logo

иҷтимоиёт

ДИРАФШ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРӢ

- Ман бисёр орзу доштам, ки дар зери ин Парчам имрӯз ҳамаи моён як шуда, ба гузашта салавот гӯем. Дасти якдигарро фишурда, боз муайян кунем, ки давлати тоҷик ҳаст, миллати тоҷик ҳаст ва мемонад. Бори дигар исбот мекунад дар тамоми ҷаҳон, ки онҳо нангу номуси миллати тоҷикро доранд ва модари ҳамаи онҳо Ватани тоҷикон аст.
Ин иқтибосест аз суханронии таъсирбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 24 ноябри соли 1992 дар рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб дар ҷараёни Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ироа шуда буд. Он аз ҷониби вакилони мардумӣ, қумандонҳои саҳроие, ки дар он рӯз зери Парчами навқабулшуда ҷамъ омада буданд ва сокинони кишвар хуш пазироӣ гардид. Воқеан, дар он даврони вазнини таърихӣ ин нидои муттаҳидкунанда барои мардуми Тоҷикистон амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт, зеро халқи парокандаи мамлакат ба сарҷамъию ваҳдати миллӣ ниёз дошт. Бешубҳа, парчам худ рамзи муттаҳидист. Агар ба саҳфаҳои таърих назар афканем, мебинем, ки аҷдоди миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти дирафш садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, аз Ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама, аз марзу буми поки падарони худ ҳимоят кардаанд. Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби парчами миллӣ, ки рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр аст, гардид.
Беш аз 10 сол аст, ки халқи барӯманди Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бо тантанаи хос ҷашн мегиранд. Ин муқаддасоти миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатӣ буда, санаи қабули он ҳамчун ҷашни миллӣ бори нахуст 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид, ки мӯҷиби ифтихору сарфарозист.
Воқеан, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанзамири ин Ватани биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, алалхусус Парчами давлатӣ, эҳтироми зиёд дошта бошанд.
Ба ин маънӣ таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.

Саидумар МАҶИДЗОДА,
ҳуқуқшиноси дастгоҳи
раиси ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2020    №: 226    Мутолиа карданд: 55
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед