logo

иҷтимоиёт

COVID – 19. ҲАНӮЗ ПО АЗ РИКОБ НАКАНДА

Ҳоло ҳам бемории сироятии коронавирус  дар олам доман паҳн кардан дорад. Барои дастболо шудан ба ин вирус дар кишвар Ситоди ҷумҳуриявӣ амал мекунад. Оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID – 19 дар шаҳру навоҳии кишвар чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидааст.
Бо назардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо ва бозорҳо, меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, кошонаҳои ҳусну сартарошхонаҳо ва ғайра, бо таъмини безараргардонии мунтазами ташкилоту муассисаҳо, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ фаъолияти густурда ба роҳ мондаанд.
Аммо эҳтиёт ва риояи қоидаҳои эпидемиологиро набояд сарфи назар намоем. Пайваста бикӯшем, то тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби шаҳрвандон бо назардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, пешгирии гаштугузори бениқоб дар кулли ҷойҳо ва бениқоб ворид шудан ба бозорҳоро таҳти назорат бигирем.
Ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи навбатӣ, сирояти пандемияи коронавирус фурӯшгоҳҳову бозорҳо, марказҳои хизматрасонӣ то оғози фаъолият корҳои безараргардониро бояд ба сомон расонанд.
Хушоянд аст, ки бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корҳои амалӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо риоя мегарданд. Истифодаи ҳароратсанҷи масофавӣ дар вурудгоҳҳои бозорҳо ва кулли нуқтаҳои хизматрасонӣ, пӯшидани ниқоб аз ҷониби соҳибкорони бозору нуқтаҳои савдо ва ғайра қобили қабул аст.
Аммо ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии сироятии коронавирус пайваста тадбирҳо бояд амалӣ намоем. Риояи бечунучарои қоидаҳои санитарию гигиениро дар ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ таъмин созем.
Боиси тазаккур аст, ки дар пойтахти мамлакат корҳои безараргардонӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва шаҳрдорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шасти  коронавирусро то ҳадди зарурӣ паст намояд. Аммо, ба ҳар сурат фаромӯш набояд сохт, ки ҳанӯз ҳам COVID – 19, ба қавле по аз рикоб канданӣ нест. Барои раҳоӣ аз ин вирус тамоми қоидаҳоро риоя намоем. Аз сокинони мамлакат танҳо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ мемонаду бас.

Парвизҷон САФАРОВ,
иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2020    №: 224    Мутолиа карданд: 51
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед