logo

иҷтимоиёт

ПАРЧАМ РАМЗИ ИТТИҲОДУ ЯКДИЛИСТ

Парчам  ҳамчун рамзи  худшиносӣ, худогоҳӣ, ягонагӣ  ва сарҷамъию пирӯзӣ   таърихи беш аз 3000 - сола дошта, аҳамияту моҳияти асосии он муттаҳид кардани мардум барои ба даст овардани ҳадафҳои ягона, ба мисли  озодӣ, ободӣ, истиқлолият  аст.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шуда, оммаро ба иттиҳоду ҳамдилӣ раҳнамун сохтаанд. Дар китоби муқаддаси «Авасто» дар бораи парчамҳои ниёгонамон, хосса парчамҳои Бохтари Қадим, маълумоти зиёд ба чашм мерасад.  Дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ низ дар бораи парчам (дирафш) маълумоти ҷолиб дода шудааст. Дирафши коваёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва давлати Эрон дар аҳди Кӯшониён ва Сосониён буд.
Агар ба таърихи халқамон назар андозем мебинем, ки миллати некноми тоҷик тайи садсолаҳо парчамҳои зиёде доштааст ва  вобаста ба ҳаводиси рӯзгору гирудори таърих ва шикастанҳову шукуфтанҳои миллат парчамҳо низ дигар шуданд. Чунончи бо таъсисёбии ҷумҳурии автономӣ ва баъдтар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924 ва 1929) ранги Парчами кишвар саропо сурх буд. Дар канори чапи парчам акси досу  болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, ба ҳам оед!” ҷой гирифта буд. Пас аз ин Парчами Тоҷикистон дар соли 1953 боз тағйир ёфт. Парчами нав аз боло то поён ранги сурх дошт ва дар миён ду хати нисбатан борику сафеду сабз, дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷой доштанд. Ин тарҳи охирини Парчами Тоҷикистони Шӯравӣ буд, ки то соли 1991 арзи ҳастӣ карда, ба ҳукми таърих ворид гашт.
Парчами даврони соҳибистиқлолии Ватан, ки ифодакунандаи орзуву ормонҳои ҳамаи мост, дар шароите қабул ва тасдиқ гардид, ки Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ нахустин қадамҳои худро мегузошту вазъ нотинҷ буд. Душманони дохиливу берунӣ ба ҳар роҳу восита оромии кишвари моро халалдор ва ба сари миллати мо ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро бор карданд. Дар чунин шароити ниҳоят душвор, Парчами давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ  қабул гашт, ки аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат буда, ҳар  кадом рамзу решаҳои қадимаи суннатии хоси худро доранд ва аз «Авасто»-и бузург сарчашма мегиранд. Дар замонҳои Зардушт ранги сурх ҳамчун рамзи рӯсурхиву сарбаландиву хушҳолӣ,  сафед - равшанӣ, покиву покизагиву покзодагӣ ва сабз – ҷавонӣ нигоҳ дошта мешуд, ки то ба имрӯз  мазмуну моҳияти худро нигоҳ дошта, тобишҳои нав касб карданд. Парчами миллат  дар муттаҳидгардонии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва қувваҳои солими амалкунанда нақши бузург  гузошт.
12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.
3 ноябри  соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардид.
30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 - метра парафшон гардид, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз доштанд: «Вақте ки  мо имрӯз – дар асри бисту як ба таърихи гузаштаи  халқамон назар   меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон  дар зери парчам саф кашида, барои  ҳимояи  марзу буми хеш чи ҷонбозиҳо кардаанд».
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, хосса Парчами давлатӣ, дар  Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 3 ба таври зайл дарҷ гардидааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».
Инак, 11 сол мешавад, ки 24 ноябр дар ҷумҳуриамон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи иқболу хушбахтӣ, иттиҳоду якдилӣ, озодиву соҳибистиқлолӣ, нангу номус, ватандориву ватанпарастӣ  ва хушрӯзиву пирӯзист, бо ифтихору эҳтироми сазовор таҷлил мегардад. Зери парчами парафшони Ватан ҷавонони саодатманд - ҳомиёни марзу буми кишвар, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони касбу кори гуногун ба Ватан - Модар савганди садоқат ёд мекунанд, навхонадорон маросими ақди никоҳ анҷом медиҳанд, мактабиён дарси далериву мардонагӣ меомӯзанд. Бо ба даст овардани дастовардҳои шоён аз ҷониби варзишгарон дар мусобиқоти гуногун Парчами давлатии кишварамон  барафрохта мешавад.
Дар Тоҷикистони азизи мо, ки кулли шаҳрвандонаш бофарҳангу бомаърифатанд, ба рамзҳои давлатӣ, хосса Парчами давлатӣ,  эҳтироми самимӣ зоҳир мегардад. Мо ба Парчами давлатиамон, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидиву ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва рӯҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат ҳамаи  моро  зарур аст,  ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватанамонро ҳифз намоем, дар ободонии он  саҳм бигирем, парчамбардорони миллатамон бошем.

Файзулло  НАҶМИДДИНИЁН,
Ғиёсиддин ШАРИФЗОДА,  
вакилони   Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2020    №: 225    Мутолиа карданд: 188
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед