logo

Хабарҳо

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябр шурӯъ гардида буд, пеш аз муҳлат иҷро шуд. Бо ин мақсад, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар фазои мутантан сурат гирифт.
Ба иттилои Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди пеш аз муҳлат иҷро шудани нақшаи даъват ба сафи Артиши миллӣ, комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили даъват ва комиссияҳои дахлдор дар минтақаҳо фаъолияти худро идома медиҳанд.
- Тадбирҳои хеле ҷиддӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар нуқтаҳои даъвати наваскарон андешида шуд. Дар шароити паҳн шудани пандемияи COVID-19 наваскарон дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳия ва вилоятҳо барои ошкор намудани мавҷудияти ин бемории сироятёбанда ду маротиба аз санҷиш гузаронда мешаванд. Илова бар ин, муошират байни волидон ва даъватшудагон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз сироятёбӣ маҳдуд шудааст, - иброз медорад сухангӯи Вазорати мудофиа.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар нахустин рӯзи ин маъракаи муҳими сиёсӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, нақшаро иҷро кард. Ҷавонони бонангу номуси вилоят бо эҳсоси масъулияти баланд дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, омодагии худро барои адои қарзи шаҳрвандӣ изҳор доштанд. Маҳз натиҷаи масъулиятшиносии ҷавонон буд, ки вилоят дар рӯзи аввали даъват  нақшаро барзиёд иҷро намуд.
Рӯзи 2 ноябр комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон низ аз иҷрои 100,1 дарсади нақша мужда дод. Ба иттилои Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Шаҳритус, Муъминобод, Балҷувон, Хуросон ва Темурмалик нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр пурра иҷро карданд. Айни замон наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим шуда, онҳое, ки аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамасола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Артиши миллӣ шаҳрвандони синни аз 18 то 27 - сола, ки ба таъхири муҳлати хизмат ё озод будан аз хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, даъват мешаванд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 888
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед