иҷтимоиёт
ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ. БАРДОШТ АЗ РӮЗГОРИ СОҲИБ ТАБАРОВ, КИ ДАР БАРҚАРОРИИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ НАҚШИ МОНДАГОР ДОРАНД
Ин ҳақиқат ниёз ба ҳеҷ гуна исбот надорад, ки Соҳиб Табаров дар адабиётшиносии муосир, хоса танқиди адабӣ ва тарбияи мутахассисони соҳа, мавқеъву ҷойгоҳи хоси худро дошту ҳамчунон, дар ду аср: гузаштаву ҳозир нотакрор монд. Агарчи чандин сол ҷисман дар миёни мо нест, аммо бо фаъолияти густурдаву серпаҳлу ва асарҳои бунёдиву мондагораш ба некӣ ёд мешавад. Воқеан, ӯ тамоми ҳастии худро ба рушди соҳаи мазкур ва тарбияи дурусти шогирдон бахшид.
Мегуфт, ки нависанда бояд ҳамқадами замон бошад ва ҳам ояндаро бо чашми хирад бубинаду хонандаро дуруст роҳнамоӣ карда битавонад.
Мегуфт, ки зарур аст дастовардҳои даврро адиб сари вақт тасвир бикунаду барои пойдории миллат, давлат, забонаш хидмат бинамояд.
Бо таълиму тадриси шогирдон иктифо намекард, аз ҳамаи воситаҳои ахбори омма ба хотири рушду такомули адабиёти муосири тоҷик, боло бурдани ҷаҳонбиниву шинохти дурусти адабиёти ҷаҳонӣ, муаррифии шахсиятҳои барҷастаи фарҳанги миллӣ истифода мебурд.
Ӯ ба шогирдони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон нахустин шуда курси «Назарияи танқиди адабӣ»-ро, ки дар тамоми дунё набуд, гузашт. Ҳамзамон, барномаашро тартиб дод ва китобҳо таълиф намуд. Ҳамин тавр, ин олиму омӯзгору мураббӣ дар Тоҷикистон асосгузори илми назарияи танқиди адабӣ гардид.
Соҳиб Табаров, ҳамчунин, асосгузори илм ва мактаби матншиносӣ дар кишвар шуд.
Курси «Методи таҳлили асари бадеӣ»-ро низ бо таълифу нашри барномаву китоби таълимӣ асос гузошт. Муҳаққиқи барҷаста вақте бар асари мутолиаи адабиёти ҷаҳонӣ дарёфт, ки бештари мавзӯъҳо ва эҷоди нависандагони дунё ба ҳам монанданд, курси «Адабиётшиносии муқоисавӣ»-ро асос гузошт.
Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дар тавсифи ин адабиётшиноси барҷаста ҳанӯз наздики бист сол пеш навишта буд: «Вай дар арсаи адабиёт, умуман, дар доираи фарҳанги миллат низ пайгир, ҳақталош, нотарс ва яклухту якрӯй буд. Ва ҳаст...».
Ӯ ҳамчун мунаққиди асилу ростин эътироф гардид ва чун «Белинскийи тоҷик» пазируфта шуд.
13 сол пеш ба пурсиши ин ҷониб, ки кӣ мунаққид шуда метавонад ӯ чунин посухро гуфта буд: «Агар бепарда гӯям, танҳо одами боҷуръат мунаққид шуда метавонад. Дониши мунаққид бояд хеле комил бошад, ҳатто дар муқоиса бо шоиру нависандаву драматург ҳам ва соҳаҳои гуногуни адабиёту адабиётшиносиро хуб донад. Мунаққид бояд ҳеҷ гоҳ ба вазифаву зодгоҳу маҳали адиб аҳамият надиҳад. Танҳо ҳақиқат ва ҳақиқатро бигӯяд.
Соҳибмансабони адабиёти бадеӣ дар муқоиса бо шоирону носирон ба мунаққид ҳамчун ба шахси дуюмдараҷа назар мекунанд. Сухан дар бораи мунаққиди асил аст. Мунаққидони тамаллуқкор дар ҳама давру замон буданду мешаванд, ки рӯзгори хуш ба сар мебаранд ва обруву эътибори қалбакӣ, мавсимӣ пайдо мекунанд. Вале чунин мунаққидон мисли адибони вассоф обруву манзалати казоӣ надоранд».
Аз ин ки мунаққиди асил буд, ҳеҷ гоҳ пушаймон набуд, аммо изҳор медошт: «Лекин ранҷу азобе, ки дидааму дида истодаам, беҳисоб аст. Онро танҳо ман медонаму ҳамсараму Худо».
Бо ҳама дониши зиёду баланд, таълифи нашри асарҳои бунёдиву мондагор, тарбияи шогирдони зиёд, ки унвонҳои баланди илмиро сазовор гардиданд, барои пешрафти адабиёт хидмат мекарданду мекунанд, ӯ то ба охири умр доктори илм, профессор набуд.
Аз соли 1949 номзади илмҳои филология ва аз соли 1952 дотсенти (нахустин дотсент) кафедраи забону адабиёти Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд ва дар ин мақом ҳамчунон монд. Аз соли 1953, пеш аз ҳама, бо тавсияи устод Садриддин Айнӣ узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихобаш карданд. Ин ҳама дар сурате аст, ки бархе аз адабиётшиносони ҷаҳон бо эътирофи донишу асарҳои таълифкардаашон зимни таълифи номаҳояшону баромадҳояшон ба ӯ бо ифодаи «профессор Соҳиб Табаров» муроҷиат мекарданд.
Пас аз чанд рӯз ин устоди зиндаёд 96-сола мешавад. Баъди 4 сол ба синни 100 мерасад. Фикр мекунам, ки аз ҳоло барои таҷлили 100-солагияш бояд омодагӣ гирифт. Ба ин муносибат бо пешниҳоди яке аз асарҳояш ба ӯ унвони «доктори илмҳои филология» дода шавад. Дар асоси ба воя расондани шогирдонаш, ки имрӯз маъруфу маҳбубанду соҳиби унвонҳои баланди илмӣ, ба ӯ бояд унвони «профессорӣ»-ро (на «профессори фахрӣ») бидиҳанд.
Ба ӯ, инчунин, унвони «академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»-ро сазовор бидонанд.
Нашри тамоми китобҳои устодро ба нақша бидароранд.
Асарҳову фаъолияти меҳнативу эҷодии ӯ ба хотири шинохти дурусту бештараш ва тарбияи олимони оянда мавриди пажӯҳиш қарор бигиранд. Нашри асари библиографӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин олими асил низ зарур мебошад.
Ба номи устод Соҳиб Табаров барои донишҷӯёни соҳа стипендия (идрорпулӣ) таъсис дода шавад.
Кӯчаи «Бинокорон» - ро, ки устоди шодравон дар он мезист, ба номаш бигузоранд.
Бо иҷрои ин амалҳо, фикр мекунам, ки наслҳои оянда аз мо барои барқарории адолати таърихӣ, гиромидошти олиму мунаққиди асил, омӯзгори мушфиқу ғамхор, қаноатманд мегарданд ва ҳам рӯҳи ин устоди зиндаёд, бешак, шод мешавад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.2020 №: 223 Мутолиа карданд: 133