logo

Хабарҳо

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

Кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб ҳифзи бозори истеъмолӣ, пешгирӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок, муҳлати истеъмолашон гузашта ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро, ки аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор мераванд, дар меҳвари фаъолият қарор додаанд.
Дар 9 моҳи соли равон якҷо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбута оид ба риояи  талаботи санитарию гигиенӣ дар бозорҳо, марказҳои савдо, анборҳои нигоҳдорӣ, ҳамчунин, дар соҳаҳои коммуналӣ, тандурустӣ ва маориф зиёда аз 120 санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷа камбудиҳои зиёд ошкор гардиданд.
Тавре санҷишҳо нишон доданд, на ҳамаи соҳибкорону фурӯшандаҳо барои дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ доштану бо сифати хуб ба дасти харидорон расондани маҳсулоти истеъмолӣ масъулият эҳсос мекунанд. Директори марказ Шаҳноза Наҷмиддинова ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки барои вайрон кардани талаботи қоидаю меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ 93 соҳибкору фурӯшанда, роҳбарони корхонаву идораҳо ва дигар шахсони мансабдор барои нигоҳдорию фурӯши маҳсулоти пастсифату муҳлати нигоҳдориаш гузашта, аз ҷумла гӯшт, тухм, маҳсулоти қаннодӣ, консерв ва нӯшокиҳои ташнагишикан, ба маблағи 18 ҳазору 686 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Барои риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ фаъолияти 6 нуқтаи фурӯши хӯрокворӣ ва ошхона то ба эътидол овардани вазъи санитарӣ муваққатан манъ карда шуд.
- Яке аз сабабҳои асосии риоя накардани талаботи санитарию гигиенӣ надоштани маълумоти кофии соҳавӣ ва роҳ ёфтани шахсони тасодуфӣ ба нуқтаҳои хӯроки умумӣ мебошад. Бештари фурӯшандагон оид ба оқибатҳои фурӯши маҳсулоти пастсифат ё муҳлаташон гузашта маълумоти кофӣ надоранд ё дидаву дониста онро дағалона вайрон мекунанд. Маҳсулоти ғизоие, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, на ҳамеша ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми харидани маводи озуқа аз нуқтаҳои савдо ба муҳлат ва сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд. Кормандони МНДСЭ-и шаҳри Кӯлоб ҳимояи саломатии шаҳрвандон ва ошкору аз муомилот гирифтани маҳсулоти пастсифати ғайристандартиро, ки барои саломатӣ хатарноканд, вазифаи аввалиндараҷаи хеш дониста, барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷаҳду талош менамоянд, - гуфт Шаҳноза Наҷмиддинова.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 257
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед