иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Омӯзгорӣ касби пуршараф аст. Аммо ҳаёт собит намуда, ки дар ин роҳ танҳо нафароне шарафманд мешаванд, ки аз дилу ҷон заҳмат мекашанд ва ба касбашон содиқанд. Ба шогирдон чун ба фарзанди хеш муносибат мекунанду нисбат ба ояндаашон бетафовут нестанд, аз комёбиашон меболанду дар нокомиашон ғусса мехӯранд.
Бале, рисолати омӯзгор маҳз ҳамин аст. Аммо ин рисолатро танҳо омӯзгори ҳақиқӣ метавонад анҷом бидиҳад. Қаҳрамони мо шодравон Файзиддин Нуралиев аз зумраи омӯзгороне буд, ки давоми фаъолияти меҳнатӣ ин вазифаи пурифтихорро бо сарбаландӣ ба анҷом расондаву аз худ номи нек боқӣ гузоштааст. Вақеан ҳам, аз фаъолияти корӣ ва рӯзгори ибратомӯзи ин омӯзгори зиндаёд хулосаи дигаре наметавон бардошт.
Ӯ соли 1935 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Падараш Нуралӣ Камолов, ки муборизи роҳи озодӣ ва ҳаёти нав буд, ҳамон сол аз дасти душманони ҳаракати аксулинқилобӣ кушта мешавад. Аммо ин озодихоҳиву озодандешӣ, интихоби ҳаёти нав ва ҳаракат ба сӯи фардои дурахшон дар фаъолияти писараш - Файзиддин Нуралиев идома меёбад. Маҳз ҳамин мақсад соли 1949 ӯро баъди хатми мактаби 7 - сола ба шаҳри Сталинобод (Душанбе) меорад. Дар интернати № 10 идомаи таҳсил намуда, пасон ба шуъбаи физикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шомил мешавад. Баъди хатм, тибқи роҳхати донишгоҳ барои кор ба мактаби ба номи В.И. Ленини ноҳия Данғара омада, ба шогирдон фанни физикаро меомӯзад.
Баъдан, дар мактабҳои № 4 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва № 56 – и ноҳия ба таълиму тарбияи шогирдон машғул буд. Кори таълим ва ҳам тарибияро саҳл намешумурд. Ба ҳар ду масъала ҳамеша ҷиддӣ муносибат дошту нисбат ба толибилмон сахтгир. Ба ин хотир, ҷиҳати дуруст ба камол расидану дониш андӯхтанашон талоши зиёд менамуд.
Ҳоло чанде аз шогирдонаш, ки бо роҳнамоии ӯ касби омӯзгориро пеша кардаанд, ба хотир меоранд, ки устодашон Файзиддин Нуралиев физикаро яке аз илмҳои асосӣ, дар самти фанҳои дақиқ мешумурд ва пайваста таъкид менамуд, ки асрори 80 дарсади ҳодисаҳои табиат маҳз тавассути қонуниятҳои он ошкор мегарданд. Ин андеша, ки то ҳол аҳамияти илмии худро гум накардааст, бори дигар касбияти баланди муаллим Нуралиевро собит менамояд. Шояд ҳамин буд, ки соли 1978 омӯзгорони ноҳия вакили Анҷумани сеюми умумииттифоқии омӯзгорон дар шаҳри Москва интихобаш намуданд ва ӯ аз минбари баланди ин анҷуман аз номи омӯзгорони ҷумҳурӣ сухан кард.
Давоми фаъолияти меҳнатӣ ба хотири хизматҳои арзандааш дар рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ба мукофотҳои давлатӣ сазовор гардидааст. Нишони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Грамотаи фахрии филиали сибирии Академияи фанҳои СССР, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.
Фарзона ФАЙЗАЛИЕВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.11.2020 №: 224 Мутолиа карданд: 143