иҷтимоиёт
COVID - 19. ҲАМААШ ДАР ДАСТИ ХУДАМОН АСТ!
Имрӯз ҷаҳон бо як душман дар мубориза аст: коронавирус (Covid - 19) Sars – Cov - 2. Ин вируси сироятӣ солҳои пеш мувофиқи гуфтаҳои олимон бештар дар байни ҳайвонҳо ба қайд гирифта мешуд.
Баъди он ки одам низ гирифтори он гардид, сабабу натиҷа ва ояндаи он номаълум боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки дар ҳазорон лабораторияву бемористонҳо олимону табибони бешумор дар пайи ҷустани роҳи наҷотанд.
Мутобиқ ба таҳлил ва озмоишҳои гузарондашудаи табиби австралӣ Дебби Иглз, вируси Sars - Cov - 2 нисбат ба вируси зуком, дар муҳити атроф, дар ҳарорати 200 С ба муҳлати 28 рӯз худро фаъол нигоҳ медорад. Дар ҳарорати 30 - 400 С фаъолнокиаш паст мешавад. Дар ҳарорати паст фаъолнокиашро то 16 соат нигоҳ медорад. Дар дегу табақчаҳои эмалдор ва алюминӣ фаъолнокии вирус 6 - 76 рӯз нигоҳ дошта мешавад. Дар пӯсти бадан он муҳлати 6 - 7 соат фаъол мебошад.
Дар мавриди роҳҳои асосии пешгирӣ аз сироятёбӣ аксари шаҳрвандони мо маълумоти кофӣ доранд. Рафти пандемия нишон дода истодааст, ки аксарияти беморон, бахусус ҷавонон, бемориро бе нишонаҳои клиникӣ, таби баланд, дарди сар, гум шудани ҳисси бӯй ва маза мегузаронанд. Бинобар ин, дар мавриди риоя накардани талаботи пешгирӣ ба паҳн намудани беморӣ мусоидат мекунад. Аз кӯдакон ва ҷавонон дида, шахсони калонсол ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин (диабети қанд, бемории дил) ин бемориро вазнин мегузаронанд. Вақтҳои охир дар аксарияти беморон нишонаҳои клиникӣ: дарунравӣ ва дарди мушакҳо бармало дида мешавад.
Бар зами дастурҳои зикргардида ва навиштаҳои овезаҳои вижаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳар кас барои обутоб додани бадан ва мустаҳкам намудани масунияти бадан саъю кӯшиш намояд, ба манфиати кор аст. Варзиши сабук, пеш аз ҳама, ба оромиши асаб, баланд бардоштани қобилияти корӣ ва муътадил нигаҳ доштани ҳаракати хун дар узвҳо фоидабахш мебошад. Дар ин росто, истеъмоли хӯрокҳои серкалория, сервитамин ва меваю сабзавот муҳим арзёбӣ мешавад.
Пайдост, ки Тоҷикистон пур аз гиёҳҳои шифобахши табобатист. Истеъмоли гиёҳҳои шифобахш, ба монанди бобуна, турушак, чойкаҳак, сурхреша, равғани сиёҳдона, дар бардам нигоҳ доштани вуҷуди инсон ва баланд кардани масуният беҳтарин восита аст.
Абдулло ТӮРАЕВ, мудири бахши гигиенаи коммуналии МДСЭ, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.2020 №: 223 Мутолиа карданд: 61