иҷтимоиёт
ЭҲЁГАРИ ТАЪРИХИ ҚАДИМ ВА БОСТОН
Дар таҷрибаи давлатдории халқҳои ҷаҳон кам иттифоқ афтодааст, ки дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ давлат аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ раҳо ёфта, рӯ ба инкишофу тараққӣ оварад. Аммо халқи тоҷик бо раҳнамоию ҳидояти хирадмандонаи Пешвои худ собит намуд, ки метавон бо қудрату иродати бузурги озодихоҳӣ ва созандагию бунёдкорӣ кори садсолаҳоро дар кӯтоҳтарин муддат ба сомон расонд.
Арзишмандтарин дастоварди замони истиқлол ин бешак бунёди давлатдории миллӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ва фалсафаи давлатдории нави тоҷикон маҳсуб меёбад, ки бевосита аз ҷаҳони андеша ва фарҳанги сиёсии Пешвои миллат маншаъ мегиранд. Мақоми меҳвариро дар фалсафаи давлатдории Пешвои муаззами миллат эҳё ва таҷаддуди мафкураи миллӣ дар заминаи таҳлил ва бардошти ҳикмат аз таърихи рангини гузашта ишғол менамояд, ки бе он истиқлоли воқеии давлат ва худшиносии миллии ҷомеа ба даст намеояд. Пешвои миллат ҳам дар афкор ва ҳам дар амал сиёсати давлатдории худро бар пояи маърифати донишмандонаи сарнавишти таърихии халқи худ бунёд намуда, сиёсати хирадмандонаи эҳёи фазои мувофиқро барои амалӣ шудани ормонҳои таърихиву миллии тоҷикон роҳандозӣ менамоянд. Бавижа, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, баргузории ҷашни чеҳраҳои мондагори миллат ва шаҳрҳои бостонию ёдгориҳои нодири таърихӣ, ки бо ҳидояту ташаббуси пайгиронаи Пешвои муаззами миллат баргузор мегарданд, гувоҳи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба гузаштаву имрӯзаи миллат мебошад.
Эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик дар фаъолият ва сиёсати хирадмандонаю ватанпарваронаи Пешвои миллат нақш ва ҷойгоҳи хосаро соҳиб аст.
Бо шарофати таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар ҷомеаи муосири тоҷик руҷӯъ ба таърих, бавижа таърихи бостон ва арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик, вусъати тоза пайдо намуда, ҳифозат, таъмиру тармим ва омӯзиши ёдгориҳои қадимаи миллат ва интишори моҳияту аҳамияти он дар тафаккури имрӯза ва дар қаламрави тамаддуни ҷаҳонӣ ба барномаи ҳадафманди сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мубаддал гардид. Дар натиҷа, ёдгориҳои зиёди гаронмояи таърихии кишвар дигарбора шукӯҳи таърихии худро эҳё намуда, чун ганҷинаҳои нодири фарҳанги миллӣ ва муҷассамаҳои зиндаи таърих ба маърази таваҷҷуҳи мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шуданд. Бешак, бо чунин фаъолияти густурдаи миллатпарваронаю таърихсозона Пешвои миллатро метавон эҳёгар ва муҳофизи таърихи бостон ва ҳофизаи таърихии миллат номид. “Мо, тоҷикон,- таъкид менамоянд Пешвои муаззами миллат, - ҳеҷ гуна ниёзе ба таҳрифи огоҳонаи таърих, таърихсозӣ, бузургтарошӣ ва падидаҳои дигари ғайриилмӣ ва зиддиилмӣ надорем. Мо ончунон таърихи дурахшон дорем, ки, ҳатто, шинохти нисбии он муҷассамаи гӯё ва возеҳи мо хоҳад буд”.
Насрулло УБАЙДУЛЛО,
директори Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш,
доктори илмҳои таърих, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2020 №: 221 Мутолиа карданд: 83