logo

иҷтимоиёт

ГАНҶИНАИ МАЪНАВИИ ИНСОН

Китоб ҳамчун як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзгори инсон дар камолоти маънавии ӯ мақоми воло дорад. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ва қаноатмандӣ ин ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳ медоранд, то наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолот истифода баранд.
Давлати бузурги Сомониён бо китобхонаи машҳури худ - “Савонеҳ - ул - ҳикмат” (Ганҷинаи  ҳикмат)  машҳури замон гардида буд. Қалби кӯчаки ҷавони ҳушманди замон - Абуалӣ Синоро ин ганҷинаи ҳикмат ҷалб намуда буд.
Ба шарофати мутолиаи мақсадноки китоб шахс метавонад афкору андешаи парешони худро ба низом дарорад, фикр карданро ёд гирад ва донишу иттилооти худро васеу амиқ намояд. Аз ин ҷиҳат, китоб қутбнамоест, ки инсонҳоро ба роҳи рост, ба сӯйи маърифат ва ба соҳили мақсуд раҳнамоӣ мекунад.
Бузургтарин олимону донишмандон, қудрат ва тавоноии фикри инсонро баробар ба андозаи китоб хондани ӯ медонанд. Шоирону донишмандон китобро ситоиш кардаву онро «фурӯғи субҳи доноӣ», «роҳатафзои ҷону роҳати дил», «дӯсти содиқу бошараф», «хуршеди ҷаҳони маънавии аҳли башар» ва «калиди қулфи ҳар мушкил» номидаанд.
Дар ҷомеаи мо низ китоб мақоми арзанда дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суҳбату вохӯриҳои хеш бо салоҳият ва масъулияти бузурги давлатдорӣ ва оянданигарии ба худ хос масъалаҳои муҳими имрӯзу ояндаи кишварро ба маълумоти сокинон мерасонанд.
Пешвои миллат ба масъалаҳои китоб хондан ва дониш андӯхтан таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дур шудан аз китобхониро яке аз масъалаҳои нигаронкунанда қайд карданд. Воқеан ҳам, муносибати ҳадафнок ба китоб ва огоҳ будан аз андешаҳои бузургони илму адаб яке аз хусусиятҳои миллати соҳибтамаддун мебошад. Имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки қишри таълимгирандаи мо аз китобхонӣ дур шудаанд ва вақти зиёди худро ба интернет сарф мекунанд. Албатта, интернет низ як воситаи иттилоъҷамъкунист, вале ҳеҷ гоҳ ҷои китобро намегирад.
Имрӯз ҳам китоб шиносномаи шоистаи миллати мост. Таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба китобхонӣ ва гузарондани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҷалби доираи васеи ҷомеа идомаи фармудаҳои хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Махсусан, дар шароити муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба китоб зарур ва ҳатмист. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат масъалаи мазкурро ба миён гузошта, таъкид намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ боиси рушди соҳаи китобу китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва чандин китобхонаҳои кишвар дар таърихи халқу миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбанд.
Ҷавҳари ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар масъалаи омӯхтани илм – баланд бардоштани маърифатнокии мардум ва рушди маърифати миллӣ ташкил медиҳад. Ба тарзи дигар гӯем, танҳо дониш метавонад монеаҳои пешомадаро батараф намуда, роҳкушои фардои ободи кишвари азизамон гардад.

Лутфуллоҳ ШАРИФЗОДА, мудири кафедраи
забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2020    №: 222    Мутолиа карданд: 122
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед