logo

иҷтимоиёт

ҚОТИЛОНИ НАҲЗАТӢ Ё АБДУЛЛО МУҚАРРАБИРО КӢ КУШТ?

Имрӯз яке аз хатарҳои ҷиддии сайёра терроризми байналмилалӣ буда, фаъолияти он ҳамеша ба ҳадафҳое чун харобкорӣ, қатлу куштор, зӯроварӣ ба хотири тағйирдиҳии шаклҳои идоракунии давлатӣ, сохти конститутсионӣ ва барҳам задани фаъолияти сохторҳои давлатӣ равона гардидааст. Доираҳои таҳлилӣ ба ин назаранд, ки то замоне ин зуҳуроти номатлуб аз байн бурда нашавад, дар ҳеҷ як гӯшаи ҷаҳон одамон худро осуда эҳсос карда наметавонанд. Зеро аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар сурат инсон ҳастанду дар куштору ғоратгарӣ ба ҳеҷ ваҷҳ раҳм надоранд.
Мутаассифона, яке аз шохаҳои терроризми байналмилалӣ - ТТЭ ҲНИ аз солҳои навадум сар карда, то мамнӯъ эълон шуданаш дар  Тоҷикистон фаъолияти тахриботӣ бурда, бо аланга додани оташи ҷанги шаҳрвандӣ боиси фавти бештар аз саду панҷоҳ ҳазор одамон шудааст. Ҷиноятҳои ин ташкилоти хунхор беҳисобанд. Аммо яке аз ваҳшониятҳои он куштору террори беҳтарин фарзандони тоҷик, олимону сиёсатмадорон ва шахсони маъруф, аз ҷумла хориҷиҳо мебошад. Роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ ҳамеша ашхоси саршинос ва чеҳраҳои огоҳу бедорро ваҳшиёна ба қатл мерасонданд, ки таърих онро фаромӯш нахоҳад кард. Аз ҷумла, 24 сентябри соли 1999 аъзои ТТЭ ҲНИ Ф. Комилов, Т. Миров ва М. Нарзуллоев бо супориши роҳбари ин ташкилот ва маслиҳати пешакӣ ба манзили зисти сарвари ҷараёни динии «Баҳоия» дар Тоҷикистон - Абдулло Муқаррабӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе ворид гардида, ӯро аввал лату кӯб менамоянд ва дастонашро бо  сим  баста,  бо истифода аз силоҳи оташфишон ваҳшиёна ба қатл мерасонанд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, баъди эълон гардидани сиёсати дарҳои боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик дар маърази иттилооти гуногун ва фарогири диниву мазҳабӣ қарор гирифт. Мардуме, ки шинохти зарурӣ аз дину мазҳаб надошт, мумкин буд ба ҳар самту равияе кашида шавад. Ин ҳама амалҳои душманона ва муқобили арзишҳои фарҳангию миллии тоҷикон дастуру фармонҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ буда, нишонаи бармалои душмании наҳзатиҳо бар миллату Ватани хеш аст.
Дар ин росто ёдовар шудан бамаврид аст, ки иҷрои барномаи маърифатӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат боис гардид, ки дар муддати кӯтоҳ мардуми тоҷик аз  маълумоти зарурӣ бархӯрдор шаванд ва дар гӯшаву канори кишвари азизамон аз шахсиятҳои барҷастаи олами ислом ва  дар бораи осори онҳо маълумот пайдо намоянд. Ин барнома бо ҳадафи ҳифзи ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, шинохти дурусти дину мазҳаб, ҳифзи дини ислом аз ҳар гуна фикру андешаҳои носолим, мубориза алайҳи тундгароӣ ва муаррифии амиқу воқеии дини мубини ислом буд.
Бо вуҷуди он, ки барои ҳифзи якпорчагӣ ва арҷ гузоштан бар фарҳанги динӣ, эътиқоду бовари мардуми кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри китобҳои бузургони динро, ки намояндагони миллати тоҷиканд, инчунин, тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикиро ба роҳ монда, шахсиятҳои барҷастаи дини ислом, аз ҷумла Имом Абуҳанифа, Имом Бухорӣ ва дигаронро муаррифӣ намуданд. Вале наҳзатиҳои террористу экстремист ин ҳамаро нодида гирифта, худро ҷойгузин ва намояндаи Худо муаррифӣ мекарданд. Бисёре аз шахистяҳои на танҳо илму дониш ва фарҳангу маърифат, чун М. Осимӣ, О. Латифӣ, Ю. Исҳоқӣ, С. Афардӣ, М. Шерализода, М. Олимпур, М. Назаршоев, А. Раҳимов, Ҳ. Ҳайдаршо ва дигарон, балки рӯҳониёни маъруфу саршиноси кишвар ва пайравону намояндагони дигар мазҳабҳои исломиро ваҳшиёна ва бераҳмона ба қатл расонданд. Яке аз кушторҳои даҳшатборе, ки террористони наҳзатӣ ба сомон расонданд, ин дар рӯзи равшан ва дар маркази пойтахт ба қатл расондани роҳбари зардуштиёни Тоҷикистон мебошад.
Аъзои гурӯҳи даҳшатафкану ваҳшатангези ТТЭ ҲНИ дар баробари қатлу куштори бераҳмонаи олимону аҳли зиёи кишвар нафаронеро несту нобуд мекарданд, ки дар дохили худи ислом барои рушду инкишоф ва пешрафти он саҳм гузоштан мехостанд. Тавре ки дар боло зикр кардем, яке аз чунин амалҳои даҳшатбор ва фалокатбори намояндагони ТТЭ ҲНИ ба қатл расондани роҳбари ҷараёни динии «Баҳоия» дар Тоҷикистон Абдулло Муқаррабӣ мебошад.
Бо куштани роҳбарони ҷараёни «Баҳоия» дар Тоҷикистон роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ ба мардуми кишвар нишон доданӣ буданд, ки эшон ҳеҷ гуна афкору андешаи дигар ва ё ҷадидро қабул надоранд. Ин аст амали дасти раҳбару аъзои ТТЭ ҲНИ. Бинобар ин, муқовимат бар терроризм, аз ҷумла ба тамоми аъзо, пайравон ва мубаллиғони ТТЭ ҲНИ, яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Зеро Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти марговар пуштибонӣ менамояд.

Кайхусрави СУБҲОНЗОД, ходими илмии АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.11.2020    №: 225    Мутолиа карданд: 200
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед