёни таълим дар муассисаҳои таълимӣ фаровон истифода мешавад. Мақолаҳои илмиву назариявии устод дар бахши иқтисод дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он паҳн гардида, дар шинохти муҳимтарин ҷузъиёти ин ришта хизмати арзанда кардааст.
Бобокалони Исомат ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯ буда, баробар ба рушду такомули илми иқтисод ва равияҳои нави ҷаҳонии он ҳамқадам аст. Далели ин гуфтаро метавон дар таълифоти нави устод доир ба системаи кредитии таълим пайдо кард. Аз ҷумла, дар робита ба системаи нави таълимӣ, ки дар як қатор муассисаҳои олии таълимии мамлакат ҷорӣ шудааст, аз ҷониби устод китобе бо номи "Баъзе масъалаҳои низоми кредитии таълимот" ва "Назарияи иқтисод" нашр ва ба дасти алоқамдон расида, нозукуиҳои ин системаро фаро гирифтааст.
Ҳамидуллохон ФАҚЕРОВ,
ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,
доктори илми иқтисод, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2020 №: 219 Мутолиа карданд: 57