иҷтимоиёт
АЗ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ТО ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Ба шарофати истиқлоли Ватан барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам омад, ки таҳти Парчами давлати соҳибихтиёри худ тавассути саъю талоши пайгиронаву заҳмати бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намуда, кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди бемайлон ва устувори иқтисодӣ расонанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки халқи Тоҷикистон ба эъмори давлати навин шурӯъ намуданд, Парчами давлатӣ барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани сокинони кишвар нақши бағоят арзишманд бозид. Дар ин росто Пешвои миллат иброз медоранд: «Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад».
Имсол аз қабули Парчами давлатӣ 28 сол сипарӣ гардид, ки он имрӯз яке аз рамзҳои муҳими давлатдории муосири мо, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои халқи Тоҷикистон мебошад.
Тавре ҳамагон шоҳидем, имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии кишвар дар қатори иншооти гуногун майдонҳои зебою барҳавои Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд. Бешубҳа, ин раванд барои баланд бардоштани ҳувияту худшиносии миллии сокинон, аз ҷумла ҷавонон созгор мебошад.
Барои мо муҷиби ифтихор аст, ки Парчами давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами кишварҳои мухталифи дунё дар пештоқи созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад.
Дар ин росто, мо - кормандони мақомоти судӣ, дар роҳи иҷрои рисолати пуршарафи худ кӯшиш менамоем, ки татбиқи қонунҳо, амалӣ намудани амру фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати кишварро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, зери Парчами давлатӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои боадолати судиро қабул намоем. Ин амр моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассисаҳоро содиқона ва софдилона ҳимоя намоем.
Шарора ШЕРХОНЗОДА, судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2020 №: 226 Мутолиа карданд: 53