Хабарҳо
НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД
Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карда, ба хирмани мамлакат 18 250 тонна «тиллои сафед» супурданд.
Дар ин бора ба рӯзномаии «Ҷумҳурият» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, пахтакорони ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 8400 гектар пунбадона киштанд. Имсол нақшаи ҷамъоварии пахта дар ноҳия 18 200 тоннаро ташкил медод ва он 100,3 дарсад иҷро гардид.
Боиси тазаккур аст, ки қаблан шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Спитамен аз иҷрои нақша мужда расонданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1247