иҷтимоиёт
ВАҚТЕ РОҲБАР ПАДАРВОР ҒАМХОР АСТ...
Ҳар як духтар бояд баробари писарон таҳсил намояд, дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва соҳиби хушбахтии ояндаи хеш гардад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Маҳз ғамхорию ҳидоят ва дастгирии Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат аст, ки имрӯзҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тамоми шароитҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фароҳам омадаанд ва ҷалби бонувон ба мақомоти давлатӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат аст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки занону духтарон дар он шуғл наварзанд. Тавре дар Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, имрӯзҳо дар соҳаҳои маориф 73, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 ва фарҳанг 51 дарсад занону бонувон фаъолият менамоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои охир майли духтарон ба таҳсил ва гирифтани маълумоти олии касбӣ торафт меафзояд. Ҳоло қариб 150 ҳазор ҷавондухтар машғули омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар мебошанд. Аз оғози таъсиси Квотаи президентӣ то соли хониши 2019 - 2020 зиёда аз 11 000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардиданд. Илова бар ин, сафи духтарони тоҷик, ки дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба 12300 нафар расидааст. Воқеан ҳам, иқдом дар самти таъсиси Квотаи президентӣ арзандаи ситоиш ва қадрдонист. Зеро духтарони деҳоти дурдаст имкон пайдо карданд, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуда, дар беҳтарин шароит касб омӯзанд ва ба деҳоти худ баргашта, ба халқу Ватан хизмат намоянд. Додани Гранти президентӣ ба занони соҳибкор низ яке аз иқдомҳои судманди Ҳукумати мамлакат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фаъолияти соҳибкории занони тоҷикро боз ҳам беҳтару хубтар гардондааст. Ин аст, ки тайи чанд соли охир шумораи зиёди занону духтарон, хусусан занони хонашин, соҳиби касб ва ҷойи кор шуданд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2020 №: 221 Мутолиа карданд: 170