logo

иҷтимоиёт

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ - РӮЗИ МИЛЛАТ

Ҳамасола 16 ноябр таҷлил шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки мазмуни баланду аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо, ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Хушбахтона, бо гузашти замон шинохти мардум аз хидматҳою ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандешу хирадманд, ифодакунандаи талабот ва вазифаҳои давраи тақдирсози истиқлолияти миллӣ бо истеъдоди фитрӣ, ҷасорату матонат, қобилияти сиёсии нотакрору барҷаста ҳанӯз аз замони сари қудрат омадан, яъне дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ кафили сулҳ, якпорчагӣ ва ваҳдати ҳақиқии халқҳои Тоҷикистон гардида, дар самти тартибу низоми давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфоии кишвар, рушди бемайлони иқтисодиёт ва беҳбудии рӯзгори мардум хидматҳои шоён намудаанд.
Пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои олии инсонӣ, назири камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, хирад ва хотираи солиму мустаҳкам, фаросат, хушбаёнӣ, маърифат, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурӯғ, бошарафӣ, некниятӣ, ҳимматбаландӣ, адолат, қатъият ва ҷасурӣ мебошанд.
Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии иқтисоди фалаҷгардида ва беҳсозии сатҳи некуаҳволии мардум басо бузурганд. Ҳамин аст, ки мардум ба Роҳбари некмақдаму дурандеш, адолатпешаю инсонгарои худ бо меҳру муҳаббати самимӣ ва боварӣ менигарад.
Соли ҷорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд чор маротиба сафари корӣ намуданд, ки дар доираи онҳо даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим ифтитоҳ ва садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат баҳри таъмини зиндагии шоиста ва дар доираи иҷрои нишондиҳандаҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2015» дар шаҳри Хуҷанд дар тӯли ҳафт соли охир барномаҳои Рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд то соли 2015 ва Рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2016 - 2020 қабул гардиданд, ки таъмини сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ ҳадафи асосии онҳоанд.
Тибқи барномаҳо дар шаҳр тӯли ҳафт соли охир 620 иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва коммуналӣ сохта ба истифода дода шуд, аз ҷумла 32 корхонаи истеҳсолӣ, 120 иншооти варзишӣ, 468 нуқтаи хизматрасонию савдо, биноҳои барҳавои истиқоматӣ. Баҳри рушди коммуникатсионӣ ва бехатарии роҳ дар ин давра зиёда аз 350 километр роҳи дохилишаҳрӣ таъмиру тармим гардид. 
Дар раванди татбиқи Барномаи давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 - 2020 бо мақсади рушди сармоягузорӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр тӯли 7 соли охир 212,2 миллион доллари амрикоӣ равона гардид.  Агар соли 2013 ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр 8,8 миллион долларро ташкил дода бошад, соли 2019 ин адад ба 23,9 миллион доллар расид. Ҳаҷми музди маоши миёнаи кормандон аз 875,71 сомонии соли 2013 соли гузашта то 1472,56 сомонӣ афзуд.
Дар шаҳр ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум татбиқи се лоиҳаи инвеститсионӣ - Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, Оид ба беҳтар намудани вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд ва Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд идома дошта, азхудкунии маблағҳо дар ин лоиҳаҳо 61,3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар 7 соли охир дар самти рушди соҳаи саноат дар шаҳр барномаҳои зиёд амалӣ шуда, шумораи корхонаҳои калону миёнаи истеҳсолӣ аз 90 адади соли 2013 то 168 адад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,2 маротиба ва истеҳсоли номгӯи маҳсулот аз 47 то 95 намуд афзоиш ёфт.
Тӯли ҳафт сол дар шаҳр чор боғи фарҳангию фароғатӣ (“Боғи Камоли Хуҷандӣ”, “Наврӯзгоҳ”, “Ғалаба” ва  “Абумаҳмуди Хуҷандӣ”), инчунин, маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, кохи фарҳанги “Суғдиён”, маҷмааи таърихии “Истиқлол”, Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ, маҷмааи миллии “Маркази оши палов” ва толори кинои “Ваҳдат” сохта ва навсозӣ карда,  31 муассисаи нави тандурустии давлатию хусусӣ таъсис дода шудааст. Соли 2020 барои таҳкими базаи моддӣ-техникии соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр 3,3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки назар ба соли 2013-ум 15 маротиба зиёд мебошад. 
Маҳз ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият пеш оварданд, ки шаҳр ҳаматарафа рушд ёфта, симои он ба куллӣ тағйир дода шавад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин рӯзи одӣ нест, ин ҷашни бузурги миллӣ, тантанаи волоияти қонун, рӯзи  сипосгузорӣ ва маҳбубияти хоса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аст.

Маъруф МУҲАММАДЗОДА, раиси шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2020    №: 221    Мутолиа карданд: 190
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед