logo

иҷтимоиёт

КИТОБНОМАИ "ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН"

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузург ба сомон расондаанд.
Тамоми дастовардҳои даврони истиқлол аз мактаби пуршарафи давлатдории Президенти мамлакат, ки шомили ҳазорҳо саҳифаҳои корнамоӣ мебошанд, маншаъ гирифтаанд. Ин раванд муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангиро водор месозад, ки дар омӯзишу тарғиби корнамоиҳои наҷибонаи Пешвои миллат  саҳм гиранд.
Яке аз корҳои шоёни таҳсин, ки дар ин самт роҳандозӣ шудааст, таҳияи китобномаи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» мебошад. Китобномаи мазкур аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии библиографи шинохтаи кишвар Шарифҷон Комилзода таҳия шуда, дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расид.
Китобнома аз 8 ҷилд иборат буда, адабиёти ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекии дар солҳои 2012 - 2019 интишорёфтаро дар бар мегирад. Дар ҷилдҳои 1-ум то 6-ум адабиёти ба забони тоҷикӣ, дар ҷилди 7-ум адабиёти ба забонҳои русиву ӯзбекӣ ва дар ҷилди 8-ум адабиёти бадеии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашргардида тасвирнигорӣ шуда, дар маҷмӯъ 8 ҷилд дорои 16395 навиштаҷоти библиографӣ мебошад.
Ҷилдҳои 1-ум то 7-уми китобномаи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» тибқи муқаррароти соҳаи китобноманигорӣ аз ду қисми асосӣ иборат буда, дар қисми аввал номгӯи асарҳо ва паёмҳову суханрониҳои Пешвои миллат оварда шуда, қисми дуюми он бошад, номгӯйи асару мақолаҳои марбут ба зиндагинома, фаъолияти Сарвари давлат ва номгӯйи мавод оид ба сафарҳо, вохӯрӣ ва мулоқотҳои Президентро фаро гирифтааст. 
Китобномаи мазкур аз лиҳози таҳия аз чанд ҷиҳат афзалият дорад. Аввалан, мураттиб дар китобнома унвони ҳамаи асарҳоро ба забони асл тибқи қоидаҳои нав тасвир намуда, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшударо аз рӯйи соли нашрашон зери як асар бо нишон додани манбаъҳои интишорӣ пешкаш намудааст. Дуюм, мундариҷаи асарҳои калонҳаҷм шарҳ дода шуда, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ мукаммал гардонда шудаанд. Сеюм, тасвири тақризҳои марбут ба китобҳо мувофиқи қоида дар зери ҳамон китобҳо ҷой дода шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома аз рӯи соли чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст.
Ба табъ расидани китобномаи  «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯи ҳаҷм, фарогирии мавод ва услуби китобноманигорӣ яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи китобдорӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад. Ҳанӯз 8 сол қабл аз ҷониби ходимони Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон китобномаи шарҳиҳолии  Президентии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нурсултан Абишевич Назарбаев» иборат аз 5 ҷилд ба забонҳои қазоқӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расида буд ва аз лиҳози ҳаҷм ва фарогирии мавод дар ҷойи аввал меистод.
Китобномаи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» аз ҷиҳати дарбаргирии навъҳои гуногуни мавод, батанзимдарорӣ ва услуби хостагириву ҷобаҷогузории он дастури мукаммал буда, намунаи беҳтарини феҳристи шарҳиҳолӣ дар библиографияи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, китобнома ба талаботи меъёрҳои китобнигории байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, барои рушди библиографияи тоҷик дар самти таҳияи дастурҳои гуногуни библиографӣ ва барои кормандони китобхонаҳо дар омоданамоии китобномаҳо заминаи мусоидат фароҳам меорад.
Аз китобномаи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» на танҳо олимону мутахассисон ва сиёсатмадорону коршиносони соҳаҳои гуногун, балки устодону донишҷӯён ва умуман тамоми хонандагон метавонанд васеъ истифода намоянд.

Гадобек МАҲМУДОВ,
муовини директори
Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2020    №: 221    Мутолиа карданд: 97
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед