иҷтимоиёт
РАМЗЕ, КИ ҒУРУРИ МИЛЛИРО КАМОЛ МЕДИҲАД
Ҳар сол 24 ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо чун дигар иду ҷашнҳои миллӣ Рӯзи Парчами давлатӣ низ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ таҷлил мегардад. Дар фазои идона ҷашн гирифтани сана бори дигар моро ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва гиромӣ доштани Парчами давлатӣ, ки рамзи ифтихор аз давлату давлатдорист, даъват менамояд.
Тавре сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, қавмҳои ориёӣ, ки мо дар меҳвари ин тамаддуни оламгир қарор дорем, аз давраҳои қадимтарин ба парчам эҳтироми бузург доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ, аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва дигар аломатҳои ифодакунандаи соҳибихтиёрии давлату давлатдориро инъикос намудаанд. Тавре маълум аст, таърихи парчамдории мо аз замони Куруши Кабир оғоз гардида, маъмултарини он парчами Коваи оҳангар буд, ки дар таърих бо номи Дирафши Коваёнӣ ёд мешавад.
Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ ва мубориза барои озодию истиқлолият шинохта мешавад. Мувофиқи далелҳои муътамади илмӣ Дирафши Коваёнӣ муддатҳои тӯлоние барои халқи сарбаланди мо ҳамин арзишҳоро ифода намуда, боиси ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст.
Агар ба таърихи як садсолаи пеш рӯ оварем, Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ низ соли 1924 парчами худро дошт, ки он сурхи якранг буда, дар канори чапи он акси досу болға, ситора ва пахта ҷой дошт. Баъдан, дар соли 1953 Парчами Тоҷикистон дигаргун гардида, сохтораш қисман содатар гардид, яъне аз боло ба поён ранги сурх, дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷой дошт, ки чунин тарҳ то соли 1991 мавҷуд буд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 - уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шуда, рахи боло ранги сурх дорад ва паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ яку ним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга ва дар рӯйи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тасдиқшуда, ба болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Дар Парчами давлатӣ ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси мо таҷассум гардидааст. Ин аст, ки баробари дидани Парчами давлатӣ дар нишасту чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, барафрохтани он ҳангоми пирӯзиҳои варзишӣ моро эҳсоси ватандориву ғурури миллӣ фаро мегирад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ бояд дар замири ҳар соҳибватан ҷойгоҳи шоиста дошта бошад. Зеро таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ низ ҳамин ҳадафҳо, яъне баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва эҳтиром варзидан ба арзишу муқаддасоти миллист.
Хуршед ГАДОЕВ,
донишҷӯи Академияи
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2020 №: 226 Мутолиа карданд: 58