logo

иҷтимоиёт

ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ ЭҲТИРОМИ МАНУ МОСТ

Вақте мо дар фазои амну осоиш Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн мегирем ва онро бо ифтихор болои сар мебардорем, хотироти ҳар нафар ба таърихи парчамдорӣ, бахусус лаҳзаҳои қабули Парчами давлати соҳибистиқлоламон меравад, ки дар айёми нобасомониҳо иттифоқ афтода буд. Агар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қабули қарорҳои санҷидашудааш дар таърихи давлатдории мо нақши сарнавиштсоз дорад, тасдиқ ва қабули Парчами давлатӣ дар ин анҷумани саодатофар аҳамияти таърихии онро боз ҳам меафзояд.
Воқеан, қабули Парчами давлатӣ дар моҳи ноябри соли 1992, ки дар доираи иқдомоти саодатбахши Раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ (Сарвари давлат) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад, як навъ паёми  неки  расидан  ба  марзи  сулҳу  ваҳдат ва  заминаҳо  барои хатми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд.  Дар  марҳилаҳои  баъдӣ  чунин ҳам шуд ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо  ҳидояти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Парчами давлатӣ бо эҳсоси саршори муҳаббат ба марзу буми хеш тавонистанд, кишвари соҳибистиқлоли худро аз вартаи низоъ наҷот бахшанд.
Пешвои муаззами миллат, дар мавриди ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ таъкид медоранд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Ин таъкид ё изҳори назари Сарвари давлат, ҳар як фарди ҷомеаро уҳдадор менамояд, ки бо эҳсоси волои худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба Парчами давлатӣ эҳтироми доимӣ дошта бошад. Зеро донистани қадру манзалати рамзҳои давлатӣ, ки парчам яке аз онҳост, маънои гиромӣ доштани ин сарзамин, гузаштаи таърихии он ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси Истиқлолияти давлатиро дорад.
Бояд гуфт, ки Президенти маҳбуби кишвар дар баробари саҳми боризашон дар таҳия ва қабули парчам, ҳамчунин, муаллифи ҷашн - Рӯзи Парчами давлатӣ мебошанд, ки аз нигоҳи идеологиву маърифатӣ  аҳамияти  калон дорад. Сарвари давлат ҳанӯз   5 ноябри соли 2009, зимни суханронӣ ба  ифтихори Ҷашни 15 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Ба наздикӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ ба парламенти мамлакат лоиҳаи қонунро «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ирсол карда, пешниҳод намудам, ки рӯзи қабул карда шудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 24 ноябр рӯзи ид эълон карда шавад».
Ин ташаббуси Пешвои муаззами миллат амалӣ гардида, Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри ҳамон сол бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол шуд. Ба ин тартиб, ҳар сол Рӯзи Парчами давлатӣ дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавӣ ва муҳимтар аз ҳама дар фазои сулҳу суботи комил сурат гирифта, моро ба шинохти ҳувияти миллӣ ва ҳифзи муқаддасоти давлатӣ даъват месозад.
 
Иноятулло ҒУЛОМЗОДА,
раиси суди ноҳияи
Кӯҳистони Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2020    №: 226    Мутолиа карданд: 94
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед