иҷтимоиёт
ПАРЧАМ ВА ИСТИҚЛОЛ ДУ БОЛИ КАБӮТАРИ БАХТ
Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу мубориза баҳри ба даст овардани озодиву истиқлол ва нишони қудрату тавоноӣ арзёбӣ мешавад. Тасвири уқоб дар дирафши Куруши Кабир чун рамзи давлати неруманд ва дирафши Кова нишоне аз талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёгони мо баҳри озодист.
Пас аз барҳам хӯрдани давлати шӯравӣ 12 ноябри соли 1991 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эъломияи Истиқлолияти давлатӣ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди Миллӣ, тарҳи Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул карда, низомномаашро низ интишор дод.
Бо назардошти талаботи озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон аз 20 нафар таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он рассомон ва донишмандон шомил буданд. Дар натиҷа, ба кори комиссия зиёда аз 200 адад тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҷамъбасти озмун дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тасдиқ гардид.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуну моҳияти нав чун рамзи Истиқлолияти давлатӣ дар марҳилае таҳия ва қабул шуд, ки кишварро оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Дар чунин раванди мураккабу ҳассос ин муқаддасотро роҳбари тозаинтихоби кишвар бӯсида, ба дидаҳояш молид ва дар роҳи давлатдорӣ қадамҳои нахустинро гузошт.
Рангҳои Парчами давлатии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсист. Дар атрофи рангҳои парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи XVI баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами давлатӣ дар шакли имрӯзаи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид.
24 ноябрро расман Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карданд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Омӯзишу шинохти таърихии Парчами давлатӣ василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани рӯҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз кардаанд.
Т. РАҲИМОВ, Б. МАҶИДОВА,
устодони кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2020 №: 226 Мутолиа карданд: 57