иҷтимоиёт
ФАРЗАНД. АГАР МЕХОҲЕМ, КИ ОЯНДА ДУРАХШОН БОШАД...
Барҳақ, тавре аз адабиётҳои илмию фарҳангӣ ва таърихӣ бармеояд, ояндаи дурахшон ва соҳибтамаддуни давлат ва миллати куҳанбунёди мо ба тарбияи дурусти насли наврас зич алоқаманд аст. Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила аз нигоҳи қонун ва маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила ва тарбияи фарзандон бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Рӯйи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2 августи соли 2011), ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии тоҷикон асос ёфта, аз ҳуқуқҳои табиии инсон сарчашма гирифтааст, ба зиндагии мардум созгор мебошад. Тавассути қонуни мазкур ва дигар қонунҳои амалкунанда давлат ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд.
Мушоҳидаҳои чанд соли ахир нишон медиҳанд, ки ин қонун дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонон мусоидат намуда, робита ва ҳамкории падару модарро бо мактаб зич намуд. Пеш аз ҳама, он масъулияти падарону модаронро дар тарбияи дурусти фарзандон бештар кард.
Мақсади асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, пойдории оила мебошад. Қабули чунин як санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ буд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак» (20 ноябри соли 1989) ҳамроҳ шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ пазируфта шудааст, ҳуқуқҳои асосии кӯдак ва уҳдадориҳои падару модар, давлат дар бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон зикр гардидаанд.
Бо вуҷуди натиҷаҳои мусбати қонун дар самти таълиму тарбия ва камолоти фарзандон, ҳолатҳое низ ба чашм мехӯранд, ки баъзе аз волидон дар тарбияи фарзандон то ҳол беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, ки бар зарари худи онҳост. Ин бепарвоии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандонашон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил шуда, даст ба ҷиноят мезананд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.
Аз ин рӯ, падарону модарон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа вазифаву уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони азизи мо саҳми созандаи худро гузорад. Вақте мо дар бораи ояндаи миллату Ватан ҳарф мезанем, бояд аз ҳамин лаҳзаҳо барои таълиму тарбияи насли наврас талош варзем ва, пеш аз ҳама, худамон барои онҳо намунаи ибрат бошем.
Гулрухсор НАЗАРОВА,
Роҳила ШУКРОНАЕВА,
омӯзгорони МТМУ № 51
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2020 №: 226 Мутолиа карданд: 56