иҷтимоиёт
АСОИ РОҲИ ХУД ЧУН ХОМА БОЯД ШУД
Яке аз падидаҳои номатлуби ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм мебошад, ки ҷавононро бо ҳар гуна роҳу восита ва ваъдаҳои бардурӯғ ба худ ҷалб менамояд. Сомонаҳои аксари шабакаҳои иҷтимоӣ барои пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудаанд.
Пӯшида нест, ки терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули муборизаи сиёсӣ аст. Террористон бо истифода аз афкори тарсафкану даҳшатовар, бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ боиси бедор кардани тарсу ҳарос дар вуҷуди инсонҳо мебошанд. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона ноором кардани вазъи сиёсӣ, эҷоди бесарусомониҳо, коста намудани обрӯи давлат, ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва миёни қишрҳои ҷомеа шӯру ғавғо барпо кардан мебошад.
Ба ақидаи қисме аз олимону донишмандони соҳаи ҷомеашиносӣ пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфнок, пеш аз ҳама, ба ҷанбаъҳои иҷтимоии ҳаёти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагӣ дорад. Дар даҳсолаи охир садҳо ҳазор мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардидаву ҳазорҳо нафари дигар бар асари маъюбӣ аз фаъолияти меҳнатӣ бозмондаанд. Дар замони муосир сафи террористон аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд.
Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд, ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Дар ин давраи ҳассос, ки интихоботи Президенти кишвар баргузор гардид, мо зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшиш намудем, ки боиси пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб гардем.
Ба насли ҷавон тарзи ҳаёти солим ва бидуни ваҳшониятро ташвиқу тарғиб бояд намуд. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ мондан лозим аст, ки ба бачаҳо ба бекориву зоеъ гузаштани вақт фурсат намонад. Пас, барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуби зараровар - терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи мо, махсусан ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он истодагарӣ намоем. Сулҳу ваҳдати Тоҷикистонро, ки аҳамияти миллӣ ва ҳам байналмилалиро дорост ва аз ҷониби сиёсатмадорон, сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст, чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, дар ободии кишвар саҳмгузор бошем.
Аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд, вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он ки мардуми мо, хусусан ҷавонон, маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, дар маҷмӯъ, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем. Мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардондани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлатро гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.
Имрӯз ҳар як ҷавон ва фарди худогоҳ вазифадор аст, ки барои ояндаи кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда, ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамояд!
С. ТАИБОВ,
сардори шуъбаи иттилоот
ва робита бо ҷомеаи ДДТТ
ба номи Абуалӣ ибни Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.11.2020 №: 222 Мутолиа карданд: 126